Қабули беш аз 100 нафар кормадони Академияи илмҳо ба узвияти ҲХДТ
5-уми ноябри соли 2015 дар толори маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзои Академияи илмҳо, директорони муассисаҳои илмии АИ ҶТ, муовинони директорон, котибони илмӣ, сармутахассисон ва ходимони дигари илмӣ, магистрон ва аспирантони муассисаҳои илмӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори умум маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 21 –умин солгарди қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин бора Шервони Умриддин, корманди Хадамоти матбуоти ин ниҳод ба мо иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, Маҷлиси тантанавиро президенти Академияи илмҳо, академик Фарҳод Раҳимӣ бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, оид ба моҳият ва мазмуни Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти он дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва тафаккури техникии ҷомеа ибрози андеша намуд. Ҳамчунин дар ин маҷлис дигар кормандони Академияи илмҳо суханронӣ намуданд. Дар охир 100 нафар кормандони Раёсати Академияи илмҳо ва зерсохторҳои он ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул шуданд.