joomla
free templates joomla

ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ ДОИР ГАРДИД

    Эҳтимол ин сурати 4 нафар, телевизион, Кабинети байзавӣ, ҳуҷраи ахбор ва матн аст.27 марти соли равон таҳти Раёсати Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҷаласаи назоратии назди Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он ноибони Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, директорони институт ва марказҳо, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаҳо, роҳбарони ниҳодҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ тариқи онлайн иштирок доштанд.
Дар оғози ҷаласа Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир ба баргузории “Корнавали наврӯзӣ”, ки бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид ибрози андеша намуда, таъкид дошт мо бояд ҳар як суханронии Пешвои миллатро сармашқи фаъолияти ҳамарӯзаи худ қарор дода, рисолати бузурги дар наздамон гузошташударо сарбаландона иҷро намоем.
  Ҳамзамон зимни ҷаласа вазъи фаъолияти институт ва сохторҳои дар тобеъи академия буда баррасӣ гардида, доир ба беҳтар намудани вазъ дар ин самт тадибрҳо андешида шуда, зимнан ба масъулин барои иҷро дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд:
-Пешниҳоди дурусти ҳисоботи 3-моҳа, дар доираи фаъолияти илмӣ, таълимӣ, байналмилалӣ ва тарбиявию ташвиқотии кормандони институт ва марказҳо ғайр аз ҳамкорони штатӣ, агар маводи илмии якҷоя дошта бошанд ба роҳ монда шавад;
-Доир ба вохуриҳои роҳбарияти АМИТ бо тамоми сохторҳо нақша чорабинӣ оид ба самтҳои мавҷуда омода гардида, пешниҳод карда шудааст, ки иҷроишаш мунтазам талаб карда мешавад;
-Ҳозиршавии магистрантон ва докторантони PhD ба дарс;
-Ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон ватани азизи ман” ва даҳҳо олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ;
-Дуруст ба роҳ мондани фаъолияти пойгоҳҳои таҷрибаомӯзӣ ва осорхонаҳо бартараф намудани норасоиву камбудиҳои мавҷуда аз ҷониби (Институти таърих, Инстиути асрафизика, Институти Забон ва адабиёт, Институти Геология ва ғ.);
-Бештар баргузор намудани хонишҳои илмӣ-сиёсӣ аз ҷониби олимони соҳибмактаб ва бо иштироки кормандону олимони институт ва зерсохторҳои академия;
-Беҳтар намудани вазъи фаъолияти Шуроҳои диссертатсионӣ ва ҳимояҳо аз ҳисоби кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, баланд бардоштани шумораи унвондорҳо;
-Фароҳам овардани базаи моддӣ-техникӣ барои кормандони АМИТ, харидории лабараторияҳои замонавӣ, тадбиқи илм дар истеҳсолот ва ба даст овардани натиҷаҳо дар ин самт, ҷалби сармояҳои хориҷӣ аз ҷониби роҳбарони сохторҳо;
-Масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ супориши бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, зарур аст, ки тамомои кормандони академия ба омӯзиши ин забонҳо ҷалб карда шаванд;
- Иштироки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар рейтингҳои байналмилалӣ, пешсаф гардидани он дар самти илм;
- Дурӯст ба роҳ мондани фаъолияти корӣ дар самти 20 солаи омўзиши рушди фанҳои табиатшиносӣ, диқиқ ва риёзӣ дар АМИТ;
- Баргузор намудани чорабиниҳо оид ба санаҳои муҳим, ки бо дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ба АМИТ дода мешавад, аз ҷумлаи, Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Рузи Президент, Иҷлосияи 16-уми Шурои олӣ, Ҷашни Сада, Меҳргон, Навруз, Парчам, мавлуди шоирону нависандагон ва ғайраҳо пай дар пай баргузор карда шавад.

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан