joomla
free templates joomla

НИШАСТИ МАТБУОТИИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

     Имрӯз 14–уми июли соли 2016 нишасти матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Маркази матбуотии ҷумҳуриявӣ ташкилоти ҷамъиятии “Иттилоот ва муошират” баргузор гардид.

     Дар нишасти матбуотӣ президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, саркотиби илмии АИ ҶТ, ноибони президенти АИ ҶТ, директорон, ҷонишини директорон, котибони илмии муассисаҳои илмии АИ ҶТ ва ВАО-и ҷумҳурӣ иштирок карданд.

     Дар нишасти матбуотӣ президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилии АИ ҶТ дар нимсолаи якуми соли 2016 гузориши мухтасар манзур намуд.

     Ба саволҳои хабарнигорон оид ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти АИ ҶТ президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки даври заминларзаҳо 120-130 солро ташкил медиҳад ва дар ин миён такрори заминҷунбиҳои нисбатан шадид вуҷуд дорад. Ӯ гуфт, ки ба заминҷунбиҳои шадиди аввали асри 20, ки Тошканду Ашқободро хароб карда буданд, ки агар даври заминҷунбиро 120-130 сол ҳисоб кунем, эҳтимоли такрори заминҷунбиҳо вуҷуд дорад.

     Академик Фарҳод Раҳимӣ таъкид кард, ки пешгӯии заминҷунбиҳо барои як ё ду сол имкон надорад ва ҳамаи изҳоротҳо дар ин бора афсонае беш нестанд. Агар чунин имкон мебуд, хисороти моддию талафоти ҷонии зиёд ҷилавгирӣ мешуд. Дар маҷмуъ президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хотиррасон кард, ки замин ҳамеша дар ҷунбиш аст ва тайи 5 моҳи соли равон дар мамлакатамон 11 ҳазору 450 заминҷунбӣ ба қайд гирифта шудаанд.

     Дар нишасти матбуотӣ Фарҳод Раҳимӣ гуфт, лавозимоте, ки дар минтақаи Кангурттути ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ёфт шуданд, таърихи 4 ҳазорсола ё бештар аз онро доранд. Яъне тамаддуни шаҳрнишинӣ дар ин минтақа буд. Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд, ки бозёфтҳои Кангурттутро ба марказҳои омӯзишии байналмилалӣ аз ҷумла Лондон равон кардаанд.

     Қаблан Фарҳод Раҳимӣ гуфт, ки бозёфтҳо аз ду мавзеи Данғара ба Олмон низ барои баҳогузории илмӣ интиқол ёфта буданд. Натиҷаҳои ташхис аз Олмон нишон доданд, ки дар ҳақиқат ин бозёфтҳо хеле надир буда, аз ин пештар дар дигар бозёфтҳои тамаддуни Осиёи Марказӣ ба назар нарасидаанд.

     Фарҳод Раҳимӣ афзуд, ҳафриёти бостоншиносӣ на ба хотири чор ҳазорсола эълон намудани ноҳияи Данғара, балки ба хотири ба олам нишон додани тамаддуни бостонии тоҷикон, муаррифии арзишҳои миллӣ ва исбот кардани он далелҳо, ки аз ибтидо тоҷикон мардуми бумӣ ва маскуни ин сарзамин буданд, анҷом шудаанд.

     Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ зикр намуд, ки дар шаҳраки Саразми шаҳри Панҷакент ва Панҷакенти қадим, ки таърихи зиёда аз 5500 сола дорад, Мактаби олимони ҷавони бостоншиноси кишварҳои ИДМ аз 12-уми июл ба кори худ шуруъ намуд. Ба иттилои академик Фарҳод Раҳимӣ, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли сеом аст, ки Мактаби олимони ҷавони бостоншиноси кишварҳои ИДМ-ро баргузор менамояд ва олимони ҷавон аз тамоми кишварҳои ИДМ ба Тоҷикистон ташриф меоранд. Ин навбат олимони ҷавони ИДМ муддати 10 рӯз аз олимони тоҷик дар шаҳраки Саразми шаҳри Панҷакент ва Панҷакенти қадим таҷрибаи корӣ меомӯзанд.

     Дар нишасти хабарӣ ба саволҳои хабарнигорон директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АИ ҶТ, академик Улмас Мирсаидов, директори муассисаи давлатии “Хадамоти геофизикӣ”-и АИ ҶТ, академик Собит Неъматуллоев, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ, доктори илмҳои иқтисодӣ Лутфулло Саидмуродов ва дигарон посух доданд.

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан