joomla
free templates joomla

Симпозиуми байналмилалии илмӣ бахшида ба иди Наврӯз

     Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил ва баргузории Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз (20-24 марти соли 2016) тасмим гирифтааст, ки рӯзи 19 марти соли 2016, соати 10:00 дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии илмӣ бахшида ба Наврӯз доир намояд.

     Дар Симпозиум меҳмонон аз кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, олимон ва адибону шоирони ҷумҳурӣ иштирок ва маърӯза менамоянд. Пешбинӣ гардидааст, ки кори Симпозиум дар баробари ҷаласаи ифтитоҳӣ (пленарӣ), ҳамчунин аз чаҳор бахш иборат хоҳад буд:

1. Масъалаҳои омӯзиш ва таҳқиқи таърих ва фалсафаи Наврӯз;

2. Суннатҳои фарҳангии Наврӯз ва аҳамияти онҳо дар ҷаҳони муосир;

3. Бозтоби масоили Наврӯз дар адабиёти ҷаҳонӣ;

4. Нақши “Роҳи абрешим” дар густариши Наврӯз.

Забонҳои кории Симпозиум тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошанд.

     Шахсоне, ки мехоҳанд дар Симпозиум маърӯза намоянд, матни электронии мақолаи худро аз рӯйи бахшҳои зикршуда тавассути почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ирсол намоянд.

     Мақолаҳо бояд дар ҳаҷми то 8 саҳифа (формати А-4) бо ҳуруфи Times New Roman TJ (андозаи ҳарф–14 ва фосилаи байни сатрҳо 1,5) пешниҳод карда шаванд.

     Муҳлати ниҳоии қабули мақолаҳо то 10-уми марти соли 2016.

     Рақами телефонҳо барои тамос: 92.704:09:08, 223:06:48.

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан