ҶАМЪОМАДИ ҲХДТ ДАР ИНСТИТУТИ МАСЪАЛАҲОИ ОБ ВА КИТОБХОНАИ МАРКАЗИИ ИЛМИИ БА НОМИ ИНДИРА ГАНДИИ АИ ҶТ
19-уми январи соли 2016 дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология ва Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии АИ ҶТ ҷаласаи ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи ҳизбӣ масъалаи таъсис додани ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар Институти масъалаҳои об гидроэнергетика ва экология ва Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии АИ ҶТ баррасӣ гардид.
Дар ҷамъомад роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Рӯзиева Ҳ.И., муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Илмпешагон”–и ҲХДТ дар АИ ҶТ Қурбонова Ш.И. ва аъзоёни дигари ҳизб иштирок доштанд.
Дар ҷаласа корманди Институти масъалаҳои об гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ Земфира Лаблабунова ва директори Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии АИ ҶТ Аслиддинова Алла Аммануловна раисони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва интихоб гардиданд.
Дар охири ҷамъомад иштирокчиёни ҷаласа қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат”-ро якдилона ҷонибдорӣ намуданд.