КОНФЕРЕНСИЯ БАХШИДА БА РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ФАЛСАФА
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ Шуморо барои иштирок дар Конференсияи “Мақоми таърихи фалсафа дар системаи улуми фалсафии муосир” бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии фалсафа ва 2600 - солагии мутафаккири дунёи атиқа Арасту баргузор мегардад, даъват менамоем.
Дар ифтитоҳии Конференсия сухани табрикии президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ дар назар аст.
Дар Конференсияи мазкур директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ, профессор Абдураҳмон Маҳмадов – “Арасту файласуф ва мутафаккири санъати баҳси, сиёсӣ”, академики АИ ҶТ, Олимов К. – “Фалсафа ва проблемаҳои ҷаҳони муосир”, узви вобастаи АИ ҶТ, Додихудоев Х. – “Таърихи фалсафаи тоҷик – таърих ва замони муосир”, профессор, Муҳаммадалӣ М. – “Методологияи илм аз нигоҳи илми фалсафа”, профессор Сайфуллоев Н. – “Афкори мантиқии халқи тоҷик ва масъалаҳои мубрами мантиқи муосир”, профессор, Раҳимов С. – “Дар масъалаи баҳамоии фарҳангҳо” ва дигар олимон дар мавзуъҳои гуногуни фалсафа баромад хоҳан кард.
Макон: Толори маҷлисгоҳи АИ ҶТ.
Замон: 19 – уми ноябри соли 2015, соати 10:00
Нишонӣ: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33.