joomla
free templates joomla

БАЛАНД БАРДОШТАНИ НУФУЗИ ИЛМИ ТОҶИК ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

    Возможно, это изображение 6 человек

   27 марти соли ҷорӣ вохурии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо кормандони Раёсати байналмилалии академия баргузор гардид. Зимни вохурӣ Президенти академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт нахуст баҳри тақвиятии корҳо дар Раёсат аз он ҷумла, дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ таъсиси курсҳои забономӯзӣ ба масъулин дастурҳои мушаххас доданд.

Зимнан дар рафти вохурӣ ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти Раёсати байналмилалӣ роҳбарияти академия масъалаҳои мазкурро баррасӣ намуданд:
-Қабули кадрҳои донандаи на кам аз ду забони хориҷӣ;
-Муайян намудани кор дар институтҳое, ки бо ҳамтоёни хориҷӣ кору фаъолият доранд;
-Баланд бардоштани нуфузи илми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ;
-Ҷалби аспирантону магистрантон ва докторантон аз ҳисоби хориҷиён;
-Мустаҳкам намудани базаи моддию техникӣ, чун асри техникаю технология аст;
-Вусъат бахшидани кор миёни олимони ҷумҳурӣ бо олимони хориҷи кишвар;
-Омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузории форумҳо;
-Расонаӣ намудани маводҳои илмиву омавии кормандони АМИТ;
-Таъсиси дастаи олимпӣ ҷиҳати иштирок дар озмунҳо ва олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ аз ҳисоби магистрантон, аспирантон, докторантони PhD ва кормандони илмии АМИТ;
-Таъмин ва иштироки кормандони АМИТ дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад.

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан