joomla
free templates joomla

Оид ба бозёфти ёдгории нави таърихии «шаҳри Карон»

 

     Рӯзи 15 июни соли 2015 дар маҷлисгоҳи АИ ҶТ ҷаласаи якҷояи Раёсати АИ ҶТ ва Шӯрои олимони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ ҶТ доир гардид, ки дар  он аъзои Раёсати АИ ҶТ, олимони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ ҶТ, олимони таърихшинос ва бостоншиноси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров, ҳамчунин директорон, муовинони директорон ва котибони илмии муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии АИ ҶТ иштирок намуданд. 

    Президенти АИ ҶТ Фарҳод Раҳимӣ ҷаласаро ифтитоҳ намуда, иттилоъ дод, ки вақтҳои охир дар воситаҳои ахбори ҷумҳурӣ оид ба ёдгории нави таърихӣ бо номи димна ё худ мулки Карон, ки дар ноҳияи Дарвоз кашф шудааст, мақолаҳои гуногуни баҳснок ба нашр расида истодаанд. Корҳои ҳафриётӣ дар ин мавзеъ аз тарафи доктори илми таърих Юсуфшоҳ Ёқубов гузаронида шуда, тахмин меравад, ки ин мавзеъ яке аз шаҳрҳои қадима буда, бунёди он ба давраи тоисломӣ мувофиқ меояд. Барои  шиносоӣ  ба ҳолати ин ёдгорӣ ва  аниқ муайян намудани мавқеи ҷуғрофӣ, топографӣ, ҳамчунин  таърихи пайдоиши он, дар асоси қарори протоколии ҷаласаи назди  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва  робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, ки аз дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ бармеоянд, як гурӯҳи 12-нафара  бо роҳбарии президенти АИ ҶТ Фарҳод Раҳимӣ, олимони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ ҶТ,  олимони таърихшинос ва бостоншиноси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров ва олимони Институти астрофизикаи АИ ҶТ тайи рӯзҳои 12-14 июни соли 2015 ба ноҳияи Дарвоз сафар намуд. Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва  робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, ки аз сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бармегашт, дар ноҳияи Дарвоз ба ҳайат ҳамроҳ шуд.

    Ҳайати Гурӯҳ муайян намуд, ки ёдгории номбурда дар як баландии 1700 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, масоҳати зиёд  (100 гектар)-ро фаро мегирад. Аз рӯйи корҳои ҳафриётии  гузаронидашуда  ин мавзеъ ба шаҳр монанд буда, дар он боқимондаи қасрӣ, биноҳои  истиқоматию  хоҷагӣ, ёдгориҳои аълои меъморӣ, ба мисли Бурҷи Бузурги оташ, варзишгоҳ, маркази ибодату қурбонӣ, ҳар гуна маснуоти сафолӣ ва сангӣ мавҷуданд.

     Узви  Гурӯх  Набиҷон Раҳимов – мудири кафедраи археология ва этнографияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров дар суханронии худ зикр намуд, ки дар қисмҳои гуногуии ҳудуди димнаи Карон боқимондаҳои кӯҳандиз, шаҳристон, работу некропол муайян шудаанд, ки ин шаҳодати боқимондаи шаҳри калон будани ин мавзеъ мебошад. Маводи ҳафриёт нишон медиҳад, ки Карон таърихи бисёрасра дорад ва давраҳои гуногуни таърихиро аз сар гузаронидааст. Албатта, ба таври пешакӣ ин масъалаи муҳим, хеле мураккабу мушкили хронологӣ ва умумитаърихиро фаҳмида гирифтан кори чандон осон нест. Масъалаи муҳиму ҳалталаби димнаи Карон ин муайян намудани вақти ба вуҷуд омадани асоси шаҳр, санагузории объектҳои кофтуковӣ ба ҳисоб меравад.

     Барои муайян намудани санаи ин бозёфт усули муқоисавӣ истифода шуда, таърихи бунёди он ба давраи тоисломӣ ё давраи исломӣ маҳсуб дониста шудааст. Табиист, ки ба воситаи ин усул  санагузорӣ кардани  ин ёдгорӣ чандон саҳеҳ намебошад. Масалан, ёдгориҳои тоисломӣ гуфта, олимон бештар ёдгориҳои то асри VII-VIII мелодиро дар назар доранд, аммо дар ноҳияҳои баландкӯҳи Истаравшан оташкадаҳое кашф шудаанд, ки тоисломӣ буда, ба асрҳои   XI-XII таълуқ доранд. Бинобар ин тадқиқотчиён солҳои охир барои аниқ муайян кардани  таърихи мутлақи осорҳо аз усули радиокарбонӣ истифода мекунанд.  Барои бо усули  радиокарбонӣ муайян намудани синни мутлақи осор   бештар аз ангишти чӯб истифода мебаранд. Солҳои шӯравӣ барои муайян кардани синни бозёфтҳо онҳоро ба лабораторияҳои марказҳои илмии ҷаҳонӣ  фиристонидан зарур буд.

    Хушбахтона, имконияти ташхиси бозёфтҳо дар дохили ҷумҳуриямон пайдо шуд. Вақти бозгашт аз димнаи Карон доктор Бобомуллоев Саидмурод чанде аз ангишҳои қадим  ва боқимондаи чӯбро бо худ овард.  Умедворем, ки рӯзҳои  наздик натиҷаи  таҳлили радиокарбонии ангиштҳои овардашуда таърихи ёдгории мазкурро  маълум мегардонад.

    Сарфи назар аз ин норасогиҳо, давом намудани ҳафриёт, кофтуковҳои димнаи Карон зарур аст. Маводи димнаи Карон  барои тадқиқи раванди шаҳрсозӣ, таърихи маданияти моддӣ, таърихи дин ва меъморӣ бебаҳо мебошад.

    Дар охир ӯ хулоса кард, ки димнаи Карон – боқимондаи шаҳр буда,  дорои ҳамаи аломатҳои шаҳри асримиёнагӣ аст. Қисмҳои шаҳр дар давраҳои гуногуни таърихӣ ба вуҷуд омаданд. Ҳудуди хронологии димнаи Карон фосилаи зиёд - аз асрҳои III-IV мелодӣ то асрҳои XV-XVI-ро дар бар мегирад.

    Узви дигари Гурӯҳ М. Файзуллоев - дотсенти факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров андешаҳои Н. Раҳимовро дастгирӣ намуда, изофа кард, ки ҳар як шаҳри қадимӣ хусусиятҳои ба худ хоси таърихӣ дорад, аз ҷумла хоҷагидории хоси этнологӣ (кишоварзӣ, саноат, ҳунармандӣ ва ғайра). Бинобар ин зарур аст, ки ин масъалаҳо аз нуқтаи назари археологӣ ва топонимика дар ин мавзеъ таҳқиқи амиқ карда шаванд. Барои омӯхтани биомасааи ин мавзеъ бояд олимони соҳаи ботаника низ ҷалб карда шаванд.

    Ин  ёдгории таърихӣ баъди гузаштан аз экспертизаҳои зинавӣ, яъне  муҳокимаи натиҷаҳои кофтуковҳои археологӣ дар шӯъбаи археологияи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ ҶТ ба қайд гирфта мешавад. Сипас  маводи илмии он ҷиҳати ворид кардан ба феҳристи ёдгориҳои миқёси ҷумҳурӣ ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонида мешавад. Барои расидан ба ин мақсадҳо зарур аст, ки дар ин мавзеъ корҳои бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда шаванд.

    Директори Институти астрофизикаи АИ ҶТ Г.И. Қоҳирова изҳор дошт, ки яке аз маълумоти пешакӣ, ки мавриди таваҷҷӯҳи мо қарор дошт, ин дар шаҳр мавҷуд будани расадхона мебошад.  Вақте мо аз шаҳри қарон дидан намудем ва он ҷоеро, ки ҳамчун расадхона муаррифӣ намуданд, таҳқиқ кардем, маълум гашт, ки он на расадхона, балки як хона барои корҳои ситорашиносӣ мавҷуд будааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки  бошандагони ин шаҳр ба пешгӯйиҳои астрологӣ (кайҳонӣ) низ машғул будаанд.   Албатта, ин масъала низ дар ин мавзеъ омӯзиш ва таҳқиқи амиқи илмиро тақозо дорад.

Муовини директори Осорхонаи бостонии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ ҶТ С.Бобомуллоев ба сухан баромада, зикр намуд, ки яке аз баҳсҳои асосӣ дар ин масъала шаҳрак будан ё набудани ин ёдгорӣ буд. Пас аз дидани мавзеъ мо ба хулосае омадем, ки дар ҳақиқат ин шаҳраки асримиёнагӣ буда, аз чор бахш иборат аст: кӯҳандиз, шаҳристон, работ ва гӯристон.   Дар масъалаи ҳудуди шаҳрак бошад, бояд бигӯем, ки азбаски дар талу теппаҳо ҷойгир шудааст, шояд 100 га бошад.

    Ӯ ба баъзе масъалаҳои бостоншиносӣ, ки зимни бурдани корҳои ҳафриётӣ дар ин мавзеъ ба миён омадаанд, изҳори андеша намуд:

1. Бостоншинос бояд пеш аз бурдани корҳои татқиқотӣ нақшаи топографии маҳалро тартиб дода, баъдан  ҳафриётҳое, ки анҷом медиҳад, дар нақша ҷойгир кунад.  Аммо дар ин маврид ин амал ба назар намерасад;

2. Ҳафриётҳо бояд ба тариқи тартиби 1, 2, 3, 4, 5 ва ғайра  номгузорӣ карда шаванд. Аммо ин ҷо пешакӣ макони ҳафриётшаванда бо номҳои мустаор номгузорӣ шудаанд: “Бурҷи Оташ”, “Маъбади Об”, “Хонаи астрологӣ” ва ғайра. Амалан баъд аз ба охир расидани корҳои татқиқотӣ аз рӯи тарҳи меъморӣ, бозёфтҳои ба дастомада ва муқоисаи онҳо ба ёдгориҳои дигар ба кадом мақсад истифода шудани макони таҳқиқшаванда муайян карда мешавад;

3. Ҳангоми бурдани корҳои тармимӣ ва барқарорсозӣ низ меъёрҳои ҳуқуқии муайян шуда риоя нашудаанд. Яъне нақшаи пешакии маҳали тармим ва барқароршаванда аз тарафи идораҳои дахлдор тасдиқ карда шаванд (Академияи илмҳо ва Вазорати фарҳанг). Ин амал танҳо аз тарафи мутахасисони тармимгар анҷом дода шавад. Ба мақсади ислоҳи ин камбудиҳо пешниҳод менамоям, ки дар асоси  қарори протоколии ҷаласаи имрӯза роҳбарияти Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ ҶТ, бостоншиносон бо роҳбарии Ю. Ёқубов дастур дода шавад, ки санадҳои заруриро омода карда, маълумоти бостоншиносиро доир ба ин шаҳрак аз рӯйи меъёрҳои мавҷуда таҳқиқ намоянд ва дар Шӯрои олимони институт муҳокима карда, сипас хулосаи асосноки илмиро барои баррасӣ ба Раёсати АИ ҶТ пешниҳод намоянд.

    Сину соли ёдгорӣ бошад то ҳол дақиқан маълум нест. Бозёфтҳое, ки аз тарафи устод Ю. Ёқубов кашф шудаанд,  қадимтаринашон сиккаи Канишкаи 3 мебошад, ки ӯ солҳои 230-250 ҳукмронӣ кардааст. Давраи охири ёдгорӣ аз рӯи бозёфтҳои кашфшуда, ба асри XV тааллуқ дорад. Вобаста ба ин, зарур аст, ки  якҷоя бо мутахассисони соҳаҳои дигар бо истифода аз технологияҳои муосир аз рӯйи хок ва дигар маводи мавҷуда синнусоли шаҳр ба таври аниқ муайян карда шавад.

    Новобаста ба ин, ин ёдгорӣ хеле нодир буда, ҳатман дар оянда бо назардошти меъёрҳои ҳуқуқии мавҷуда омӯхта шавад. Дар кори омӯзиш ҳатман бояд мутахасисони зарурӣ ҷалб карда шаванд.

   Муовини директори муассисаи давлатии итиҳодияи илмӣ  истеҳсолӣ оид ба тармим ва муҳофизати ёдгориҳои таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги ҶТ Азизов М. суханронӣ намуда зикр кард, ки  дар ҳақиқат ин ёдгори  хеле аҷоиб аст. Ман чанд вақт пеш аз онҷо дидан карда будам. Ҳангоми барқарорсозӣ назари мутахасисон ба назар гирифта нашудааст. Дар оянда ин масъала бояд ҳалли худро ёбад. Мо ҳам кӯшиш мекунем, ки ин мавзеъ барои туризм ҷои диданибоб шавад.

    Баъд аз суханрониҳои иштирокчиёни экспедитсия қисмати саволу ҷавоб оғоз гардид.  Мудири шӯъбаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ ҶТ А. Раҷабов чунин савол гузошт: Модоме, ки Карон шаҳр бошад, бояд ба он роҳҳое пайваст бошанд, ки иртиботи ин шаҳрро бо шаҳрҳои дигар воқеӣ гардонад. Оё дар ин шаҳр чунин роҳҳо мавҷуданд? Дар ҷавоб ба ин савол Набиҷон Раҳимов – мудири кафедраи археология ва этнографияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров  гуфт, ки ҳоло корҳои ҳафриётӣ дар ин шаҳрак ба охир расонида нашудаанд ва дар ин бора ҳоло чизе гуфтан душвор аст. Академик Р.  Масов ба шумораи тақрибии аҳолии шаҳр мароқ зоҳир намуд ва ҷавоб ба ин савол низ ба пурра таҳқиқ нашудани таърихи шаҳр вобаста карда шуд.

Дар охир дар асоси гузориши аъзои Гурӯҳи корӣ ва  баромадҳои иштирокчиён ҷаласа қарор қабул намуд, ки:

1. Ёдгорӣ дар асоси хулосаҳои дақиқ ва илмии бостоншиносон ҳамчун шаҳраки таърихӣ ба қайд гирифта шуда, ба феҳрести ёдгориҳои ҷумҳуриявӣ ворид карда шавад;

2. Дар оянда корҳои ҳафриётӣ мувофиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ ба роҳ монда  шаванд;

3. Ба роҳбарияти Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шавад, ки дар корҳои татқиқотии мавзеи шаҳри Карон  мутахасисони кордон, бостоншинос ва мардумшиносро   ҷалб намояд;

4. Дар корҳои тармиму барқарорсозӣ мутахассисони  Муассисаи давлатии итиҳодияи илмӣ  истеҳсолӣ оид ба тармим ва муҳофизати ёдгориҳои таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги ҶТ ҷалб карда шаванд;

5. Даъвати мутахасисони хориҷӣ тибқи “Дастур оид ба корҳои бостоншиносӣ дар ҳудуди Тоҷикистон” ба роҳ монда шавад;

6.Масъалаи омӯзиш ва таҳқиқи мавзӯи мазкур ба нақшаи кори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ ҶТ   ворид карда шавад;

7. Доир ба таҳлили пурраи маводҳо, мушаххас намудани синнусоли бозёфтҳо ва шаҳр, дар моҳи октябри соли 2015 гузаронидани семинари илмию амалӣ ба нақша гирифта шавад.

 

Раёсати  Академияи илмҳои

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан