joomla
free templates joomla

Академик Талбак Назаров ба Ҷоизаи байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Ситораҳои Иттиҳод» сазовор гардид

 

 

    6-уми июни соли 2015 дар шаҳри Воронежи Федератсияи Россия маросими супоридани ҷоизаҳои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Ситораҳои Иттиҳод» баргузор гардид. Барои саҳми арзанда дар рушди илм, маориф ва фарҳанг аз Ҷумҳурии Тоҷикистон   Талбак Назаров – узви Раёсати Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷоизаи байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Ситораҳои Иттиҳод» сазовор гардид. Дар маросими супурдани ҷоиза президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ низ ширкат варзид.

    Ҷоизаи байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2009 аз ҷониби Шӯро оид ба ҳамкориҳои башардӯстона ва Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои ИДМ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон таъсис ёфтааст. Ин ҷоиза ҳамасола дар се бахш - илму маориф, фарҳангу санъат ва саҳми арзишманд дар таҳкими робитаҳои башардӯстона ба шахсиятҳои арзандаи кишварҳои узви ИДМ супурда мешавад.

Аз рӯзи таъсиси ҷоиза то ин муддат аз Ҷумҳурии Тоҷикистон олимони шинохтаикишвар - академикҳоПӯлод Бобоҷонов, Нусрат Раҷабов, Далер Почоҷонов, Раҳим Масов сазовори ҷоизаи "Ситораҳои Иттиҳод" гардидаанд.

Имсол дар баробари Талбак Назаров, Чингиз Абдуллоев аз Озарбойҷон, Ростислав Янковский аз Беларус, Михаил Мунтян аз Молдова, Динара Чочумбоева аз Қирғизистон, Рафаэл Котанҷян аз Арманистон, Бибигул Нусибҷонова аз Қазоқистон ва Владимир Федосеев аз Россия соҳиби "Ситораҳои Иттиҳод" шуданд.

    Талбак Назаров феълан раиси Фонди хайрияи Тоҷикистон аст, ки соли 1997 таъсис шуда, асосан барои мардуми аз офатҳои табиӣ зиёндида кӯмак мекунад. Ӯ 77 сол дорад ва аз соли 1994 то 2006 ба ҳайси вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, айни замон узви Раёсат ва академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1988), академики Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ (1991), дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Точикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2003) мебошад.

Мавсуф соли 1956 Техникуми молиявию кредитии собиқ шаҳри Сталинобод, соли 1960 Донишкадаи молиявию иқтисодии Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) ва соли 1965 аспирантураи ҳамин донишкадаро хатм кардааст. Соли 1974 дар мавзӯи “Масъалаҳои усулҳои ҳавасмандгардонии молиявии пешрафти техникӣ дар саноат” рисолаи докторияшро ҳимоя карда, соли 1976 профессор ва соли 1991 академики Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб гардидааст.

    Талбак Назаров дар гузашта ба ҳайси ректори Донишгоҳи миллӣ, вазири маориф, ноиби президенти Академияи илмҳо, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда, бо орденҳои «Нишони фахрӣ», “Ситораи Президенти Тоҷикистон” ва “Дӯстӣ” сарфароз гардидааст. Ӯ ҳамчунин дорандаи Ҷоизаи Созмони ҳамкориҳои иќтисодӣ низ мебошад.

    Бегоҳии 8-уми июни соли 2015 дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе устоди соҳибҷоиза Талбак Назаровро ноибони президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони масъули Раёсати Академияи илмҳо ботантана истиқбол намуданд.

    Талбак Назарович Назаров - (15 марти соли 1938, ноҳияи Данғара) арбоби давлатӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ (1975), профессор (1976), академики Академияи илмҳои ҶТ (1991), академики Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ (1991), Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1988), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2003).

    Донишкадаи молия ва иқтисоди Ленинград ба номи Н.Л.Вознесенскийро соли (1960), (инчунин аспирантура (1965) ва докторантураи (1975) - ДМИЛ) хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун муаллими калон (1960-1972)сар карда, ба ҳайси мудири кафедраи молия ва қарз, ҷонишини декан, проректори шӯъбаи шабона, декани факултети иқтисодии ДДТ (1976-1982), ректори ДДТ (1982-1988) кор кардааст. Ӯ раиси Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (вазифаи ҷамъиятӣ 1986-1988), вазири маорифи ҶШС Тоҷикистон (1988-1990), ҷонишини аввали раиси Шӯрои вазирон - раиси Кумитаи давлатии тарҳрезии ҶШС Тоҷикистон (1990-1991), ноиби президенти Академияи илмҳои ҶТ (1991-1994), вазири корҳои хориҷии ҶТ (1994-2006), узви Раёсати Академияи илмҳои ҶТ(1991 - то имрӯз), вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1980-1990) ва вакили халқии ИҶШС (1991-1992) буд. Ба ҳайси Раиси Шӯрои ректорони мактабҳои олии ҶШС Тоҷикистон ва узви Кумитаи давлатии маорифи халқи ИҶШС (1982-1988) фаъолият бурдааст. Ӯ инчунин, раиси ҳайати Ҳукумати ҶТ дар гуфтушуниди байни тоҷикон (1996-1997) барои хотима додани Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон фаъолият намудааст ва барои дарёфти оштии миллӣ ва сулҳ дар Тоҷикистон саҳми хешро гузоштааст.

Фаъолияти илмӣ

Талбак Назаров муаллифи зиёда аз 100 рисолаю маколаҳои илмӣ оид ба илми иктисодиёт мебошад. Таълифоти ӯ дар соҳаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон:

  • Сиёсати мо сиёсати ошкорост (1996),
  • Сиёсати мо созанда аст (1996),
  • Тоҷикистон ва мақоми он дар ҷомеаи байналмилалӣ (1997),
  • Тоҷикистон: иқтисод, сиёсат ва ҳамкориҳои байналмилалӣ (2001),
  • Тоҷикистон: ҳамкориҳои и қтисодӣ ва амният (2003),
  • Тоҷикистон: рушди иқтисодӣ ҳамоиш ва ҳамкориҳои минта қавӣ (2004),
  • Дипломатияи муосири тоҷик (2006) (бо Абдунабӣ Сатторзода)
  • Ислоҳоти и қтисодӣ, ҳамкориҳо ва амният (2013).

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан