МАҶЛИСИ СОЛОНАИ ҲИСОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ИЛМПЕШАГОН”–И ҲХДТ ДАР АИ ҶТ
8–уми феврали соли 2016 дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Илмпешагон”–и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.
Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Илмпешагон”–и ҲХДТ дар АИ ҶТ, президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ҳусни оғоз бахшида, дар бораи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.
Ӯ аз ҷумла таъкид намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ махсусан дар мавриди тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносии миллӣ, пешгирии онҳо аз пайвастан ба гуруҳҳои тундгаро ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳимояи дастовардҳои замони Истиқлолият, баланд бардоштани илму фарҳанги сиёсии ҷавонон, дастгирии соҳибкорони ҷумҳурӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дигар масоили марбут ба амният ва рушду тараққиёти кишвар андешаҳои судмандро иброз намуданд.
Дар Паёми Президенти кишвар паҳлуҳои гуногуни илму маорифи кишвар мавриди таҳлил қарор гирифт, ки ба рушди низоми таълиму тарбия, бахусус фанҳои дақиқ, технологияи иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ равона гардидааст.
Сипас ҳисоботи солонаи муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Илмпешагон”–и ҲХДТ дар АИ ҶТ Ширин Қурбонова оид ба фаъолияти ташкилот дар соли 2015 шунида шуд. Зикр карда шуд, ки дар давоми соли 2015 4 ҷаласаи ҳизбӣ доир гардид, ки дар он масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
- Таҳия ва тасдиқи нақшаи солонаи кори ташкилот.
- Баррасии мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Таҷлили чорабиниҳои муҳим бахшида ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, Наврӯзи аҷам, Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, 700-солагии зодрузи Мир-Саид Алии Ҳамадонӣ, 3000-солагии Ҳисори Шодмон ва ғайраҳо.
- Қабули аъзои ҲХДТ дар муассисаҳои илмии АИ ҶТ.
- Таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар муассисаҳои илмии АИ ҶТ.
- Иштирок дар маҷлисҳои солонаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар муассисаҳои илмии АИ ҶТ.
Дар ҳисобот қайд гардид, ки аз моҳи октябри соли 2015 то моҳи январи соли 2016 370 нафар кормандони Раёсат ва муассисаҳои илмии зертобеи АИ ҶТ ба сафи ҲХДТ шомил шуданд. Аз моҳи ноябри соли 2015 то моҳи январи соли 2016 дар институтҳое, ки дар назди АИ ҶТ мебошанд, ташкилотҳои ибтидои ҳизбӣ таъсис дода шуданд, аз ҷумла;
- Институти математика “Риёзӣ” (раисаш Раҳмонов Зарулло) 18.11.2015.
- Институти иқтисодиёт ва демография (раисаш Саидмуродов Лутфулло) 22.11.2015.
- Институти химия (раисаш Муҳиддинов Зайниддин) 10.12.2015.
- Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ “Муаррих” (раисаш Акрамов Зикриё) 12.12.2015.
- Институт зоология ва паразиталогия (раисаш Мирзораҳимов Акобир) 14.12.2015.
- Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи А.Рӯдакӣ (раисаш Раҳматуллозодаи Сахидод) 24.12.2015.
- Институти физикаву техникаи ба номи С.У.Умаров “Фотон” (раисаш Муминов Ҳикмат) 15.01.2016
- Китобхонаи илми ба номи Индира Гандии “Китобдор” АИ ҶТ (раисаш Аслиддинова А.А.) 18.01.2016.
- Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология (раисаш Лаблабунова Земфира) 18.01.2016.
Дар Ҷаласа президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ба 10 нафар корманди Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон билетҳои ҳизбиро супорид.
Дар Маҷлиси солона Ширин Қурбонова аз ҷониби аъзои ҳизб якдилона раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Илмпешагон”–и ҲХДТ дар АИ ҶТ ва Илҳоми Баҳром муовини раиси ташкилот интихоб гардиданд.