joomla
free templates joomla

Дюшен Маматканов - узви хориҷии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

    Рӯзи 11 июни соли 2015 Маҷлиси умумии  Академияи  илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он масъалаи ба узви  хориҷӣ (академик)-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани  директори Институти масъалаҳои об ва гидроэнергетикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қирғизистон, академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қирғизистон,  доктори илмҳои техникӣ  Маматканов  Дюшенузви  хориҷӣ (академик)-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

   Маҷлисро президенти Академияи  илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод  Раҳимӣ оғоз бахшида, оид ба шахсияти Дюшен Маматканов  маълумоти мухтасар дод. Сипас сухан барои муаррифӣ намудани Дюшен  Маматканов ба ноиби президенти  АИ ҶТ, раиси Шӯъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникии АИ ҶТ, академик С. Одинаев дод.

    Мавсуф оид ба фаъолияти илмии Д. Маматканов  маълумоти муфассал дода, аз ҷумла зикр намуд, ки  Дюшен Маматканов олими барҷаста дар соҳаи гидроэнергетика, гидрология, истифодаи оқилонаи об, ҳифз ва идоракунии захираҳои об  ва экология дар Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад.  Натиҷаҳои таҳқиқоти ӯ дар ин самтҳо дар бештар аз 200 кори илмӣ, аз ҷумла 12 монография дарҷ гардидаанд. Таҳти роҳбарии ӯ 18 нафар, аз ҷумла,  кормандони илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон  4 рисолаи номзадӣ ва 2 рисолаи докторӣ дифоъ намудаанд.  Дар айни замон ӯ бо олимон ва мутахассисони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ ҳамкории қавӣ дошта, дар ҳаллу фасли  масъалаҳои мубрами  истифодаи оқилонаи об ва механизми идоракунии захираҳои об дар давлатҳои Осиёи Миёна кӯмак мерасонад.

    Академик С. Одинаев аз аъзои АИ ҶТ хоҳиш намуд, ки пешниҳоди Бюрои  Шӯъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникии АИ ҶТ-ро ҷиҳати ба ҳайси узвияти хориҷии АИ ҶТ интихоб гардидани Дюшен Маматканов дастгирӣ намоянд.

    Академикҳои АИ ҶТ Мамадшо Илолов ва Собит Неъматуллоев оид ба саҳми  Дюшен Маматканов дар рушди  илм суханронӣ намуда, номзадии ӯро барои интихоб ба узвияти хориҷии АИ ҶТ дастгирӣ намуданд. Сипас аъзои АИ ҶТ якдилона  Дюшен Маматкановро  бо тартиби муқарраргардида ба  узвияти хориҷии АИ ҶТ интихоб намуданд. Президенти Академияи  илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ  қарори Маҷлиси умумии АИ ҶТ-ро қироат намуда, дипломи узви хориҷии АИ ҶТ-ро ба Дюшен Маматканов  ботантана супорид.

    Дар охири маҷлис узви хориҷии АИ ҶТ Д. Маматканов оид ба масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои идоракунии захираҳои об дар ҳудуди давлатҳои Осиёи Миёна маърӯза карда ба аъзоёни Раёсати АИ ҶТ барои пазируфтанашон ба узвияти хориҷии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос баён намуд.

    Лозим ба таъкид аст, ки тибқи моддаи 14 Оинномаи Академияи илмҳо  ба узвияти хориҷии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  он олимони барҷастаи хориҷӣ интихоб карда мешаванд, ки дар илм ва  фарҳангӣ ҷаҳонӣ саҳми  арзанда дошта бошанд.

 

Хадамоти матбуоти Раёсати АИ ҶТ

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан