joomla
free templates joomla

ВОХУРИИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН БО НОИБИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ҚИРҒИЗИСТОН

     4-уми марти соли 2016 дар Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ, саркотиби илмии АИ ҶТ Абдусаттор Саидов, ноибони АИ ҶТ Кароматулло Олимов, Муҳиба Яқубова, директори Институти математикаи АИ ҶТ Зарулло Раҳмонов, академики АИ ҶТ Мирган Шаҳбозов бо ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қирғизистон, академик Алтай Борубоев доир гардид.

    Дар вохури масъалаҳои ҳамкориҳои байни ду кишвар дар соҳаи илм баррасӣ шуданд. Ҳамчунин дар бораи Шӯроҳои дисертатсионии муштарак суханронӣ шуд. Айни ҳол байни давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон Шӯрои дисертатсионии байнидавлатӣ дар соҳаи экология фаъолият дошта, барои фаъолияти Шӯроҳои нави дисертатсионӣ  пешниҳодҳо манзур гардид.

    Дар охир ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қирғизистон созишномаи ҳамкориҳо ба имзо расида шавад. 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан