joomla
free templates joomla

КИТОБИ НАВИ ОЛИМОНИ ТОҶИК ОИД БА АҲАМИЯТИ ТОПИНАМБУР

     Олимони Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – Партоев Қ., Ясинов Ш.М., Сайдалиев Н.Х. ба муносибати 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби навро таҳти унвони «Аҳамияти топинамбур дар таъмини озўқаворӣ ва сўзишворӣ дар Тоҷикистон» ба табъ расониданд. Китоб аз 167 саҳифа иборат буда, дар он маълумотҳои нави илмии олимони тоҷик оид ба аҳамияти зироати топинамбур, ки таи солҳои охир дар шароити Тоҷикистон гирд оварда шудаанд, дар 51 расм, 27 нақша ва 25 ҷадвал нишон дода шудаанд.

     Бояд қайд намуд, ки китоби мазкур бори аввал бо забони давлатӣ  бо шеваи осону оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

     Муаллифони китоб оид ба растании нодиру серҳосил, ки нақши он дар таъмини озўқаворӣ ва сўзишворӣ дар Тоҷикистон дар оянда ниҳоят калон хоҳад гашт – топинамбур (ноки заминӣ – Helianthus tuberosus l.) маълумотҳои заруриро ба хонандагон пешкаш намудаанд. Дар китоб маълумотҳои зарурӣ доир ба таърихи пайдоиши зироати топинамбур, тавсифи морфологии он, омилҳои асосии сабзиши он, талаботи ин зироат ба нуриҳои маъданӣ ва органикӣ, инчунин роҳҳои ба даст овардани ҳосили баланд, коркард ва истифодабарии маҳсулот аз топинамбур, ҳамчун маводҳои озўқаворӣ, сўзишворӣ, хўроки чорво, табобатӣ ва тозаи экологӣ тавсияҳои илмиро ба деҳқонон ва ин растании фоиданок пешкаш намудаанд.

     Муаллифони китоб инчунин чандин намуди ғизоҳо ва хўрокиҳоро, ки аз топинамбур тайёр карда мешаванд, дар китоб нишон додаанд. Махсусан, маълумот дар китоб гирдовардашуда, ки доир ба табобати касалиҳои қанд, қалб, меъда ва дигар узвҳои инсон, бо истифодабарии лўндаҳои ин растании табобатӣ нишон дода шудааст, хело муфид мебошанд.   

     Натиҷаҳои илмие, ки бо роҳи гузаронидани кишти омехтаи топинамбур, ҷуворимакка ва офтобпараст, ки боиси то ба 270 т/га расидани ҳосили баргу пояи сабзи зироатҳо, зиёд гаштани шири чорвои ширдеҳ аз истифодаи чунин маҳсулоти хўрокворӣ ва серҳосил будани навъи нави топинамбур - “Сарват” оварда шудаанд. Дар китоб омадааст, ки то кунун аз тарафи олимони тоҷик бештар аз 20 навъҳои серҳосили топинамбур гирд оварда шудаанд, ки онҳо дорои хусусиятҳои гуногунии биологӣ ва хоҷагӣ мебошанд.  

     Бояд қайд намуд, ки муҳаррири китоб ҷонишини директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технолгияҳои нави Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои кимиё, академик Ахмедов Ҳ.М. ва муқарризон ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (АИКТ), доктори илмҳои кишоварзӣ, академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (АИКТ) Ахмедов Т.А.; ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, Салимов А.Ф.; мушовири илмии ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (АИКТ) Сардоров М.Н. низ кушиш ба харҷ додаанд, ки китоб оммафаҳм ва бо шеваи осон баён иншо гардад. Аз маълумоту тавсияҳои илмии дар китоби мазкур оварда шуда, донишҷўёни мактабҳои олии кишвар, коллеҷҳо, кормандони пажуҳишгоҳҳои илмӣ – тадқиқотӣ, олимони соҳаи кишоварзӣ ва деҳқонон дар оянда метавонанд дар таҷрибаҳои илмию истеҳсолиашон истифода баранд, ки ин баҳри рушду нумўи ояндаи топинамбурпарварӣ дар Тоҷикистон аҳамияти хоса дорад.

         Китоб бо орзўҳои неки муаллифон ба ходимони илм, биологҳо, селексионерон, тухмипарварон, унвонҷўён, аспирантҳо, магистрҳо, донишҷўён, мутахассисони бахши кишоварзӣ ва деҳқонон бо камоли мамнуният пешкаш мегардад.          

      

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан