Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ: донишманд ва мутафаккири Шарқ»
5 –уми сентябр дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 700 -солагии Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ таҳти унвони «Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ: донишманд ва мутафаккири Шарқ» баргузор гардида, тайи ду рӯз дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб идома ёфт.
Кори конфронси мазкурро Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оғоз бахшида, аз ҷумла гуфт, ки Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо осори гаронбаҳои худ, ки асоси онҳоро дарки дурусти масъалаҳои фалсафию ҳикмат ва ахлоқу адаб ташкил медиҳанд, дар тамаддуни Шарқ мақоми барҷаста дорад.
Президенти кишвар иброз дошт, ки ин орифи бузург пеш аз ҳама мақому манзалати инсонро ҳамаҷониба таҳқиқ карда, нақши ӯро дар ташаккул ва густариши амалҳои солеҳу созанда басо пурарзиш донистааст.
Дар кори симпозиум олимону донишмандон аз Афғонистон Сайид Иброҳим Ҳикмат, Эрон Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, Покистон Ориф Навшоҳӣ, Ҳиндустон Шариф Ҳусейн Қосимӣ, Фаронса Франсиз Ричардс ва дигар кишварҳо иштирок дошта, оид ба мероси адабию фалсафии мутафаккири Шарқ андешаҳои ҷолиб баён доштанд.
Дар доираи ин чорабинии байналмилалӣ инчунин «Намоиши байналмилалии китоби Душанбе» баргузор гардид, ки дар баробари нашриётҳои Тоҷикистон, ноширон аз кишварҳои Эрон, Афғонистон Британия Кабир, ИМА ва Туркия китобҳои хешро ба маъраз пешниҳод намуданд.