joomla
free templates joomla

КОНФРОНСИ ИЛМӢ БАХШИДА БА 80 – УМИН СОЛГАРДИ ЗОДРӮЗИ ПРОФЕССОР АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ

     16 – уми декабри соли 2015 дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ ҶТ Конфронси илмӣ бахшида ба 80 – умин солгарди зодрӯзи бостоншиноси маъруф, доктори илмҳои таърих, профессор Абдуллоҷон Исҳоқов дар мавзӯи “Саҳми Абдуллоҷон Исҳоқов дар рушди бостоншиносии тоҷик” баргузор гардид.

     Конфронсро ба ин муносибат ноиби президенти АИ ҶТ, академик Кароматулло Олимов ифтитоҳ бахшид. Сипас, сарвари пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент – Саразм Абдурауф Раззоқов дар мавзӯи “Кашофи деҳшаҳри Саразм”, узви вобастаи АИ ҶТ Юсуфшоҳ Ёқубов дар мавзӯи “Абдуллоҷон Исҳоқов кашофи дизи Панҷакенти Қадим”, доктори илмҳои таърих Саидмурод Бобомуллоев дар мавзӯи “Саҳми Абдуллоҷон Исҳоқов дар такмили таърихи халқи тоҷик” маъруза намуданд.

    Дар Конфронс дӯстон, ҳамкасбон, шогирдон ва пайвандони Абдуллоҷон Исҳоқов оид ба шахсияти Абдуллоҷон Исҳоқов ва саҳми ӯ дар рушди бостоншиносии тоҷик изҳори назар карданд. 

      Абдуллоҷон Исҳоқов дар деҳаи Чилғазии ноҳияи Исфара ба дунё омада аст. Пас аз хатми факултети таърихи Институти педагогии ба номи  Т. Г. Шевченкои шаҳри Душанбе соли 1958 бо роҳхати Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш ба пойгоҳи бостоншиносии навтаъсисёфтаи шаҳри бостонии Панҷакент ба сифати лаборанти калон ба кор меояд. Ӯ аз соли 1958 то соли 1966 дар биноҳои VI, VII, XVII ва XX – уми Панҷакенти Қадим таҳти сарварии бевоситаи устоди хеш А. М. Белинитский ба тадқиқот машғул шуда, нозукиҳои илми бостоншиносиро аз худ кардааст.

      Тадқиқоти бостоншиносии куҳандизи Панҷакенти Қадим барои Абдуллоҷон Исҳоқов имтиҳони бузурге буд. Зеро сохтори биноҳои куҳандиз аз бинои шаҳрнишину деҳнишини суғдиён ба куллӣ фарқ менамуд.

   Абдуллоҷон Исҳоқов аз уҳдаи ин кор сарбаландона баромад. Соли 1972 таҳти сарварии устоди хеш А. М. Белинитский рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Куҳандизҳои аввали асримиёнагии шаҳрҳои Осиёи Миёна ва Қазокистон” бомуваффақият дифоъ намуд.

      Бозёфт шудани маркази нави маданияти аҳди қадими кишоварзии Саразм дар саргаҳи Зарафшон, аз тарафи устод Абдуллоҷон Исҳоқов, кашфиёти нодир дар илми бостоншиносии ҷаҳон буд.

     Моҳи майи соли 1991 дар шакли “маърӯзаи илмӣ” дар асоси асрҳои нашршуда, бахусус монографияи “Саразм”, ки таҳти назари В. М. Массон ва Н. Н. Неъматов нашр шуда буд, дар мавзӯи “Маданияти кишоварзӣ – чорводории водии Зарафшон дар аҳди энеолит ва бринҷӣ” рисолаи докторӣ дифоъ намудааст.

 

 

 

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан