joomla
free templates joomla

ҶАЛАСАИ ВАСЕИ РАЁСАТИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-2016

      23 феврали соли 2016 ҷаласаи васеи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзои Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, директорон, муовинони директорон, котибони илмии муассисаҳои илмии АИ ҶТ доир гардид.

     Дар ҷаласа масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд:

-         “Оид ба натиҷаи арзёбии фаъолияти илмӣ ва илмӣ – ташкилии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон-гузориши раиси Комиссия, доктори илмҳои геология ва минерология, декани факултети геологияи ДМТ Ш.Ф.Валиев.

-         “Оид ба натиҷаи арзёбии фаъолияти илмӣ ва илмӣ–ташкилии Институти  иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ-гузориши раиси Комиссия, доктори илми иқтисод А.Ашӯров.

-         “Оид ба натиҷаи арзёбии фаъолияти Китобхонаи марказии илмии ба номи И. Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон-гузориши раиси Комиссия, Ш.Комилзода.

     Дар оғози кори Ҷаласа президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ҳозирин ва дар шахси онҳо тамоми кормандони Академияи илмҳоро ба Рӯзи Артиши милли Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, оид ба таърихи таъсиси Қувваҳои мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши имрӯзаи онҳо дар ҳимояи манфиатҳои давлатӣ ва ҳифзи буму марзи Тоҷикистон изҳори назар намуд.

     Сипас президенти АИ ҶТ ба 5 нафар ҷанговар-интернасионалистони Академияи илмҳо Ифтихорномаи Академияи илмҳо ва ба узви вобастаи Академияи илмҳо, доктори илми сотсиология Ш. Шоисматуллоев барои фаъолияти пурсамари илмӣ ва илмӣ – ташкилӣ ва ба муносибати 70 – солагии зодрӯзаш “Нишони фахри” – и Академияи илмҳоро тақдим намуд.

     Дар гузоришҳои раисони Комиссияи Ш.Ф.Валиев, А.Ашӯров ва Ш.Комилзода фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти  иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ ва Китобхонаи марказии илмии ба номи И. Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, дастовардҳои ин муассисаҳои илмӣ, камбудиҳои ҷойдошта ва пешниҳодҳо оид ба беҳдошти фаъолияти минбаъдаи онҳо мавриди арзёбӣ ҳамаҷониба қарор дода шуд.     

     Дар муҳокимарониҳо президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ, узви Раёсати АИ ҶТ, академик Т. Назаров, академики АИ ҶТ Р. К. Раҳимов, директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ Ю. Мамадҷонов, муовини директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ С. Умаров ва дигарон суханронӣ намуданд.

 

 

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан