joomla
free templates joomla

Саҳми занони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рушди илм, дар давоми 25 соли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон академик, Муҳиба Яқубова ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шуъбаи илмҳои биология ва тиб

     Ба ҳамагон маълум аст, ки Истиқлолияти давлатӣ шараф, ифтихор ва сарбаландии ҳар як миллат аст.

     Аз ҳамин нуқтаи назар, Истиқлолияти давлатӣ дар назди мардуми тоҷик, аз ҷумла дар назди ҳар як фарди ҷомеа вазифаҳои муҳимеро гузошт, ки он ҳама пайки оѓози раванди созандагию бунёдкориҳо, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, амнияти давлату ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва пешравии илму маориф ва маданият мебошад.

     Бояд қайд кард, ки дар давоми 25 соли Истиқлолиятӣ давлатӣ Тоҷикистон новобаста ба мушкилоти зиёди сиёсию иқтисодӣ корҳои зиёди бунёдкорию созандагиро ба анҷом расонд.

    Яке аз ин гуна корҳо масъалаи мавқеи зан дар ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқҳои зан, баробарҳуқуқии занону мардон буд, ки дар атрофи он аз тариқи воситаҳои ахбори омма баҳсҳои зиёде доир мешуд. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» барои ҳалли ин масъалаҳо нақши ҳалкунанда бозид.

    Роҷеъ ба ин масъалаҳо Академияи илмҳои ҶТ низ барои амалӣ намудани нақшаҳои баёншуда корҳои зиёди илмию таҳқиқотӣ мебарад.

    Натиҷаи кори Академияи илмҳо маълум аст. Моҳияти асосии аз мавзуъҳои зерин иборат мебошанд:

        1. Равияҳое, ки дар АИ барои боз ҳам пурзӯр намудани баробарии гендерӣ равона шудаанд; 

        2. Дастовардҳое, ки Академияи илмҳо дар ин ҷода ба даст овардааст.

        3.   Вазифаҳое, ки минбаъд Академияи илмҳо барои амалӣ намудани сиёсати   Ҳукумат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мақоми зан дар нақша дорад.

         Бояд қайд намуд, ки ба мушкилоти иқтисодӣ нигоҳ накарда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи илмро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд. Фармон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» барои Академияи илмҳо бо вуҷуди мушкилоти иқтисодӣ масъалаи хеле муҳим ва саривақтӣ ба ҳисоб меравад. Зан-олимаҳо дар рушди илми тоҷик ҳамеша нақши бузург мебозиданд ва ҳоло занҳои зиёдеро номбар кардан мумкин аст, ки барои пешрафти илми тоҷик хизмат кардаанд ва имрӯз низ фаъолият мебаранд. Аммо ҳаминро қайд кардан лозим: дастовардҳое, ки имрӯз Академияи илмҳо ба онҳо ноил гардидааст, бе иштироки занон ѓайриимкон мебуд. Академия илмҳо дар ҷумҳурӣ ягона ташкилотест, ки дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла ҳам дар илмҳои дақиқ ва ҳам илмҳои гуманитарӣ корҳои зиёдеро анҷом медиҳад ва дар рафти ин фаъолият хизмати занон низ хеле назаррас аст.

    Вазифа ва мақсадхои асосии тадқиқҳои илмие, ки ба зан ва мақоми ӯ дар ҷомеа бахшида шудааст, пеш аз хама аз инҳо иборат мебошанд:

- баланд бардоштани мақоми зан дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодии чомеа;

- баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии занон;

- баланд бардоштани фаъолиятнокии занон ва ҷалб намудани онҳо ба корҳои роҳбарӣ ва ѓайра.

         Ин гуна амалиёт хеле бамавкеъ аст, зеро баъди пош хӯрдани  Иттиҳоди Шӯравӣ ва дар давраи ҷанги бародаркушӣ паст рафтани дараҷаи некӯаҳволии халқ, пайдо шудани як қатор мушкилоти иқтисодию ичтимоӣ сабабгори паст шудани сатҳи маърифатнокии занон гардида буд. Ҳанӯз ҳам сатҳи маърифатнокӣ ва майли занону духтарон ба илм чавобгӯи замони муосир нест ва ин хеле таҳдидовар аст. Зеро маҳз занон насли ояндаро тарбия менамоянд ва инкишофи насли солим ва маърифатпарвар ба фаъолияти онҳо вобастагии калон дорад.

