joomla
free templates joomla

Нақши Парезидентдар рушду ташаккули маънавиёти ҷавонон

 

  “Рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ягон давлатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан аз имкон берун аст.

                                                                          Эмомалӣ Раҳмон

     Хушбахтона, имрӯзҳо дастгириву ғамхории Сарвари Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбати ҷавонон хуб мушоҳида менамоем. Ҳабдаҳ сол муқаддам бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23-юми майро ҳамчун «Рӯзи ҷавонон» эълон намуданд ва ин иқдоми нек то имрӯз ҳар сол ҷашн гирифта мешавад, ки ин яке аз иқдоми беназири пешвои миллати тоҷик нисбати ҷавонони мо мебошад. Барои ҳар яки мо маълум аст, ки дар ҳар як ҷашну чорабиниҳо Президенти муҳтарами мо нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Чуноне, ки пешвои миллати мо дар ҳар баромадашон қайд мекунанд: «Ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҷавонон аст», ҳар як ҷавони бо нангу ори Ватан бояд такя ба чунин боварии пешвои хеш намуда ва барои гулгулшукуфоии кишвари худ саҳми назаррасе гузошта тавонад. Агар дар тӯли таърихи давлатдории тоҷикон назар афканем, дармеёбем, ки дар тӯли таърих мардуми мо чи қадар азобу машаққатҳо ва ранҷу хориҳои зиёдро аз сар гузаронидаанд. Вале баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба сари қудрат омадани фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, Президенти имрӯзаи мо, давлати тоҷикон дар миёни 150 давлати дунё шинохта гардид ва ҷавонони мо бо дастгириву ғамхориҳои падаронаи пешвоямон тавонистанд дубора бедордилу соҳибмаърифат гарданд ва дар соҳаҳои мухталифи пешбурди ҷомеаи имрӯзаи Ватани хеш саҳми худро гузоранд. Имрӯзҳо бо дастгирии  Ҳукумати Тоҷикистон ва ғамхории бевоситаи Президенти муҳтарам, ба масъалаи таълиму тарбия ва ташаккули шахсияти наврасону ҷавонон диққати махсус зоҳир намуда, имконият фароҳам меорад, ки онҳо дар беҳтарин муассисаҳои таълимии мамлакат ва хориҷ аз он таҳсил кунанд, таҷриба омӯзанд ва соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ гарданд, ки ин иқдом бояд барои ҳар як ҷавон масъулияти муҳимтарин ба ҳисоб равад ва ҳар яки мо ҷавонон бояд аз ин имконоту дастгирии Сардори давлат хуб истифода намоем, то ин ки дар ояндаи наздик тавонем, ҳар кадоми мо барои кишвари азизамон хизмати босазое ба ҷо оварда тавонем.

      Президенти муҳтарами мо ҳама вақт ба роҳбарону сардорони сохторҳову мақомотҳо дастуру супориш медиҳанд, ки дастгири ҷавонон бошанд ва худ чунин қайд намудаанд: «Ба ҷавонони кишвар ҳамчун нерӯи фаъолу боғайрат, ташаббускору созанда, эътимоди зиёд дорем ва дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ ва ободу пешрафта ба онҳо такя мекунем».

     Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки ҳар як падару модар барои тарбияи фарзандонашон бояд дар оила сар карда, аз беҳтарин анъанаҳои ахлоқии гузаштагонамон истифода баранд. Фарзанд дар оила бояд ончунон ба камол расад, ки номбардори падару модар ва ватану миллат гардад.

     Дар давоми 24 соли истиқлолият Сарвари давлат  чандин маротиба бо ҷавонони кишвар мулоқот баргузор намуд, ки дар ин вохӯриҳо масъалаҳои муҳими ҳаётии наврасону ҷавонон баррасӣ гардиданд. Дар солҳои аввали таъсисёбии давлати соҳибистиқлоли мо, пешвои миллати тоҷик нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда буданд. Мисоли чунин гуфтаҳо нахустин вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо  намояндагони ҷавонони кишвар ки 17 марти соли1994 мебошад, ки дар ин мулоқот Ҷаноби Олӣ  ҷавононро бо вазъи воқеии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар шинос намуданд ва дар   ҳамон рӯзҳои аввал  таваҷҷуҳи ҷавононро ба ватандӯстӣ, ватанпарастӣ ва хештаншиносӣ ҷалб менамуданд.

     Пас аз ин қадар ҷангу ҷидолҳо, хунрезиҳо, нооромиҳо ва ваҳшигариҳо, ки аксари мардуми кишвар боварии дуюмбора барқарор намудани давлати соҳибистиқлолро надоштанд, бо ғамхориҳои зиёди ин фарзонафарзанди миллати тоҷик ҳамаи он ҷавононе, ки умеди худро аз давлату миллат канда буданд  ва тарки ватану диёри азизи хеш намуда буданд, дубора ба Ватан баргардонида шуданд ва мулоқоти дигари Сарвари давлат ,ки 23 майи соли 1997  бо намояндагони ҷавони кишвар баргузор гардид. Дар ин мулоқот Пешвои миллат ҷавононро барои  ба даст овардани ризоияти миллӣ ва сулҳу субот ва тақвияти он  роҳнамоӣ намуданд. Маҳз ҳамин таваҷҷуҳи бевоситаи Ҷаноби Олӣ  нисбат ба ҷавонон буд, ки соли1997 барои инкишоф ва пешравии маънавиёти ҷавонон Кумитаи кор бо ҷавонон таъсис дода шуд.

      Сарвари кишвар нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, нисбат ба онҳо боварии зиёд доранд ва  дар баромадҳояшон «Шумо – ҷавонони бонангу номуси миллати тоҷик, офаранда ва созандаи ин фарҳанг мебошад» гуфта таъкид менамояд.  Бояд ҳамаи мо ҷавонон кӯшиши зиёд ба чунин бовариҳои Ҷаноби Олӣ намоем.  Вақте, ки пешвои миллат аз ҷавонон ҳастии миллат ва посдории фарҳанги миллии аҷдодиамонро боварӣ менамоянд пас, ҳар яки мо ҷавонони бо нангу ори миллати тоҷик ҷонибдори сиёсати хирадмандона ва пешгирифтаи эшон, ки барои ободониву шукуфоии Ватан-Модар бахшида шудааст, бошем ва бо ҷону дил барои ободонии ватанамон хизмат намоем.

    Аз таъкидҳои дигари Президент нисбат ба ҷавонон ёдовар мешавам, ки ҳимояи ватанро бар дӯши ҷавонон гузошта, бо як дили пур аз орзуҳо ҷавононро таъкид менамояд, ки ҳомии Ватани азизи хеш бошанд чуноне, ки мефармоянд: «Ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату миллат, сарчашмаи ташаббусҳо ва манбаи асосии кадрҳо ҳастанд».

     Инчунин, пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро падарона насиҳат намуда, дар мавриди ҳурмати калонсолон, тарзи баёни ширину боадабона ва барои баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷавонон пайваста кӯшиш менамояд ва мегӯяд: «Одобу рафтор ва сатҳи маънавиёти наврасону ҷавонони мо давоми чанд соли охир хеле баланд рафта, эҳсоси худшиносӣ ва нангу номуси миллӣ дар байни онҳо торафт густариш ёфта истодааст, ки ин боиси қаноатмандист», ки ин ҳам яке аз нишонаҳои боварии Ҷаноби Олӣ ба ҷавонони кишвар мебошад.

      Барои баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон бо ташаббуси Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санадҳои зиёди байналмилалӣ оиди таҳсили ҷавонон дар хориҷи кишвар ба имзо расидааст. Қисме аз ҷавонони мо имрӯзҳо дар хориҷи кишвар таҳсил менамоянд ва қисмате, ки таҳсили хориҷи кишварро ба итмом расонидаанд дар соҳаҳои мухталифи кишварамон бо ихтисосҳои гуногун кору фаъолият намуда истодаанд. Дар ин маврид Сарвари давлат ба ҷавонон таъкид менамояд, ки: «Шумо ҷавонон бояд пайгирона омӯзед ва эътимод пайдо намоед, ки миллати тоҷик яке аз халқҳои қадимтарини ҷаҳон аст».

      Мутаассифона, имрӯзҳо дар миёни ҷавонони мо бархе ҷавононе ҳастанд, ки худро барои ноором  кардани Ватан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав мезананд ва ҷони худрову дигаронро дар зери хатар мегузоранд, ки ин амали ношоиста ва ноҷавонмардонаи онҳо аз сӯи ҳамон хоҷагони хориҷӣ сурат мегиранд. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки чунин ҷавонон ояндаи хуб надоранд ва дар муҳлати кӯтоҳтарин ҷазои хешро мебинанд, чунон ки шоир гуфтааст:

Ҳар ки бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад. 

       Мо ҷавонони саодатманди кишвар ҳаракат менамоем ва бо тамоми қувваамон кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки барои ободӣ ва осоиштагии Ватан-Модари азизи хеш содиқонаву софдилона хизмат намоем.

Субҳиддин Зиёев,

раиси Шӯрои олимони ҷавони

Институти забон, адабиёт, шарқ-

шиносӣ ва мероси хаттии ба номи

Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан