ПРЕЗИДЕНТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ДАВЛАТИ НАВИНИ ТОҶИКОН
Ҳама гуна муноқишаҳои шаҳрвандӣ оқибат бо сулҳу салоҳ анҷом меёбанд. Ҷанги шаҳрвандии тоҷикон, ки дар охири қарни XX ба вуқуъ омад ва ба ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимою фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол зарари зиёде расонид, ҳазорҳо ҳазор мардуми шарифи тоҷик беватан гардиданд, билохира ин муноқиша бо сулҳ ва ваҳдати миллӣ анҷом ёфт. Санади тақдирсози Созишномаи умумӣ оид ба истиқроли сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мухолифини тоҷик дар ҳузури роҳбарони давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба имзо расид, саҳифаи наве буд дар таърихи тоҷикон. Аз рӯзи ба имзо расидани ин ҳуҷҷати таърихӣ ва ба итмом расидани муноқишаи миллии тоҷикон 18 сол гузашта бошад ҳам, таҳқиқ ва пажӯҳиши сабабҳои ин муноқиша ва роҳҳои ба даст даровардани сулҳу салоҳи тоҷикон аҳамияти калони илмӣ ва амалӣ дорад. Аз ин рӯ, лозим аст, ки сабабҳои cap задани ин низоъро омӯхта, миллатро аз ин даргириҳои нобаҳангом хушдор созем. Дар баромадҳои худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гаштаю баргашта таъкид менамояд, ки «Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки давлатсозиву давлатдорӣ, хусусан дар шароити пурмоҷарову ҳассоси ҷаҳони имрӯза кори осон нест. Аз ин рӯ, бояд кӯшиш намоем, ки фарзандонамонро дар рӯҳияи худшиносиву ҳувияти миллӣ ва эҳсоси баланди ватандорӣ тарбия намоем, ки дар оянда номбардори миллати бошарафи тоҷик бошанд».
Баъд аз пош хӯрдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ дар харитаи олам як қатор давлатҳои мустақил сабт гардид, ки дар қатори онҳо Тоҷикистони соҳибистиқлол низ қарор дорад. Вале истиқлоли тозабадастовардаи мардуми мо бо баъзе сабабҳои объектививу субъективӣ самту сӯи номатлуберо ихтиёр кард.
Саршавии ҷанги шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-уми қарни XX якчанд сабабу омилҳо дорад. Нахустин сабаби ҷанг дар он буд, ки сиёсати пешанамудаи давлати абарқудрати Шӯравӣ то андозае худхоҳона сурат мегирифт ва умдатарин тадбирҳои эҳёи суннатҳои аҷдодиву миллиро ба инобат намегирифт. Системаи идоракунии кишвар билкул дар итоати сиёсати марказ буд. Бинобар ин зиддият байни талаботи ҷумҳурӣ ва фармонфармоёни Маскав рӯз то рӯз тезу тунд мешуд.
Дар нимаи дуюми солҳои ҳаштодуми қарни XX дар натиҷаи пеша кардани сиёсати бозсозӣ ва ошкорбаёнӣ масоили мубрами сиёсати миллӣ, ҳаёти иҷтимоӣ иқтисодӣ ва маънавии халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ рӯи об баромаданд. Масъалаҳои муносибатҳои байни миллатҳо ва дар дохили ҷумҳурӣ байни табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ яке аз сабабҳои cap задани муноқишаи Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.
Гуногунии тараққиёти ноҳамвори иқтисодиву фарҳангии минтақаҳои Тоҷикистон, инфрасохтори заифи муносибатҳои коммуникатсионӣ ва аз ҳам ҷудо будани минтақаҳо ва вилоятҳои Тоҷикистон ба cap задани муноқиша сабаб гардид.
Баъзеҳо, ки истиқлолиятро бисёр бошитоб дарёфта, дар навиштаҳову гуфторҳояшон бетаҳаммуливу маҳалгароиро ангеза дода ба ин раванд суръат бахшиданд.
Ҳамин тавр, бо сабабу баҳонаҳои зикршуда ҷанги таҳмилӣ оғоз гардида, дар андак муддат тамоми қаламрави қисмати ҷанубу маркази мамлакат - Душанберо фаро гирифт.
Кор ба ҷое расид, ки сухан аз будану набудан ва маҳву нобудии на танҳо як қисми кишвар, балки аз саҳифаи таърих тарошидани ин миллати соҳибтамаддун ва давлату давлатдории он ба миён омад.
Дap ин вазъи ҳассосу мураккаб нерӯҳои хайрандешу ватанпараст дар атрофи шахсияте гирд омада нерӯи худро барои наҷоти Ватан равона мекунанд. Бо ин ният ва мақсад намояндагони мардум дар шаҳри бостонии Хуҷанд, дар мавзеи таърихии он – Қасри Арбоб ҷамъ омада табли истиқлолро навохта, парчами миллиро ҷилвагар сохтанд.
Ҳамин тавр, иҷлосияи тақдирсози намояндагони ҷумҳурӣ баргузор гардид ва дар он муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро ба сарварии ҷумҳуриямон интихоб карданд.
Сарварии ҷомеаро пазируфтан дар он лаҳзаҳои бисёр ҳассос ва ҷасуриро тақозо мекард. Иҷлосияи тақдирсози Қасри Арбоб дар мавриде мегузашт, ки ҳукумати қонунӣ воқеан вуҷуд надошт ва дар кишвар бесарусомонӣ ҳукмфармо буд.
Суоле ба миён меояд, ки чаро намояндагони мардум маҳз шахсияти Эмомалӣ Раҳмонро пазируфтанд? Зеро ӯ чандин бор қабл аз ин дар Шӯрои Олӣ баромад карда буд ва марому мақоми ӯ дар сиёсат барои мардум маълум буд. Эмомалӣ Раҳмон бо муносибати дилсӯзона ва беғубору беолоиш дар байни намояндагони мардумӣ эҳтироми ҳамагонро сазовор гардида буд.
Эмомалӣ Раҳмон бо ҷаҳду талошҳои худ дар самту сӯи демократикунонии мамлакат маълуму масъул буд. Барои шинос кардани сиёсати пешгирифта ба амалия соли 1992 ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар карда вазъияти бамиёномадаи миллатамонро дар маркази диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгузин кард.
Эмомалӣ Раҳмон баробари сарвари давлат интихоб шуданаш эълон намуд: «Баҳри истиқлоли сулҳ дар Тоҷикистон ва бозгашти ҳамаи гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор кунам».
Шуҷоату ҷасорати нотакрор доштани Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки то ба яке аз мавзеъҳои махуфи Афғонистон - Хосдеҳ (10-11 декабри соли 1996) ҷиҳати мулоқот бо роҳбари мухолифини мусаллаҳи тоҷик сафар намояд. Ин гуна шуҷоатмандиро Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар лаҳзаҳои ҳассос нишон дода, ба дили мардум роҳ ёфт. Барои истиқрори сулҳи деринтизор бо раҳнамоиву кӯшишу талошҳои пайгиронаи ин марди шарифу инсони наҷиб таи се солу се моҳ - аз соли 1994 то 1997 бо мухолифин бисту як музокироту гуфтушуниди расмӣ сурат гирифт ва Президент Эмомалӣ Раҳмон шахсан дар 7 музокирот иштирок намуда, дар 15 ҳуҷҷати таҳиягардида бевосита бо имзои шахсии худ раъйи хешро изҳор дошт. Гузашта аз ин, дар лаҳзаҳои фаро расидани дигаргуниҳои қатъии таърихи миллатамон он суннатҳову падидаҳои равонӣ, ки дар ҳамоғӯши ғояҳои миллӣ ба амал пайвастанд, боиси ҷилвагар шудани менталитети миллати тоҷик гардид.
Эмомалӣ Раҳмон яке аз нахустин сиёсатмадорон аст, ки бидуни дудилагӣ 48 вазифаи масъули давлатиро ба собиқ мухолифини хеш супорид. Такрибан 7000 яроқбадастони Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсияи тоҷик реинтегратсия шуда, ба нерӯҳои давлатӣ ҳамроҳ гардиданд. Таҳкими пояҳои давлат дорои хусусиятҳои зерин мебошад:
Аввалан, таъсису тақвияти нерӯҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ ва ҳамзамон бо мақсади ҳифзи дастовардҳои истиқлол ва таҳкими субот дар марзҳои кишвар шоҳиди қудрати бесобиқаи сиёсатмадории ӯст.
Баъдан, таъсиси ҳокимияти мустақили судӣ ва парлумони доимоамалкунанда далели суботи Президенти ҷумҳурӣ дар бунёди давлатӣ воқеан демократӣ ва ҳуқуқбунёд буда, аз бебозгашту абадӣ будани самти интихобкардаи давлатдории ӯ гувоҳӣ медиҳад.
Инчунин, таҳкими пояи иқтисодии мамлакат ва устувор гардонидани бозори дохилӣ тавассути ба муомилот баровардани пули миллӣ, ки бо чеҳраҳои ҷовидонаи бузургмардони таърихӣ зиннат ёфтааст, далели азми қавии ӯ дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум аст.
Баробари ин, дар шаҳри Душанбе ҷамъ омадани роҳбарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай нишони эътирофи самимонаи роҳбарони бузурггарини давлатҳои дунё нисбати Президенти кишвари мо мебошад.
Ва ниҳоят, қабули Барномаи иқтисодии аз қашшоқӣ баровардани мардум аз як ҷониб ва аз қашшоқии маънавӣ раҳонидани халқи кишвар, аз ҷумла мулоқоти ҳамасолаи Президент бо зиёиёни мамлакат, ки аз 20 - уми марти соли 2001 шуруъ гардида, то имрӯз идома дорад, ҳамеша дар мадди назари Президент Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Рушди баробари се омили асосӣ, ҳамгиро ва амали онҳо барои пешрафти муваффақонаи ҷомеа заминаи зарурӣ омода месозад.
Яке аз самтҳои асосии стратегияи давлатӣ таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода бо ташаббус ва ибтикори Президенти ҷумҳурӣ корҳои зиёде ба итмом расонида шудааст. Сохтмон ва ба кор даровардани НОБ-ҳои Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2, барқароркунӣ ва давоми сохтмони НОБ-и Роғун дастовардҳои калони ҷомеаи Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.
Таъмини бехатарии озуқавӣ ва инкишофи минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ низ самти асосии стратегияи давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар ин самт корҳои назаррас ба сомон расонида шудаанд. Инкишофи соҳаи ғаллапарварӣ, чорводорӣ, зироаткорӣ, боғдорӣ ва дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ дар солҳои истиқлолият, музаффарияти сиёсати давлатии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.
Самти сеюми стратегияи инкишофи ҷомеаи Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат мебошад. Сохтмони нақбҳои Истиқлол, Анзоб ва дигар, ба кор супоридани роҳҳои оҳани Қурғонтеппа - Кӯлоб, шоҳроҳи автомобилгарди Хоруғ - Қулма - Қароқурум, аз дастранҷҳои назарраси сиёсати роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.
Дилбастагии амиқу аниқ ва муҳаббати бардавом доштанаш нисбати таъриху тамаддунамон боиси ба вуҷуд омадани ҷашни пуршукуҳи 1100-солагии Давлати Сомониён, силсилаи китоби «Аз Ориён то Сомониён», «2500-солагии Истаравшан», «Тамаддуни ориёӣ», «2700-солагии Кӯлоби бостонӣ», «3000-солагии Ҳисор» гардид, ки шуҳрати тамаддуни миллати моро дар миёни оламиён афзун гардонид.
Президент Эмомалӣ Раҳмон дар мақолаи худ «Сулҳ - маънии таърихи мо» зарурати умдаву побарҷои фарҳанги сулҳро дар бақову ҳастии миллатамон таъкид менамояд: «Фарҳанги сулҳ самараи мувофиқати сентименталии тарафҳо нест, вай дар шароити фавқулода мураккаб ба даст оварда мешавад. Дар ҷамъияти мо ҳанӯз низоми ҳамафарогири сулҳи миллӣ, масалан ба монанди аксари кишварҳои Аврупо, ки дар онҳо нақши асосиро низоми мураккаби иқтисод, сиёсат ва фарҳанг иҷро мекунад бунёд наёфтааст». Аз ин андешаи Президент чунин бармеояд, ки такя намудан ба ягонагиву муттаҳидии тамоми табақаҳои аҳолӣ, нерӯҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ муҳимтарин рукни бақои миллат мебошад.
Пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси соли 2003-ро «Соли оби тоза» ва солҳои 2005-2015-ро «Даҳсолаи об барои ҳаёт» эълон доштан СММ, ки зиёда аз 180 мамолики дунё узви он мебошанд пазируфт. Албатта, ин мояи шуҳрати оламгири Эмомалӣ Раҳмон ва давлати миллии тоҷикон гардид.
Дар арсаи байналмилалӣ шиносонидану муаррифӣ намудани тоҷикон яке аз хизматҳои шоёни Перезиденти кишвар мебошад. Дар тӯли даврони истиқлолият Эмомалӣ Раҳмон аз минбари СММ солҳои 1993 то 2005 ёздаҳ маротиба сухан гуфта, бо нутқи хирадмандона ва фозилонаи худ самтҳои асосии сиёсати тоҷиконро барои оламиён изҳор намуд.
Барои аз бунбасти ҷуғрофӣ раҳоӣ бахшидани Тоҷикистон, ҷаҳду талош ба бунёди шоҳроҳи ваҳдат иқдом намудани кишвар таҳти сарпарастӣ ва азми устувори Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба мо имкон медиҳад, ки аз бунбасти ҷуғрофӣ раҳо ёфта, бо кишварҳои Чин, Покистон, Ҳиндустон, Япония ва дунёи араб мустақиман робита намоем ва аз вобастагии якҷониба раҳоӣ ёбем.
Саъй ба ваҳдати арзӣ ва иртиботии мамлакат, ки нишони чашмгири он ба кор даромадани нақби Истиқлол аст. Ин амр ба ҷумҳурӣ имкон дод, то бо вилояти Суғд соле 12 моҳ робитаи заминӣ дошта бошем.
Робита бо мамолики Аврупо ва дунёи араб имкон медиҳад, ки кишвари моро ҷаҳониён аз наздик шинохта бошанд.
Ин иқдомҳои нек имкон медиҳад, ки шуҳрати оламгири шахсии Президент ва давлати миллии мо таъмин гардад.
Ҳамин тавр, аз бозгӯи хизматҳои шоён ва аз фаъолияти пурсамари Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷае, мерасем, ки таҳти сарварии ин шахсият роҳи тайнамудаи бисту чор соли истиқлолияти миллии кишвари азизамон ва ҳаждаҳумин солгарди Ваҳдати миллӣ арзиши садсолаҳоро дорад, миллату давлати мо маҳз бо матонату сарсупурдагӣ ва миллатпарастиву ҷоннисории ин абармард дар паҳлӯи бузургтарин давлатҳои пешрафтаи дунё қарор хоҳад гирифт.
Зикриё Акрамӣ,
директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва
мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ ҶТ,
доктори илмҳои таърих, профессор