Туғрал ва муҳити адабии ӯ
13-уми июни соли 2015 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба 150-солагии шоири шаҳири тоҷики охири қарни XIX ва ибтидои асри XX Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Туғрал ва муҳити адабии ӯ» баргузор гардид.
Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ ректори донишгоҳ профессор Нуралӣ Шоев ифтитоҳ бахшид.
Дар ҷараёни конфронс академикҳо Кароматулло Олимов, Хуршеда Отахонова, ва узви вобаста, муовини саркотиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Муллоаҳмадов инчунин олимони шинохтаи кишвар Намоз Ҳотамов, Қурбон Восеъ, Олимҷон Хоҷамуродов, Ҷумъабой Азизқулов, Муродалӣ Иброҳимов, Абдулло Ғафуров, Мирзо Шукурзода, Нуралии Нурзод, Холмаҳмад Холов, Шамсиддин Муҳаммадиев, Сайфиддин Мирзоев, Ҳасан Шоинов, Хӯҷабӣ Каримова, Акбар Неъматзода, Абдуҳамид Шоев, Суҳайлӣ Расулов ва донишмандон аз Ҷумҳурии исломии Эрон Мармар Носирипур, Иззат Худододӣ,Масъумаи Имомӣ бо гузоришҳои илмӣ оид ба ҳаёт ва фаъолияти адабии шоири бузург Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ бо маърӯзаҳои илмӣ назди ҳозирин баромад карданд.
Конфронси мазкур дар сатиҳи баланд баргузор гардид.
Аз Камоли хешаьон дар авҷи маънӣ Туғралам.
Ин ҳама софӣ ба асли гавҳарам ҳамроҳ буд.
Хадамоти матбуоти Академияи илмҳо.