joomla
free templates joomla

ИФТИТОҲИ “МАРКАЗИ ИЛМӢ – ТАҲҚИҚОТИИ ЭКОЛОГӢ ВА МУҲИТИ ЗИСТИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ”

      29 – уми августи соли 2016 дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи “Маркази илмӣ – таҳқиқотии экологӣ ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ” баргузор шуд.

    Дар маросими ифтитоҳи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, аъзои Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, директорони муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати намояндагии Ҷумҳурии Халқии Хитой таҳти роҳбарии раиси Парламенти СУАР, олимон ва коршиносони Институти экология ва ҷуғрофияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой бо сарварии профессор Чен Ши, намояндагони ВАО иштирок намуданд.

 

      Президенти Академии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ва директори Институти экология ва ҷуғрофияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой, профессор Чен Ши ҳангоми ифтитоҳ намудани Маркази илмӣ меҳмонон ва иштирокчиёнро бо озмоишгоҳҳои ин Марказ ошно намуданд.

     Дар маросими ифтитоҳи Марказ директори Институти экологияи ва ҷуғрофияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой, профессор Чен Ши номаи табрикотии президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой, академик Бай Чунлиро дар иртибот бо ифтитоҳи Маркази илмӣ – таҳқиқотии экологӣ ва муҳити зизти Осиёи Марказӣ қироат намуд.

     Пас аз ифтитоҳи Марказ маҷлиси умумии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо шуд. Бо дар назардоштӣ хидматҳои беназири директори Институти экология ва ҷуғрофияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой, профессор Чен Ши дар рушди равобити илмии Тоҷикистону Чин дар маҷлиси умумии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро якдилона ба узви хориҷии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

 

     Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти  Осиёи Марказӣ нахустин муассисаи муштараки илмии Тоҷикистон ва Хитой ба ҳисоб рафта, дар асоси Созишномаи ҳамкории илмии байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки 13 сентябри соли 2014 ба имзо расидааст, таъсис дода шудааст.

Вазифаҳои асосии Марказ:

  • гузаронидани таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ;
  • коркарди мавзуъҳои илмӣ-амалии актуалӣ дар соҳаҳои экология ва муҳити зист, захираҳои табиӣ, кишоварзӣ;
  • омўзиши равандҳои тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба муҳити зист, гуногунии биологӣ ва экосистемаҳои табиӣ;
  • тақвият бахшидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи геология, аз ҷумла таъсиси лабораторияи усулҳои таҳлили физикӣ-химиявии ҷинсҳои кўҳӣ, минералҳо ва маъданҳо;
  • истифодаи васеи усулҳои муосири мушоҳидаҳои фосилавӣ аз кайҳон ва ГИС-технологияҳо дар таҳқиқотҳои илмӣ;
  • ворид кардани технологияҳои инноватсионӣ, воситаҳои  техникӣ ва таҷҳизотҳои илмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • амалӣ сохтани лоиҳаҳои пешрафтаи инноватсионӣ ва татбиқи натиҷаҳои онҳо дар истеҳсолот;
  • тайёр кардани кадрҳои илмии баландихтисос, баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони илмӣ, магистрҳо, аспирантҳо ва докторантҳо бо роҳи фаъолгардонии иштироки онҳо дар коркарди лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва инноватсионии муштарак.

СОХТОРИ МАРКАЗ

  • лабораторияи экология ва муҳити зист
  • лабораторияи геология ва усулҳои таҳлили физикӣ-химиявии намунаҳои геологӣ
  • лабораторияи зондкунии фосилавӣ
  • шабакаи пойгоҳҳои автоматикии метеорологӣ
  • маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ
  • ҳуҷраҳои таълимӣ ва корӣ барои кормандони илмӣ, магистрҳо ва докторантҳо
  • маҷлисгоҳ

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан