joomla
free templates joomla

«Муаррих»-чоп шуд

                         

    Таҳти унвони “Муаррих’’ (Историк) шумораи якуми маҷаллаи илмии Институти  таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чоп баромад. Ташаббускори таъсиси маҷалла ва сармуҳаррири он академики Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Масов мебошад.

         Ҳадаф аз таъсиси маҷалла нашри маводҳо оид ба масоили таърихи халқи тоҷик аз давраи қадим то замони муосир мебошад. Дар шумораи аввали маҷалла силсилаи мақолаҳо бахшида ба 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нашр гардида, корнамоӣ ва диловарии Тоҷикистониёнро аз рӯзҳои аввалини ҷанг то замони ҳозира, ки мавзӯи рӯзмарра мебошанд, бо далелҳои навин шарҳу эзоҳ медиҳанд.

         Ҳайати таҳририяи маҷалла ба нақша гирифтааст, ки дар саҳифаҳои минбаъдаи маҷалла нашри мақолаҳои илмиро оид ба археология, этнография, таърихи илм ва техника, философия, забон ва адабиёт, фарҳанг ва санъат, ки ба таърих алоқамандӣ доранд, нашр намояд.    

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан