joomla
free templates joomla

Конференсияи илмии ҷумҳуриявии «Ҳолати захираҳои биологии минтақаҳои кӯҳӣ вобастаба тағйирёбии иқлим»

 (ш. Хоруғ, 29-30 июли соли 2016) 

     29-30 июли соли  2016  дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  аз ҷониби Шуъбаи илмҳои биология ва тибби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти  биологии Помир ба номи Х.Юсуфбекови АИ ҶТ дар доираи иҷрои нақшаи  баргузории машваратҳои  илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 1 марти  соли 2016, № 99 тасдиқ гардидааст, Конференсияи илмии ҷумҳуриявии «Ҳолати захираҳои биологии минтақаҳои кӯҳӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим» баргузор гардид.

     Конференсия ба се санаи муҳими таърихӣ - 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 75-солагии  Боғи ботаникии Помир ва 100-солагии экспедитсияи  Н.И.Вавилов дар Помир бахшида шуд. Дар кори конференсия беш аз 200 нафар олимон ва коршиносон аз муассисаҳои илмии АИ ҶТ (Институти биологии Помир ба номи Х.Юсуфбеков, Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский, Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ, Маркази илмии Хатлон), Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олӣ (Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи  М.Назаршоев, Донишгоҳи  давлатии Хуҷанд ба номи  академик Б.Ғафуров, Донишгоҳи давлатии  Қурғонтеппа ба номи  Н.Хусрав, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Рӯдакӣ), ҳамчунин мутахассисони  Раёсати кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, намояндагони ташкилоти  байналхалқии «Фауна ва Флора Интернэшнл» ва Фонди Оғохон иштирок намуданд.

     Конференсияро  саркотиби илмии АИ ҶТ, доктори илмҳои биология Абдусаттор Саидов ифтитоҳ бахшид. Дар кори конференсия  Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед  суханронӣ намуда, ахамияти назариявӣ ва амалии муҳокимаи масъалаҳои таҳқиқи гуногунии биологӣ, экосистемаҳои табиӣ, захираҳои генетикӣ ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиии минтақаҳои кӯҳиро дар шароити тағйирёбандаи иқлим таъкид намуд. Дар ҷаласаи пленарии  конференсия  6 маърӯзаи  илмӣ ва дар 5 бахшҳои конференсия беш аз 50 гузоришҳои  илмӣ шунида  ва муҳокима  карда шуд. Мавзӯъҳои гузоришҳои илмӣ масъалаҳои муҳимтарини  биологияи назариявӣ ва амалӣ, аз ҷумла омӯзиши захираҳои генетикӣ, интродуксияи растаниҳо, гуногунии биологии  растаниҳо ва ҳайвонот, баҳогузории захираҳои биологӣ, истифодаи босамари захираҳои гиёҳҳои  шифобахш, идоракунии устувори чарогоҳҳо ва захираҳои  табииро фаро гирифтанд.

     Дар арафаи кори конференсия  маводи он дар ҳаҷми  10 ҷузъи  чопӣ дар  шакли маҷмуа нашр карда шуд, ки дар он 129 гузоришҳои илмӣ ворид гардидааст.

     Дар анҷоми кори конференсия иштирокчиён қарордоди конференсияро қабул намуданд, ки дар он тақвият бахшидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар соҳаи омӯзиши гуногунии биологӣ ва захираҳои биологии минтақаҳои  кӯҳӣ, нигоҳдории генофонди маҳаллии растаниҳо ва зироатҳои кишоварзӣ, муҳимияти хоса доштани омӯзиши  таъсири  тағйирёбии иқлим ба гуногунии биологӣ ва экосистемаҳои  табиӣ, ҷустуҷӯ ва интихоби навъҳои зироатҳои  кишоварзии ба шароити тағйирёбандаи  иқлим мутобиқ ва ғ. дарҷ карда шуд.

     Дар ҳошияи қарордод, иштирокчиёни конференсия  барои мусоидат  ва дастгирии  ҳаматарафа дар баргузории конференсия ба  Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти  давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  изҳори сипос  намуданд.

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан