Рӯзи ҷаҳонии фалсафа ва 2600 - солагии мутафаккири дунёи атиқа Арасту
Имрӯз 19 – уми ноябри соли 2015 дар толори маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, конфронс таҳти унвони “Мақоми таърихи фалсафа дар системаи улуми фалсафии муосир” бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии фалсафа ва 2600 - солагии мутафаккири дунёи атиқа Арасту баргузор гардид.
Профессор, Сайфуллоев Н. М. - Абӯалӣ Ибни Сино бузургтарин мантиқшинос, на танҳо дар Машриқзамин, балки дар мамлакатҳои асри миёнагӣ, давраи эҳё ва замони нав ба шумор меравад, зеро мантиқшиносони то замони Абӯалӣ Ибни Сино агар ба мероси ғании мантиқии Арасту такя мекарданд, пас аз Абӯалӣ Ибни Сино чӣ дар мамолики Шарқ ва чӣ дар мамлакатҳои Ғарб фақат онҳо ба асарҳои безаволи Абӯалӣ Ибни Сино, асарҳои мантиқӣ такя мекарданд, ки дар натиҷа мавқеи асарҳои Арасту каме танг шуд, - гуфт зимни гузориши худ дар масъалаи “Афкори мантиқии халқи тоҷик ва масъалаҳои мубрами мантиқи муосир”.
Дар конфронси мазкур қайд шуд, ки мероси мантиқии мутафаккирони форсизабону араб ба таври зарурӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор нагирифтааст. Аз ин рӯ, бояд барои кормандони шуъбаи мантиқ ва фалсафаи илм зарур аст, ки афкори мантиқии халқи тоҷик ҳаматарафа мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирад, чунки афкори мантиқии халқи тоҷик ғайр аз мантиқи Юнони қадим дорои дигар сарчашмаҳо низ аст.