ИСТИҚБОЛ АЗ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Паёми навбатии “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр руҳбаландкунанда буда, дар маркази таваҷҷуҳи аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Илмпешагон” – и ҲХДТ дар АИ ҶТ қарор гирифт. Дар паём дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар риштаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳаматарафа таҳлил гардида, вазифаҳои ҳукумат ва ҷомеаи Соҳибистиқлоли кишвар дар вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза ва минтақа мушаххас гардидааст.
Дар Паём Пешвои миллат иброз намуд, ки саҳми олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешрафти илм назаррас мебошад. Вале бо назардошти супоришҳои Сарвари давлат олимони тоҷик бояд дастовардҳои худро бештар ба истеҳсолот вобаста намуда дар ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат саҳми арзанда гузоранд.
Кормандони кулли муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аъзои ҲХДТ Паёми Президенти кишварро гарму ҷӯшон истиқбол намуданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки зиёиён ва кулли мардуми Тоҷикистон ба сиёсати пайгирона ва оқилонаи Пешвои миллат бовар ва эътимод дошта, баҳри иҷрои вазифаҳои дар назди ҷомеа гузоштаи Сарвари давлат ҷаҳду талош менамоянд.
Ширин ҚУРБОНОВА,
муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии
“Илмпешагон” – и ҲХДТ дар АИ ҶТ