Сабти ном гардидани сайёраи хурди "Тоҷикистон"
Сайёраи хурди системаи офтобӣ бо номи "Тоҷикистон" аз Замин дар 267 миллион километр ва Офтоб 450 миллион километр воқеъ буда, масоҳаташ 400 километр будааст.
Cайёраи хурди системаи офтобӣ бо номи "Тоҷикистон" расман сабти ном шудааст.Академик Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 1-уми сентябр дар ҷараёни баргузории Рӯзи сулҳу дониш ва 70-солагии Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Шаҳодатномаи "Сайёраи хурди системаи офтобӣ"-ро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуд.
Зимни суханронии худ академик Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки сайёраи хурди системаи офтобӣ аз ҷониби Иттиҳоди байналмилалии астрофизикҳо ба хотири саҳми намоёни олимони тоҷик дар рушди илми астрофизикаи ҷаҳонӣ ва омӯзиши ҷирмҳои осмонӣ «Тоҷикистон» номгузорӣ шудааст. Ба қавли мавсуф мадори сайёраи «Тоҷикистон» дар миёни сайёраҳои Миррих ва Муштарӣ ҷойгир буда, аз сайёраи Замин дар масофаи 250 миллион километр ва аз Офтоб дар масофаи 463 миллион километр дурӣ чарх мезанад. Як бор дар гирди Офтоб давр задани сайёраи Тоҷикистон 5 сол идома меёбад.
Феълан сайёраи Тоҷикистон дар масофаи наздиктарин ба Замин ҷойгир буда, олимони тоҷик ба омӯзиши хосиятҳои физикиву химиявӣ ва ҷараёнҳои дар он баамалоянда машғуланд. Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо шудани сайёраи хурди системаи офтобӣ бо номи «Тоҷикистон»-ро иқдоми муҳим ва ифтихор барои Тоҷикистони соҳибистиқлол арзёбӣ кард.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин қадршиносӣ аз саҳми олимони тоҷик дар астрофизикаи ҷаҳон баҳои баланд дода, изҳори бовар намуд, ки чунин дастоварди пурарзиш олимону муҳаққиқони моро ба корҳои боз ҳам намоёну манфиатбахш ба нафъи давлату миллат ва аҳли башар водор месозад