МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ
23 - уми ноябри соли 2015 дар толори маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлиси тантанавӣ президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ афзуд, ки будани парчами миллӣ аз соҳибистиқлолии мамлакатамон дарак медиҳад. Парчами миллӣ ин далели давлатдорӣ, нангу номус, нишони ифтихор аз Ватан ва содиқ будан ба сарзамину истиқлолияти худ аст. Парчами миллӣ яке аз рукнҳои асосии муқаддаси миллӣ ба шумор меравад. Барои таҳкими худшиносии миллӣ, ваҳдату истиқлолият ва якпорчагии Тоҷикистони азиз нақши муассир мегузорад.
Сипас, докторони илмҳои ҳуқуқ Имонқул Буриев таҳти унвони “Парчам дар таърихи давлатдории тоҷикон” ва Акмал Неъматов дар мавзӯи “Заминаҳои ҳуқуқии истифодаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва такмили минбаъдаи он”, инчунин номзади илмҳои таърих Абдулло Ғафуров дар мавзӯи “Аз таърихи парчамдории тоҷикон” назди ҳозирин баромад карданд.
Зимни баромад нотиқон иброз доштанд, ки имрӯз воқеан мардуми мо ба муқаддасоти миллии худ - Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътиқоду эҳтироми хоса доранд.