joomla
free templates joomla

Конференсияи шашуми байналмилалии «Хусусиятҳои экологии гуногунии биологӣ»

 

     12-13 июни соли 2015, аз ҷониби Шӯъбаи илмҳои биология ва тибби АИ ҶТ дар ш. Душанбе Конференсияи шашуми байналмилалии «Хусусиятҳои экологии гуногунии биологӣ» доир карда шуд. Дар кори конференсия 120 нафар олимон ва мутахассисони соҳаи биология аз муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи илмҳо, донишгоҳҳои олии кишвар, Академияи илмҳои тибби Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва муассисаҳои  илмии Федератсияи Россия иштирок намуданд.

     Дар ҷаласаи пленарии конференсия 7 маърӯзаи илмӣ ва дар бахшҳои алоҳидаи он беш аз 100 гузоришҳои илмӣ шунида ва муҳокима карда шуданд, ки ба масъалаҳои мубрами омӯзиши гуногунии биологии олами набототу ҳайвонот,  ҳолати кунунии гуногунии биологии зироатҳои кишварзӣ, ҳифзи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордоштаи растанию ҳайвонот ва маърифати экологӣ бахшида шуда буданд.

     Дар анҷоми конференсия резолютсияи дахлдор қабул карда шуд, ки дар он дурнамои тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи омӯзиши ҳамаҷонибаи гуногунии биологӣ, ҳифз ва истифодаи устувори захираҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд.

Дар арафаи баргузории конференсия маводҳои он нашр карда шуд, ки 125 гузоришҳои илмиро дар бар мегиранд.

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан