Изҳороти кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита бо ҳодисаҳои ахири кишвар
Кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар ҳодисаҳое, ки тайи чанд рӯзи охир дар кишвар рух доданд, изҳори таассуф карда, тамоми амалҳои ҷинояткоронаи гурӯҳҳои тахрибкори ҷомеаро комилан маҳкум менамоянд.
Имрӯз ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аз дастовардҳои кишвари соҳибистиқлоли худ меболад ва ифтихор аз он дорад, ки маҳз тавассути сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Сарвари давлат ва Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар рушд мекунад ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот, якдигарфаҳмӣ ва тинҷию амонӣ зиндагӣ доранд.
Мутаассифона, неруҳое ҳастанд, ки муваффақияту дастовардҳои кишварамонро нодида гирифта, даст ба амалҳои нангин ва хиёнати рӯйирост ба Ватан мезананд. Хилофи сиёсати созандагӣ ва бунёдкоронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон амал кардани як гурӯҳ гумроҳшудагон ва ҷинояткорон, ки ҳамчун душмани истиқлолият ва ҳувияти миллӣ амал мекунанд, василаи бозиҳои геополитикӣ қарор мегиранд. Бар мабнои ин бозиҳои сиёсӣ, дар аксари расонаҳои хабарӣ ва гурӯҳии мустақили дохилӣ ва хориҷӣ ахбори дурӯғин ва таҳлилу гузоришоти муғризона интишор шуда, сиёсати давлати миллӣ мавриди ҳуҷумҳои иттилоотӣ қарор мегирад. Вале ин маънои онро надорад, ки Ватан, Миллат ва Халқи Тоҷикистон ба ин гуна ҳазёну даъватҳои хоинони ватанӣ бовар мекунанд, баръакс, мардуми тамоми манотиқи ҷумҳурӣ, ки ҷонибдори сулҳу осоиштагӣ ҳастанд, таҳти ливои сиёсати башардӯстонаи давлат ва Ҳукумат сарҷамъ шуда, ба чунин хиёнаткорон нафрати хешро баён мекунанд.
Ҳадафи аслии бозиҳои сиёсии минтақавӣ бо ҳар роҳу василаи дастрас халалдор ва муташанниҷ сохтани вазъ дар минтақа буда, коргардонони бозиҳои геосиёсӣ ҷиҳати ноил шудан ба мақсад ҳамеша аз нерӯ ва шахсони калаванда, риёкор, саҳлангор ва фурсатталаби дохилӣ истифода мекунанд. Ин аст, ки дар бозии навбатӣ дафъатан аз шахсиятҳои хиёнаткор чун генерал-майор Назарзода Абдуҳалим Мирзо сӯистифода шуд ва хушбахтона, нақша ва амалиёти низомии моҷароҷӯёна бесамар анҷом ёфт.
Яқин аст, ки Халқ ва Ватан ҳаргиз ба чунин шахсони хиёнаткор ва моҷароҷӯ бовар намекунад, ин гуна симоҳои ватанбезор ва миллатситезро ба саҳнаи зиндагии миллӣ ва ватанӣ роҳ намедиҳад ва дар ҳолатҳои зарурӣ аз номусу ҳувияти худ дастаҷамъона дифоъ мекунанд.
Тамоми олимон ва кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низои мусаллаҳонаи ин гурӯҳи гумроҳшударо маҳкум намуда, иброз медоранд, ки ҳамеша ҷонибдори сулҳу оромӣ ва сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд ва хоҳанд буд.
Мо боварии комил дорем, ки гурӯҳҳои террористӣ ва ҷинояткор қодир нестанд, ки пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва раванди амният ва сулҳу Ваҳдати миллиро халалдор намоянд, зеро тамоми мардуми Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаи давлатро дастгирӣ менамоянд ва ба ҳар гуна зуҳуроту амалҳои зиддидавлатӣ ва зиддимилӣ бо муттаҳидию вафодорӣ ва аҳдофи олии Ватан ва миллат мубориза мебаранд. Олимон ва кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷараён бо халқ ва Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷо ва ҳаммаром мебошанд ва аз тамоми аҳолии ҷумҳуриамон даъват менамоем, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, муттаҳидӣ ва ягонагии ҷомеаи моро боз ҳам қавитар гардонанд ва барои хушбахтӣ ва саодати имрӯзу фардои фарзандони худ бо азми қавӣ кору пайкор намоянд.
Дар маҷлиси умумии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 сентябри соли 2015 якдилона қабул шудааст.