joomla
free templates joomla

НИШАСТИ ХАБАРИИ АИ ҶТ

    Имрӯз 14–уми январи соли 2016 нишасти матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

 Дар нишасти матбуотӣ президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, саркотиби илмии АИ ҶТ, ноибони президенти АИ ҶТ, директорон, ҷонишини директорон, котибони илмии муассисаҳои илмии АИ ҶТ ва ВАО-и ҷумҳурӣ иштирок карданд.

 Дар нишасти матбуотӣ президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ “Оид ба фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилии АИ ҶТ дар соли 2015” гузориши мухтасар манзур намуд.

     Ба саволҳои хабарнигорон оид ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти АИ ҶТ президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки таҳқиқотҳо илмӣ дар соҳаи математика дар сатҳи хело ҳам баланд ба роҳ монда шуда, доир ба физикаи ҳолати конденсӣ, оптика ва электроникаи квантӣ, акустика натиҷаҳои муҳим ба даст омаданд. Тавсияҳо доир ба амнияти ядроӣ ва радиатсионии ҷумҳурӣ коркард ва татбиқ шудааст. Дар соҳаи астрофизика бо истифода аз технологияҳои муосири компютерӣ мушоҳидаҳои метеорҳо, кометаҳо, астероидҳо ва пораҳои ҳамсафарҳои сунъии замин гузаронида шуданд. Олимони соҳаи химия натиҷаҳое ба даст оварданд, ки аз дастовардҳо дар рушди усулҳои синтези маҳсулот бо хосиятҳои муайян-моддаҳои таъйиноти биологӣ ва тиббӣ, ки барои ба вуҷуд овардани доруҳои нави табобатӣ аҳамияти калон доранд, шаҳодат медиҳанд. Олимони соҳаи геология дар таҳқиқи манбаъҳои маъданҳосилкунанда ва таъсири онҳо ба ташаккули конҳои бузурги маъданӣ, ки ба равандҳои мантийӣ алоқаманданд, маълумоти нав ба даст оварданд. Олимони соҳаи омӯзиши масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология таҳқиқи усулҳои ҳисобгирӣ ва мониторинги ҳаҷми муфиди оби обанбори Норак ва ба таври таъҷилӣ пешгӯӣ кардани ҷараёни солонаи оби дарёи Вахшро идома доданд.

    Дар нишасти матбултӣ қайд гардид, ки аз ҷониби олимони бостоншиноси Академияи илмҳо соли 2015 дар ду мавзеи ноҳияи Данғара, аз ҷумла дар Кангурттут ҳафриёти бостоншиносӣ гузаронида шуд ва дастовардҳои он барои ташхис ва баҳогузории илмӣ ба Олмон интиқол ёфт. Натиҷаҳои ташхис аз Олмон нишон доданд, ки дар ҳақиқат ин бозёфтҳо хеле надир буда, аз ин пештар дар дигар бозёфтҳои тамаддуни Осиёи Марказӣ ба назар нарасидаанд.

    Дар нишасти хабарӣ ба саволҳои хабарнигорон директори муассисаи давлатии “Хадамоти геофизикӣ”-и АИ ҶТ, академик Собит Неъматуллоев, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ, доктори илмҳои иқтисодӣ Лутфулло Саидмуродов, директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ, доктори илмҳои техникӣ Зайнолобуддин Кобулиев посух доданд.

    Дар нишасти матбуотӣ корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар соҳаи таърих, бостоншиносӣ, забон, адабиёт, сиёсатшиносӣ, иқтисодиёт масъалаи тайёр кардани кадрҳо илмӣ, дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи сеисмология, гидроэнергетика, ташкил намудани сохторҳои нави илмӣ дар АИ ҶТ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд.

    Дар охири нишасти матбуотӣ президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ аз рӯзноманигорон даъват ба амал овард, ки ба муассисаҳои илмии АИ ҶТ ташриф оварда оид ба фаъолияти онҳо суҳбату гузоришҳо дар матбуот ва радиову телевизионҳои ҷумҳурӣ таҳия намуда, дар ташаккули ҷаҳонбинии илми ҷомеа саҳм бигиранд. 

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан