Маросими супоридани дипломҳо
14-уми сентябри соли 2015 дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани дипломҳо ба номзадҳои илм, ки рисолаҳояшон аз ҷониби Комиссияи олии атестатсионии Федератсияи Россия тасдиқ шудааст, баргузор гардид.
Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ дипломҳоро ба номзадҳои илмҳои сиёсӣ Амид Комилбеков, Саймуддин Мирзоев, Носирҷон Бўриев, Умедҷон Исоев, ба номзади илмҳои фалсафа Мирзо Абдуллоев, ба номзади илмҳои педагогӣ Парвиз Лоиқов, Абдулҳомид Гулмирзоев ва номзади илмҳои ҳуқуқ Зайнура Исмоилова супорида, ба онҳо дар соҳаи пешбурди илм дар оянда барору комёбиҳо таманно намуд.