    Хушбахтона сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз байн бурдани ин ҳама мушкилот равона шудааст. Ташкил намудани квотахо барои духтарони деҳот дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар   боиси он гардидааст, ки духтарони лаёқатманд хоҳиши дар аспирантура давом додани таҳсили худро доранд. Имрӯз сафи аспирантон аз ҷумлаи чунин духтарон зиёд шуда истодааст. Агар мо чанд соли охирро таҳлил намоем, назар ба солҳои 90-ум сафи духтарон дар аспирантура зиёд шудааст, масалан агар дар соли 2000 теъдоди онҳо 22 нафар бошад, соли 2015 ин щумора ба 287 нафар расидааст.

     Айни замон дар сафи аспирантон ва докторантон 106 нафар духтарон таҳсил менамоянд.

         Дар Академияи илмхо занон дар мақоми рохбарикунанда низ фаъолият мебаранд. 1 нафар зан узви Раёсати АИ ҶТ мебошад, ноиби президент – раиси Шуъбаи илмҳои биология ва тиб, 1-нафар директори Институт ва 2 нафар ҷонишини директор буда,  вазифаи котиби илмиро дар тамоми институтҳо занҳо иҷро мекунанд. Дар солҳои Истиқлолият 2 нафар зан –академик интихоб шуданд, ки ин дар таърихи Академия илмҳо бори аввал мебошад.   

    Дар соли хониши 2015-2016 дар шуъбаи рӯзонаи магистратураи Академияи илмҳои ҶТ дар 12 институти илмию тадқиқотӣ, 2 Маркази илмӣ ва кафедраи забонҳои хориҷӣ дар курсҳои 1-ум ва 2-юм 227 нафар магистрҳо аз рӯи 37 ихтисос таҳсил намуда истодаанд, ки аз ин 78 нафар ё 34, 4 фоизроро духтарон ташкил медиҳанд.

    Аз шумораи умумии кормандони Академияи илмҳои ҶТ 604 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки аз ҷумлаи онҳо 16 доктори илм, 93 номзади илм ва 145 нафар бе унвони илмӣ мебошанд.

         Дар зарфи 25 соли Истиқлолият зиёда аз 20 нафар зан рисолаи докторӣ ва зиёда 100 нафар соҳиби рисолаи номзадӣ  гардидаанд.

    Оид ба тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ дар муассисаҳои илмии АИ корҳои зиёде анҷом меёбанд. Тарбияи олимаҳои ҷавон аллакай аз аспирантура шуруъ мешавад. Барои рӯҳбаланд намудани духтарони лаёқатманд дар аспирантура стипендияҳои махсус пешбинӣ шудааст. Аспирантдухтарони академия бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои илмии худ дар кишварҳои дигар низ Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд. Олимаҳои академия дар ташкилу гузаронидани конференсияҳои илмию амалӣ, ки ба масоили гендерӣ бахшида шудааст, дар тамоми кишвар ва берун аз он фаъолият менамоянд. Олимаҳои мо дар экспертизаи таҳқиқҳои илмӣ ва барномаҳои давлатӣ бевосита саҳмгузор мебошанд. Олимаҳои мо кӯшиши зиёд мебаранд, ки берун аз Академияи илмҳо, дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ фаъолияти педагогӣ баранд. Барои баланд бардоштани маърифати занон хизмати онҳо назаррас аст.

    Илова ба ин дар тарбияи кадрҳои баландихтисос низ хизмати занҳои олимаи академия кам нест. Онҳо аз ташкилу фаъолияти шӯроҳои диссертатсионӣ сар карда, то роҳнамоии илмӣ ба аспирантон ва докторантон  фаъолият мебаранд.

    Дар нақшаҳои ояндаи Акакдемияи илмҳо оид ба амалӣ намудани сиёсати  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бораи баланд бардоштани фаъолияти занон ва ба илм боз ҳам бештар чалб намудани занону духтарон тадбирҳои зиёде андешида шуда истодааст.

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан