Академияи илмҳо соҳибдипломи Намоишгоҳи «Китоби Душанбе»
Бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 4 ва 6-уми сентябри соли ҷорӣ дар бинои Театри давлатии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Намоишгоҳи 5-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» доир гардид.
Дар Намоишгоҳ ноширони ватанӣ ва хориҷӣ беҳтарин китобҳои илмиву оммавӣ, бадеӣ,таълимӣ ва адабиёти бачагонаро барои намоишу фурӯш пешкаш намуданд.
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхонаи илмии АИ ҶТ ба номи Индира Гандӣ дар Намоишгоҳи мазкур низ фаъолона ширкат варзида, дар ҷамъбасти он бо Дипломи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.