Саҳми Аълохон Афсаҳзод дар рушди илм, фарҳанг ва худшиносии миллӣ
18 – уми ноябри соли 2015 дар толори маҷлисгоҳи АИ ҶТ бо ибтикори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон конфронси илмии байналхалқӣ таҳти унвони «Мактаби Аълохон Афсаҳзод дар рушду такомули фарҳанг ва худшиносии миллӣ» бахшида ба 80 - умин солгарди зодрӯзи адабиётшиноси маъруфи тоҷик, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Иттифоқи ходимони театрӣ ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи байналмилалии «Баҳори озодӣ» (Ҷумҳурии исломии Эрон) Аълохон Афсаҳзод баргузор гардид.
Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ конфронсро оғоз бахшида, роҷеъ ба фаъолияти илмии шарқшиноси шинохта, муҳаққиқи осори безаволи Абдураҳмони Ҷомӣ, профессор Аълохон Афсаҳзод мухтасар суханронӣ намуд.
Сипас, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим мавқеи барҷастаи Аълохон Афсаҳзодро ҳамчун адиб ва муҳаққиқ дар рушду равнақи адабиёти муосири тоҷик хуб арзёбӣ намуд.
Дар анҷоми конфронс дӯстон, шогирдон ва пайвандони Аълохон Афсаҳзод хотироти худро аз рӯзгору осори ибратомӯзи олим ва ховаршиноси маъруф баён дошта, аз роҳбарияти Академияи илмҳо дархост карданд, ки ба поси хотири шодравон ҷоизаи Аълохон Афсаҳзод дар соҳаи илми ховаршиносӣ таъсис ва ё худ кӯчае дар пойтахт ба исми мавсуф номгузорӣ гардад, амри хайре мебуд.