joomla
free templates joomla

Вохӯрии машваратӣ

 

 

     Дар Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии машваратӣ дар мавзӯи  «Баррасии  масоили тартиби атестатсияи  олимон ва кадрҳои илмӣ-педагогии  боихтисос  дар     Ҷумҳурии  Тоҷикистон» бо иштироки намояндагони Комиссияи олии  атестатсионии  Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия баргузор гардид. 

Дар  вохӯрии машваратӣ  «Оид ба Шӯрои ҳимояи рисолаҳо барои дарёфти дараҷаи илмии  номзади илм ва доктори илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» директори Департаменти атестатсияи  олимон ва ходимони илмӣ-педагогии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия Шишканова Инесса Алексеевна ва муовини директори Департаменти мазкур Пахомов Сергей Иванович бо маърӯзаҳо баромад намуданд .

         Дар анҷом меҳмонон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистону Осорхонаи миллии бостоншиносию мардумшиносии он ва Пойгоҳи кӯҳии набототшиносии Институти  ботаника,физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ воқеъ дар мавзеи «Кондара» дидан намуданд.

Вохӯрӣ хеле муфид ва босамар баргузор гардид.

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан