joomla
free templates joomla

НАВРӮЗ – ҶАШНИ ҚАДИМАИ НИЁГОН

  Паёми табрикотии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

Ҳамдиёрони гиромӣ!
   Қаблан фарорасии Наврӯзи байналмилалиро, ки бо пайки хуҷастаи худ ба табиати куҳандиёр таровати тоза, ба хонадон шодиву нишот ва файзу баракат, ба дили мардум армуғони умеду орзуҳои наҷиб меорад, бароятон табрик намуда, олитарин ормонҳои некро таманно дорам. Наврӯз ба унвони мардумитарин ва қадимтарин ҷашн дар давоми солҳо шаҳомати таърихии моро таъмин намуда, барои шинохт ва салобати миллии мо бисёр пояи устувор гузошт. Воқеан, Наврӯз тору пуд ва ҳастии моро ташкил медиҳад. Мо миллати наврӯзем, ки беш аз шаш ҳазор сол мешавад онро ҷашн мегирем. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Ҷашни Наврӯз ки имрӯзҳо дар диёри биҳиштосои мо таҷлил мегардад, васлгарии дирӯзу имрӯз, ҳимоятгари суннатҳои волои ниёгон, решапайванди наслҳо, бозгашт ба асли хеш ва эҳёи беҳтарин расму ойин ва анъанаҳои миллиамон мебошад».
Ҳамватанони азиз!
Бояд қайд намоям, ки Наврӯз покиву покизакорӣ ва осудагиву накӯкориро дар ҳама давру замон талқин намуда, мардумро ба созандагиву бунёдкориҳо даъват мекунад. Ҳамин аст, ки ин ҷашни бузург бо шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон на танҳо мақоми расмиро соҳиб гардид, балки бо талошҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми байналмилалиро касб карду ҳамчун омили ҳамгироӣ дар замони ҷаҳонишавӣ пазируфта шуд. Бо сарбаландӣ метавон гуфт, ки имрӯз бо сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат кулли башарият маҳаки асосии Наврӯзро, ки инсонмеҳварӣ, ободкорӣ ва таҳкими дӯстию ҳамдилист, умқан дарк намуда, онро ҷузъе аз фарҳанги хеш пиндоштанд ва ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Ба ин муносибат якояки Шуморо ба фаро расидани Наврӯзи ҷаҳонӣ самимона табрик гуфта, умедворам, ки ин соли нави аҷдодиро бо саодати хонаводагӣ дар фазои амну сулҳи миллӣ ва дастовардҳои тозаи корӣ сипарӣ мекунед.
Наврӯзи байналмилалӣ фархунда бод!

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан