joomla
free templates joomla

#МИЗИ МУДАВВАР. ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ ВУСЪАТ МЕЁБАНД!

  Эҳтимол ин сурати 10 нафар аст.
  Дар доираи баргузории рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Туркманистон дар шаҳри Душанбе имрӯз (04.04.2024)дар толори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввар бо иштироки президентҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркманистон, олимону зиёиёни илмӣ ва эҷодии ҳарду кишвари бо ҳам дӯст дар мавзӯи «Махтумқулӣ Фирагӣ - тарбиягари идеяи бародарии халқҳо» баргузор гардид.
   Нахуст Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт Президенти Академияи илмҳои Туркманистон Аширов Аллаберди Аширович ва ҳамроҳони ӯро ташрифашонро хайру мақдам гуфта, изҳор дошт, ки ҳамкориҳоро дар самти илми ду кишвари дӯсту бародар густариш дода, барои ба даст овардани натиҷаҳои илмии назаррас талош хоҳем кард. Зимнан Президенти Академияи илмҳои Туркманистон Аширов Аллаберди Аширович низ дар баромадашон суханони Хушвахтзода Қ.Х. ҷонибдорӣ намуда, баён дошт, ки ҳамкориҳои илмиро ҷоннок хоҳем кард.
Зимни баргузории мизи мудаввар Суфизода Шодимуҳаммад – директори китобхонаи марказии илмии ба номи И. Ганди, Давлатзода Раҳматкарим Мирзокаримович – директори Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ, Оразсахдов Давут – директори Институти забон, адабиёт ва дастхатҳои миллии ба номи Махдумкули АИТ, Файзулло Баротзода – Раиси комиссияи МНМОҶТоид ба одоби парлумонӣ, Хангельдиев Гулялек – Ходими калони илмии Институти забон, адабиёт ва дастхатҳои миллии ба номи Махдумкули АИТ, Аскаралӣ Раҷабов – Мудири шуъбаи санъати Институти таърих бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ, Хоммиева Маягозель – Ходими калони илмии Институти забон, адабиёт ва дастхатҳои миллии ба номи Махдумкули АИТ, Саидов Абдуқаҳҳор – Ходими пешбари илмии Институти таърих бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ, Ширнепесов Аманнепес Гоюнчыевич – Мудири кафедраи адабиёти туркмени ДДТ ба номи Махтумкули, номзади илмҳои филологӣ, Назар Муъмин Абдуҷалол – котиби илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ ишитрок ва суханронӣ намуда доир ба моҳияти ин ҳамоиш фикру ақидаҳои худро баён намуданд.
   Бояд гуфт, ки мақсад аз баргузории мизи мудаввар ба муносибати 300- солагии шоир ва муттафакири Шарқу туркман Махтумқулӣ Фарохӣ ба нақша гирифта шуда, дар заминаи ин олимон ва зиёиёни илмӣ ва эҷодии Туркманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои судманди илмии худро равнақу густариш медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо азму талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷумҳурии Туркманистон бо ҳам шарики стратегӣ буда, маҳз дар заминаи ин ҳамкориҳои густурда дар соҳаҳои гуногун барқарор намудаанд. Маҳз дӯстиву бародарии роҳбарони ин ду кишвар аст, ки равобитҳои давомдор ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар низоми давлатдории ин ду кишвар мустаҳкаму устувор гардидаанд.
Ҳамкории муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Туркманистон дар низоми мутақобилан судманд ба роҳ монда шуда, то ин ҷониб чандин созишномаву санадҳои лозима ба тавсиб расонида шудаанд. Дар оянда қарор аст, ки ҳамкории муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Туркманистон дар низоми сифтан нав ба роҳ монда шаванд.

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан