joomla
free templates joomla

Пресс-релиз оид ба сафари расмии намояндагони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Халқии Чин (7-10 марти соли 2016)

     Аз 7 то 9 марти соли 2016 намояндагони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ва директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикмат Муминов бо сафари хизматӣ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Чин қарор доштанд.

     Дар рафти  сафар ҳайати намояндагӣ дар Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Халқии Чин, Академияи илмҳои табиатшиносии Чин, Академияи илмҳои гуманитарии Чин, Ширкати миллии ҳастаии Чин, ҳамчунин институтҳои зертобеъ – Институти физика (Озмоишгоҳи миллии физикаи муҳитҳои конденсии Пекин) ва Институти физикаи энергияҳои баланди Академияи илмҳои табиатшиносии Чин вохӯриҳои судманд анҷом доданд.

     Тарафҳо оид ба ҷараёни рушди ҳамкориҳо дар соҳаи илм ва технология, ки дар Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва технология (соли 1993) ва Созишномаи ҳамкорӣ байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои табиатшиносии Чин (соли 2014) пешбинӣ гардидаанд, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

     Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати назорат ба рафти амалишавии созишномаҳои басташуда, иҷрои лоиҳаҳои муштарак ва коркарди самтҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва технология гурӯҳи кории доимоамалкунанда  таъсис диҳанд.

     Тарафҳо ба таҳкими ҳамкории стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Чин дар соҳаи илм, технология ва маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, роҳҳои ҳамкории минбаъдаро дар чаҳорчӯбаи минтақаи иқтисодии Роҳи Бузурги Абрешим муайян карданд.

     10 марти соли 2016 ҳайати намояндагӣ барои идомаи гуфтугузорҳо бо воҳидҳои дахлдори Вазорати илм ва технологияҳои Ҷумҳурии Халқии Чин ва Академияи илмҳои табиатшиносии Чин ба шаҳри Урумчӣ сафар намуд.

 

Хадамоти матбуотии

  Академияи илмҳои

 Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан