joomla
free templates joomla

СЕМИНАР – МАШВАРАТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

  Эҳтимол ин сурати 3 нафар, ҳуҷраи ахбор ва матне, ки "UNIVERSITY MICIAN OSIMI €19560 донишгохи техникии точикистон номи академик осими бехтарин донишгох барои ояндаи бехтарин! tu.tj таджикский технический университет академика осими лучший университет для лучшего будущего! www.ttu.tj 1956 HNICAL UNIVERSITY OSIMI бехтарин www.ttu.tj you ояндаи бехтарин! донишгохи техникии точикистон кадемик 作自翻目宿) M.COC лучший университет для лучшего таджикский технический университет мика M.C. осими +u.tj 1956 донишгох гехники академ 1956 таджикский техничес BOSCH ®BOSCH" мегӯяд аст.
  02 апрели соли ҷорӣ бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024 АП №-481 ва амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар бораи дар сатҳи баланд баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” дар толори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ сенминар - машварати озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”баргузор гардид.
Дар кори ин семинар – машварат ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Давлатзода Қудрат Қамбар., ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қоҳирова Гулчеҳра Исроиловна., котиби ҳамоҳангсози озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” шахсони мутасаддии озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, Роғун, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав, Варзоб, Файзобод) иштирок ва суханронӣ намуданд.
   Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” роҳандозӣ гардидааст. Бояд гуфт, ки масъулони асосӣ барои баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати кишоварзӣ Саридораи геология мебошанд. Ҳамзамон Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии милли иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва нашрияҳои давлатӣ вазифадоранд, ки саҳми худро дар тарғибу ташвиқи ҷараёни баргузории озмун гузоранд.
  Мақсад аз баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” ин амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” буда, дар ин замина рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорон ва навоварӣ, пайвасти илм ба истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ҳамчунин барои дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо мусоидат менамояд.

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан