joomla
free templates joomla

Китоби нав-армуғони идона

      Чанде пеш нашриёти «Дониш» -и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  китоби муаррих Т.М.Атахоновро бо забони русӣ зери унвони «Археологическая карта Таджикистана Гиссарская долина» (Гиссарский, Шахринавский и Турсунзадевский районы) таҳти назари академик Раҳим Масов аз чоп баровард.

     Китоби мазкур бо ташаббуси Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти  таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи  А.Дониши  АИ ҶТ  интишор шуда, туҳфаи хубест ба ҷашни  3000-солагии Ҳисори Шодмон.

     Дар китоб ёдгориҳои таърихии  ин минтақа аз асри сангин сар карда то охири асрҳои миёна (асрҳои XVII-XVIII) қаламдод гардидааст. Ёдгориҳои таърихӣ дар асар тибқи нақшаи ягона оварда шуда, маводҳои фарҳангӣ, сафол, оҳан ва маводҳои ороиширо дар бар мегирад.

    Китоб барои муаррихон, бостоншиносон, омӯзгорони мактабҳои миёна ва олӣ, кишваршиносон, муҳаққиқон ва кормандони бахши барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ нигошта шуда, инчунин барои оммаи васеи хонандагон тавсия гардидааст.

     Дар китоб ёдгориҳои таърихии  ин минтақа аз асри сангин саркарди охири асриҳои миёна (асриҳои XVII-XVIII) қаламдод гардидааст. Ёдгориҳои таърихӣ дар асар тибқи нақшаи ягона оварда шуда, маводҳои фарҳангӣ,  оҳан ва маводҳои ороиширо дар бар мегирад.

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан