joomla
free templates joomla

МУЛОҚОТ БО МАРДУМ

Сафари ҳайати олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии

Тоҷикистон ба шаҳру ноҳия ва вилоятҳои ҷумҳурӣ 

ГУЗОРИШ

оид ба натиҷаи сафари ҳайатҳои олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ барои шарҳу тавзеҳ додани Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба аҳолии кишвар шарҳу тавзеҳ додани нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати олимони шинохтаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 9 гурўҳ, ки ба онҳо 60 нафар шомил буданд, тайи рўзҳои 3-9 феврали соли 2015 ба шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафар карда, бо аҳли ҷамоатчигӣ ва сокинони он мулоқот доир намуданд. Ҳамин гуна вохўриҳо дар чаҳор ноҳияи пойтахт низ сурат гирифтанд.

Зимни баргузории вохўриҳо олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон перомуни мавзўъҳои худшиносию худогоҳӣ, тарбияи ватандорию ватандўстӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии илмӣ, мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, хурофотпарастию ифротгароӣ, масъалаҳои оиладорӣ, оқибатҳои зараровари никоҳи хешутаборӣ, вазъи ҷаҳони муосир вобаста ба раванди ҷаҳонишавӣ ва амсоли инҳо мубодилаи афкор намуданд. Аз ҷумла:

1. Рўзҳои 4-ум то 6-уми феврали соли 2015 гурўҳи корӣ таҳти сарварии ноиби президенти Академияи илмҳо, академик Саидмуҳаммад Одинаев, мудири шўъбаи таҳқиқ ва нашри мероси хаттии  Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ, мудири шўъбаи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ Имонқул Бўриев ва мудири шўъбаи таърихи муосири Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии  АИ ҶТ Абдуллоҷон Ғафуров дар ноҳияҳои  Ваҳдат, Файзобод ва Рўдакӣ сафар карда ба аҳли ҷамоатчигӣ ва сокинони ноҳияҳои мазкур вохўриҳо баргузор намуданд.

4-уми феврал дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Ваҳдат низ чунин мулоқот доир гардид, ки дар он зиёда аз 450 нафар сокинони шаҳру ноҳия ширкат варзиданд. Таваҷҷўҳи асосӣ дар ҷамъомад ба масоили иқтисодию иҷтимоӣ, рушди илму маориф, тарбияи насли наврас ва Соли оила эълон гардидани соли 2015 равона гардид.

5-уми феврал мулоқоти ҳайати гурўҳи корӣ бо сокинони ноҳияи Файзобод барпо гардид. Дар оғози ҷамъомад раиси ноҳияи Файзобод Имомназар Каримов сухан ронда меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Сипас сардори гурўҳ, академик Саидмуҳаммад Одинаев роҷеъ ба нуқтаҳои асосии Паёми Президент, ки ҷанбаҳои иқтисодиро фаро мегиранд муфассал ҳарф зада, ҷавононро ба илмомўзӣ ҳидоят намуд.

6-уми феврал чунин мулоқот бо сокинони ноҳияи Рўдакӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад олимон дар атрофи Паёми Президенти мамлакат сухан ронда иброз доштанд, ки Паём воқеан ҳуҷҷати муҳими созанда дар ҳалли мушкилоти ҷомеа буда, баҳри татбиқи ҳадафҳои  стратегӣ ба мақсади рушди иқтисодиву иҷтимоии давлат ва баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии  аҳолӣ нигаронида шудааст.

2. Бо мақсади тарғибу ташвиқи ин санади бунёдӣ ва доир намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо мардум перомуни масоили умдаи рўз, гурўҳи олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии ноиби президенти АИ ҶТ, академик Муҳиба Якубова аз 4-ум то 7-уми феврали соли 2015 дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз қабили шаҳри Турсунзода, ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав ва мавзеи Харангони ноҳияи Варзоб бо аҳли ҷамоатчигӣ ва сокинони он вохўрӣ баргузор карданд.

Зимни вохўрӣ ҳайати  гурўҳ иборат аз олимони шинохта, аз қабили академик – Ғиёсиддин Мироҷев ва докторҳои илм, профессорон Саъдулло Исломов ва Саъдулло Раҳимов роҷеъ ба масъалаҳои мубрами ҷомеа, инчунин перомуни бемориҳои сироятӣ, солимии модару кўдак, рушди илми тиб, ба роҳ монда шудани трансплантатсияи узвҳои дохили бадан, бахусус гурда, омори дарозумрии аҳолӣ ва ҳоказо байни аҳолӣ баромади пурмўҳтаво карданд.

3.  Гурўҳи дигари олимон, аз қабили узви вобастаи  АИ ҶТ, доктори илмҳои филология, профессор, муовини саркотиби илмии АИ ҶТ – Мирзо Муллоаҳмадов, директори Институти химия, доктори илми химия, профессор Зайниддин Муҳиддинов, мудири шўъбаи таърихи санъати Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АИ ҶТ Аскаралӣ Раҷабов рўзҳои 3-юм то 5-уми феврали соли 2015 ба ноҳияҳои водии Зарафшони вилояти Суғд, аз ҷумлаи ноҳияҳои Айнӣ ва Панҷакент сафар карда, аз наздик бо сокинони он мулоқот барпо намуданд.

Дар шаҳри бостонии Панҷакент олимон бо қишри мухталифи ҷомеа вохўрӣ намуда аз ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат, ки ҳадафаш рушди устувори ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии халқ мебошад сухан ронда, ҳозиринро доир ба омўзишу татбиқи технологияҳои пешқадами илмию инноватсионӣ, забонҳои хориҷӣ, таърихи куҳан, фарҳанг ва адабиёти пурғановати тоҷику форс, арзишҳои волои инсонӣ, расидан ба қадри сулҳу ваҳдат, истиқлолият ва давлатдории миллӣ ҳидоят намуданд.

Мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва хеле таассуротбахш сурат гирифт.

Дар рафти мулоқот ба суолҳои мардум посухҳои мушаххас дода шуд, вобаста ба онҳо олимони соҳа ибрози ақида намуданд.

Дар ноҳияи Айнӣ бошад сокинони он аз Раёсати Академияи илмҳои ҷумҳурӣ дархост ба амал оварданд, ки имсол ба зодрўзи яке аз чеҳраҳои барҷастаи адабиёти охири қарни XIX ва аввали асри XX тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ 150 сол пур мешавад, агар дар хусуси таҷлили ҷашни мазкур тадбирҳо ба нақша гирифта шаванд кори басо хайре мебуд.

4. Гурўҳи дигари олимон аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои Ғончӣ, Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Исфара, Конибодом, Истаравшан, Спитамени вилояти Суғд рафта бо аҳли ҷамоатчигӣ ва фаъолони он сўҳбату вохўриҳо доир намуданд.

Дар рафти вохўриҳо бо мардум олимони шинохтаи кишвар узви вобастаи  АИ ҶТ, муовини директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи АИ ҶТ  Ҳ. Абдуллоев, доктори илмҳои техникӣ, муовини президенти АИ ҶТ оид ба кори таълим  Р. Азизов, доктори илмҳои физикаю математика, раиси Маркази илмии Хуҷанд А. Абдуманнонов, номзади илмҳои физикаю математика, муовини Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АИ ҶТ  А.  Саломов ва кормандони филиали Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АИ ҶТ дар шаҳри Чкаловск  ширкат варзида дар атрофи Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Зимни мулоқотҳо намояндагони Академияи илмҳо аслан оид ба масоили иҷтимоӣ, иқтисодӣ, оқибатҳои номатлуби издивоҷи хешутаборӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, бемориҳои ирсӣ, маризиҳои сирояткунанда, муҳоҷирати меҳнатӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд мубодилаи афкор намуданд.

Беҳуда нест, ки роҳбари хирадманди мамлакатамон Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намуданд, ки тақдири миллат, ояндаи кишвар ва пешрафти ҷомеа аз бисёр ҷиҳат ба фаъолияти зиёиёну равшанфикрони аҳли илму маърифат вобастагӣ дорад. Зеро дар ҳар давру замон зиёиён ҳамчун қишри огоҳу бедордили ҷомеа, ҳодӣ ва раҳнамои миллат, мубаллиғ ва  мунодии арзишҳои волои инсонӣ маҳсуб меёбанд.

Дар анҷом мардум аз намояндагони илм хоҳиш карданд, ки синну соли никоҳ тавассути қонунгузории миллӣ аз синни 20-солагӣ баста шавад ва дар нақшаи таълимии мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ ҷорӣ намудани фанни «Оиладорӣ», инчунин теъдоди нашри китоби «Қобуснома» барои китобхонаҳои мактабӣ афзун гардад.

5. Гурўҳи олимон Кобулиев З.В. – директори Институти масъалаҳои об, гидроэнер-гетика ва экология, доктори илмҳои техникӣ, профессор, Мирсаидов А. – муовини директори Институти иқтисодиёт ва демография, доктори илмҳои иқтисодиёт, профессор,Эшов Б.Б. – мудири муассисаи давлатии илмӣ-таҷрибавӣ ва истеҳсолӣ, номзади илмҳои химия ва Гиёев Қ. – номзади илмҳои фалсафа,  мудири шўъбаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовиддинов, ба шаҳри Қурғонтеппа,  ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Ҷиликул, ноҳияи Шаҳритуз, Қабодиён, Панҷ, Қумсангир, шаҳраки Норак сафар намуданд.

Дар ин сафар  гурўҳи олимонро аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Хатлон Шарипов Сафарбек Бозорович – мудири шўъба оид ба корҳои дин, танзими анъанаҳо ва маросимҳои миллӣ ва Саидов Бобоҷон Шарифович – мудири шўъбаи маънавиёт ҳамроҳи намуданд.

Лозим ба тазаккур аст, ки ҳангми баргузории мулоқотҳо сокинони минтақаҳои зикршуда олимонро хуш пазируфта, аз ташрифи онҳо шод гардиданд. Ҳамагон, бо меҳри том, тарафдори самти пешгирифтаи давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ бо роҳбарию роҳнамоии Ҷаноби Олӣ, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Ба иштирокчиёни ҷаласаҳое, ки моҳияту муҳтавои Паёми навбатӣ аз ҷониби гуруҳи корӣ баррасӣ гардид, ин иқдом хуш пазируфта шуд.

Иштирокчиёни ҷаласаҳо масъалаҳои мубрами маҳалли худро пешниҳод намуданд, ки чунинанд:

- нарасидани оби нўшокӣ дар ноҳияҳои Ҷиликул, Шаҳритус ва Кабодиён;

- бад будани ҳолати роҳҳо дар қаламрави Вилояти Хатлон, ба ҷузъ аз шоҳроҳи Қурғонтеппа-Душанбе ва Қурғонтеппа-Кўлоб;

- истифода нашудани манбаъҳои ғайрианъанавии энергия, ба хусус энергияи офтоб дар ноҳияҳои Шаҳртус ва Қабодиён;

- ташкил намудани марказҳои санҷиши саломатӣ ҷиҳати аз байн бурдани издивоҷи хешутаборӣ дар ҳамаи ноҳияҳо бо муайянсозии сохтори ягонаи муайян дар ҷумҳурӣ;

- танзими сохтмони масҷид ва мадрасаҳо тибқи меъёрҳои ҷорӣ дар маҳалҳо;

- беҳдошти соҳаи таълиму тарбия тибқи баланд бардоштани нуфузи муаллимҳои мактабҳои таҳсилоти умумӣ;

- пеша кардани ғояҳои ватандустӣ, омўзиши минтақаи зист ва гиромӣ доштани мероси ниёгон;

- дастгирии ҳамаҷонибаи фаъолияти соҳибкорон дар маҳалҳо;

- масоили ҳамаҷониба тайёрӣ дидани хатмкунандагон дар маҳалҳо ва супоридани имтиҳонот дар Маркази ягонаи тестӣ;

- ташкил намудани комиссияҳои сайёр аз ҷониби олимон ва мутахассисин, ҷиҳати муайянсозии масъалаҳои ҳалталаб дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ, алалхусус вилояти Хатлон.

5. Дар таърихи 3-5 феврали с. 2015 ҳайати олимони Академияи илмҳо Муминов Ҳ.Ҳ. – директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АИ ҶТ,  Абдураҳимов А. – муовини директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи А.Рўдакии АИ ҶТ, Муҳаммадҷонова  М. – ходими пешбари илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ ба ноҳияҳои минтақаи Кўлоб сафар намуданд.

Таърихи 3 феврал соати 10.00 дар ноҳияи Данғара дар бинои Донишгоҳи давлатии Данғара вохўрӣ бо донишҷўён ва устодони ин донишгоҳ доир гардид. Худи ҳамон рўз соати 14.00 дар  ноҳияи Темурмалик бо раиси ҳукумати ноҳия воҳўрда, дар толори назди ҳукумат воҳўри бо намояндагони аҳолии ноҳия гузаронида шуд. Рўзи 4 феврал соати 10.30 дар ноҳияи Ҳамадонӣ якҷоя бо Тағаева М.-  муовини раиси ноҳия бо намояндагони аҳолии ин ноҳия вохўрӣ гузаронида шуд. Баъдан дар  ноҳияи Фархор пас аз вохўрӣ  бо раиси ноҳия Раъно Раҳимзода дар толори маҷлисгоҳ воҳўрӣ бо намояндагони аҳолии ин ноҳия доир гардид. Дар  ноҳияи Восеъ расида бо раиси ин ноҳия ва раиси дастгоҳ нақшаи вохўриҳоро барои фардо кашидем ва ба ш.Кўлоб ба меҳмонхона баргаштем. Субҳи 5 феврал дар ноҳияи  Восеъ дар бинои Ҳукумати ноҳия вохўрӣ бо донишҷўёни коллеҷи тиббӣ ва гимназия гузаронида шуд. Соати 16.00 ҳамин рўз дар ш. Кўлоб дар бинои коллеҷи тиббӣ вохўрӣ бо донишҷўён ва устодони ин коллеҷ баргузор гашт. Дар вохўриҳо асосан нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуда, ба саолҳои иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас дода шуданд.

6. Аз рўзи 4 то 10 уми феврал олимон Шоисматуллоев Ш. - -узви вобастаи АИ ҶТ, мудири шўъба дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ, Гулаёзов М.-мудири шўъбаи робитаҳои байналмилалии АИ ҶТ, Юсуфбеков Ш. - директори Институти илмҳои гуманитарии АИ ҶТ,  Наврўзшоев Д.-директори Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбеков, Фелалиев А.- академики АИ ҶТ ва  Абдуламонов Қ.-  муовини директори Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбеков дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Дарвоз, Шуғнон, Роштқалъа бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигӣ вохўриҳо доир намуданд.

 Гуруҳи корӣ дар Донишгоҳи давлатии ш. Хоруғ ба номи М. Назаршоев, дар беморхонаи вилоятӣ дар ш. Хоруғ; дар ҷамоатҳои Сучон, Навобод, Вир ва Ванкалъаи ноҳияи Шуғнон; ҷамоатҳои Тавдем, Тусён, Мирсаид Миршакар, Рошткалъа ва Сежди ноҳияи Рошткалъа; дар маркази ноҳияи Ишкошим ва деҳаи Намадгуди ҷамоати Ишкошим;  ҷамоатҳои Нулванд ва Калъаи Хуми  ноҳияи Дарвоз; ҷамоатҳои  Ванҷ ва Водхуди ноҳияи Ванҷ; ҷамоатҳои Рушон ва Н.Додхудоеви ноҳияи Рушон; дар маркази ноҳияи Мурғоб (дар мактаби № 14) вохуриҳо ва субатҳо гузаронид.

7. Гурўҳи олимон дар ҳайати академикҳо – К.Олимов, Р. Масов ва А. Турсунов тайи ин рўзҳо бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии ноҳияҳои шаҳри Душанбе вохўриҳо намуданд.

Чунончи, 3-юми феврали соли 2015 дар толори маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт баргузор гардид. Ҳадаф аз ҷамъомади мазкур аслан ба мардум тарғибу ташвиқ намудани нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буд.

Ҷамъомадро ба ин муносибат президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ бахшида, роҷеъ ба муҳтавои Паёми Президенти кишвар сухан ронд. Сипас, олимони шинохтаи АИ ҶТ - ноиби президенти АИ ҶТ Кароматулло  Олимзода, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ  ҶТ Раҳим Масов ва директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи А.Рўдакии АИ ҶТ Акбар Турсунов ба ҳозирин нукоти ниҳоят муҳиму зарурии Паёми Президенти кишварро, аз қабили эълон гардидани соли 2015 – «Соли оила», доштани идеяи созандаи ягонаи миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, ба хубӣ донистани таърихи миллати хеш, бархурдорӣ аз техникаву технологияи муосир, худшиносиву худогоҳии миллӣ, инчунин ташвиқу тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ дар байни мардум суханрониҳои пурмуҳтаво намуда Паёми Президенти мамлакатро ҳамчун санади раҳнамо ва барномаи амал арзёбӣ карданд.

Нотиқон зимни суханронии худ иброз доштанд, ки вазифаи олимони тоҷик ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ дар афкори ҷомеа маҳсуб меёбад.

 

 

 

 

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан