joomla
free templates joomla

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАРОН ДАР АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО

    7-уми марти соли 2016 дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи модарон бо иштироки аъзои Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони муассисаҳои илмӣ, бонувон ва олимаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

    Дар оғози маҷлиси тантанавӣ ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Кароматулло Олимов ҳозирин ва дар шахси онҳо тамоми бонувони Академияи илмҳоро ба Рӯзи модарон табрику таҳният намуданд.

    Сипас, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ, доктори илмҳои фалсафа Абдураҳмон Маҳмадов, шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, доктори илмҳои филология Алӣ Муҳаммади Хуросонӣ ва ноиби президенти АИ ҶТ, академик Муҳиба Якубова тамоми бонувони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Рӯзи модарон табрику шодбош намуда, саҳми арзандаи онҳоро дар рушди илми ватанӣ ва дастовардҳои муҳими илмӣ зикр карданд.

    Дар маҷлис 31 нафар бонунвони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо “Ифтихорномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуданд.

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан