«Мир Саид Алии Ҳамадонӣ:замони ӯ ва нақши он дар тамаддуни Осиёи Марказӣ»
Китоби мазкурро мураттибонаш Аскаралӣ Раҷабов, Муҳаммадраҳим Каримзода мебошанд, нашриёти «Дониш»-и Академияи илмҳои Ҷумхурии Тољикистон ба забонҳои тоҷикӣ -форсӣ, русӣ ва англисӣ аз чоп баровард.
Дар навиштаҳои пажӯҳишгарони ватанию хориҷӣ,ки дар ин таҳқиқоти академии таҳияшуда, замон, афкори иҷтимоию фалсафӣ, мероси адабӣ ва ҳунарҳои бадеӣ, арзишҳои таърихию фарҳангии замони ориф, донишманд ва суханвари Шарқ Мир Саид Алии Ҳамадонӣ(1314-1384) бар пояи тозатарин гузоришоти сарчашмаҳои хаттӣ дар муқоиса ба навиштаҳои то имрӯз рӯи кор омада дар силки маҷмӯӣ(комплексӣ) ба риштаи таҳқиқ омадааст.Дар мақолоти таҳқиқию татбиқии ин асари усулан пажӯҳишии академӣ вижагиҳои хоси тамаддуни замони ин орифу донишманд ва нақшу муассирияти он дар тамаддуни Осиёи Марказӣ, Шарқи Миёнаю Наздик ва Ҳинд бо такяи гузоришоти нави сарчашмашинохтӣ натиҷагирӣ шудаанд. Дар навиштаҳои ин асари ҷомеи академӣ бештар такя ба манобеи замони Мир Саид Алии Ҳамадонӣ (осораш) ва садаҳои баъдии Мовароуннаҳр,Хуросон, Эрон ва Ҳинд шуда ва нигорандагони мақолот то кӯшидаанд муассирияти тамаддуни ин садаро бо диди нави таҳқиқию татбиқӣ қаламдод намоянд.
Таҳқиқоти мазкур барои пажӯҳишгарон, омӯзгорони ниҳодҳои омӯзишии миёнаю олӣ, онҳое,ки дӯстдори осори гаронмояи ориф ва донишманди баном Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва замони пурошўбу дар навбати худ арзишманди ӯ ҳастанд, чун армуғон пешкаш мешавад.Умед аст,ки хонандагони нуктафаҳм аз навиштаҳои ин таҳқиқот нукоти тозаро барои хеш кашф хоҳанд намуд.