joomla
free templates joomla

#Мизи мудаввар. “ШОҲНОМА”-И ФИРДАВСӢ ВАСИЛАИ МУҲИМИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛИИ ҶАВОНОН

 

 

 

Возможно, это изображение 6 человек и помост
  28 марти соли равон мизи мудаввари Шуроҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар ин мизи мудаввар Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт раиси вилояти Хатлон, Раиси Шурои вилоят Давлаталӣ Саид, Сафарзода Анвар Ислом сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шодиён Исматулло Раҳматуллозода – котиби ҳамоҳангсози Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидзода Раҳим Ҳамро – Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулаҳмадзода Зулфиқор – раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Файзиддинзода Бунафша – раиси Кумитаи кор занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони шуроҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок ва суханронӣ намуданд.
  Зимни баргузории ҷаласа масъалаҳои мубрам аз қабили “Шоҳнома”- и Фирдавсӣ василаи муҳими баланд бардоштани худшиносии ҷавонон, ҷоннок намудани доираи фаъолияти шуроҳои шаҳрҳои Кӯлоб, Норак, Левакант, ноҳияҳои Ховалинг, Муъминобод, Ш. Шоҳин, Ҳамадонӣ, Восеъ, Балҷувон, Темурмалик, Данғара ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, Донишгоҳи давлатии Данғараи вилояти Хатлон бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд.

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан