joomla
free templates joomla

Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ

     7- уми сентябри соли 2015 дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзои Академияи илмҳо, олимон ва  кормандони  муассисаҳои илмӣ маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Маҷлисро  президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ оғоз намуда оид ба дастовардҳои сиёсӣ,  иҷтимоию иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ дар замони 24 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфт. Сипас академикҳо Талбак Назаров ва Кароматулло Олимов хотираҳои худро оид ба кори Комиссияи оштӣ ва роҳҳои пурмашаққати ба даст овардани истиқлолияту ваҳдати миллӣ зикр намуданд. Дар робита ба ҳаводиси охир Изҳороти кормандони Академияи илмҳо қабул карда шуд, ки он тавассути воситаҳои ахбори омма ба табъ мерасад.

    Дар охири маҷлис бахшида ба 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои биология муовини директор оид ба корҳои илм ва таълими Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ Ҳомидҷон Абдуллоев бо медали  “Нишони фахрӣ” ва 20 нафар кормандони Раёсати Академияи илмҳо  бо “Ифтихорномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуданд.

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан