joomla
free templates joomla

САДА ҶАШНИ МАРДУМИСТ

  Сада яке аз ҷашнҳои қадима ва мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад ва рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардад, ки мутобиқи солшумории милодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31 – уми январ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд. Сада дар қатори Наврӯз, Тиргон, Меҳргон аз даврони қадим яке аз ҷашнҳои бошукӯҳу шаҳомати мардумони эронитабор ба шумор мерафт. Агар Наврӯзро мувофиқи фарҳанги тақвимии миллии худ сари сол бишиносем ва аввалин ҷашни сол бидонем, Тиргон ҷашни дувуми сол пас Меҳргон ҷашни савуми сол ва Сада ҷашни чоруми соли тақвимии миллӣ аст, ки муқаддима ва заминасозие барои ҷашни Наврӯз – сари соли оянда мебошад. Аммо ҳамчунин бояд дар назар гирифт, ки ин ҷашн аз рӯйи тартиби замонӣ нахустин ҷашн аст, чун бунёдгузори он Каюмарс – дувумин шоҳ аз Пешдодиён мебошад ва қабл аз он аз ҳеч гуна ҷашне ёдоварӣ нашудааст. Дар ҳоле, ки ойин ниҳодани Наврӯз ба номи Ҷамшед – чаҳорумин шоҳи Пешдодиён ва Меҳргон ба номи Фаридун, ки беш аз ҳазор сол баъд аз Ҷамшед ба шоҳӣ расид, вобаста мебошад.

Ҷашни Сада ба оини Меҳргароӣ (Митроӣ) дуруст меояд, ки аз оини зардуштӣ 5000 сол пеш мавҷуд буд. Дар оини зардуштӣ муқаддасоти ҷашни Сада нигоҳ дошта шуд. Сада то садаи XII ҷашн гирифта мешуд, лекин баъдҳо аз байн рафт, вале нишонаҳои он- гулхан афрӯхтан, дар гирди он базм оростан ҳанӯз ҳам дар байни мардуми тоҷик ба назар мерасад.

Дар бораи пайдоиши ҷашни Сада назарҳо гуногун мебошанд. Ба ҳар сурат пайдоиши ҷашни Сада ва устураҳои марбут ба он ба масъалаи таҷаммуи рӯшноӣ ва оташ вобаста мебошад ва аз таҳаввули ташаккули қавмҳои ориёӣ дарак медиҳанд.

Дар сарчашмаҳои муътамад, аз ҷумла дар фарҳанги «Ғиёс-ул-луғот» - омадааст: «Дар форсӣ номи ҷашне аз ҷашнҳои муғон, ки ба рӯзи даҳуми моҳи баҳман бошад» , бинобар маълумоти Абдулҳай Гардезӣ (аз «Зайн-ул-ахбор»), ки сабаби Сада ном ниҳодаи ҷашнро «миёни ин рӯз ва миёни Наврӯз сад шабонарӯз бувад, яъне 50-рӯзу 50-шаб».

Дар тафсирҳои мавҷуд то кунун дар хусуси Сада маълумоти фаровоне гирд омадааст, ки аксаран аз таъбиру тафсири луғавии худи калимаи “сада” шурӯъ мегардад, ки решаи он аз шумори сад (100) мебошад. Аз ҷумла дар “Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ”-и Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ омадааст:

“Сада, мансуб ба адади сад, ки аслан аз вожаи «садак»-и паҳлавӣ моя гирифта ва дар арабӣ сазақ ва садақ шуда, ҷашнест, ки дар баҳманрӯз аз баҳманмоҳ (шаби даҳуми баҳман) бо барафрӯхтани оташ, тайи маросими хоссе анҷом мегирад. Дар ваҷҳи тасмияи он ба «сада» орои мухталифе матраҳ шудаанд:

Аз Сада то Наврӯз сад рӯзу шаб аст ва дар ин рӯз теъдоди фарзандони Каюмарс ба сад расид. Аз Сада то замони гирдоварии ғалла сад рӯз боқист, зеро дар навоҳии муътадил, ҳудуди панҷоҳ рӯз баъд аз Наврӯз метавон гандум ва бавижа ҷав бардошт кард. Дар таъйиди ин назар бояд гуфт, ки дар бархе рустоҳо ва шаҳрҳои ҷануби Хуросон, ҳамзамон ба оташафрӯзӣ дар шаби даҳи баҳман ва ҳангоми баргузории ҷашни сада ашъоре хонда мешаванд, ки мисраи баргардони он чунин аст: «сада, сад ба ғалла панҷа (панҷоҳ) ба Наврӯз.

Дар тақвими куҳани эронӣ солро ба ду бахши номусовӣ тақсим мека рданд: фасли гарм, аз аввали фарвардин то поёни меҳр ва фасли сард, аз аввали обон то поёни исфанд. Рӯзи даҳуми баҳман, яъне обонрӯз, дуруст миёнаи зимистон аст, ки дар он сармо ба авҷи худ мерасад ва дуруст сад рӯз аз зимистон мегузарад.”

Чунон ки дида мешавад, дар ин манбаъ ҳама тафсирҳои мавҷуд ба асоси шумори сад аст, ки назари дигар ҳам бар ҳамин мабно буда, рӯзе шумурда мешавад, ки дар он гӯё шумори фарзандони Одам ба сад расидааст. Албатта, назарҳои дигаре ҳам вуҷуд дорад, ки аз ҷумла калимаи “сада”ба маънои зуҳури фурӯғ ва рӯшноӣ маънидод мешавад. Абурайҳони Берунӣ дар бораи бунёднгузори ин ҷашн ҳам назари ғолиб бар Ҳушанг – дувумин шоҳи Пешдодиён, набераи нахустин шоҳ – Каюмарс ва фарзанди Сиёмак далолат мекунад.

Аҳёнан, ин ҷашн ба Фаридун низ нисбат дода шудааст, ки дар ин хусус дар “Фарҳанги асотир”-и мазкур омадааст:

“Ҳарчанд роҷеъ ба решашиносии вожаи “Сада”, пайдоишу ҷашнгирии он ривояту ақоиди гуногун аз қадим то ба имрӯз дар таълифоти муҳаққиқону адибон ба назар мерасад, аммо бояд таъкид намуда, ки дар меҳвари ин ҷашн оташ меистад. Сада ҷашни гиромидошти оташ аст. Зеро оташ дар асотири мардумони ориёӣ порае аз Хуршед дар рӯйи замин аст, ки ҳам фурӯғ медиҳаду ҳам гармӣ.

Аммо ончи дар “Шоҳнома” дар бораи Сада омада, рабте ба шарҳу маънидоди ин калима надорад, вале аз он ба тавре ёдоварӣ мешавад, ки онгуна ки хосси ин шоҳасари беназир ва сабки соҳиби он аст, аз дидгоҳи ақлу мантиқ ва ҳадафмандӣ (идеянокӣ) нисбат ба тамоми марҷаъҳо ва манбаъҳои дигар маъқултар ва ҳакимонатар ба назар мерасад, агарчи “Шоҳнома” худ қабл аз ҳам як асари бадеист ва бояд дасти соҳиби он дар хаёлпардозӣ бозтар аз ҳар каси дигар бошад.

Қабл аз ҳама бояд ёдовар шуд, ки маълумот дар бораи зуҳури Сада дар “Шоҳнома” хеле муфассалтар ва пурмаънотар аз он маълумотест, ки дар ҳамин китоб дар бораи Наврӯз ва Меҳргон омадааст. Агар дар хусуси зуҳури он ду ҷашни бузург шоир ба се то чаҳор байт иктифо карда бошад, дар хусуси зуҳур ва оғози Сада шумори абёт хеле бештар аст ва гузашта аз ин дар хусуси он боби махсусе дар “Шоҳнома” вуҷуд дорад:

Бунёд ниҳодани ҷашни Сада

Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,

Сада номи он ҷашни фархунда кард.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ӯ дигар шаҳрёр,

К-аз обод кардан ҷаҳон шод кард,

Ҷаҳоне ба некӣ аз ӯ ёд кард.

Роҷеъ ба ҷашни Сада дар адабиёти форсу тоҷики асрҳои Х-ХI махсусан дар қасидаҳои шоирони дарбори ғазнавиён , аз қабили Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Асҷадӣ ва дигарон ишораву тасвирҳои нисбатан бештар ба назар мерасанд. Масалан, Унсурӣ дар қасидааш аз ҷашни Сада истиқбол карда чунин менависад:

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Афредуну аз Ҷам ёдгор аст.

Замин имшаб гӯӣ, кӯҳи Тур аст,

К-аз ӯ нури таҷаллӣ ошкор аст.

Аз унсурҳои ин ид дар байни аҳолӣ танҳо гоҳ гоҳ оташафрӯхтанро ва ҳамчунин нишонаҳои хурофот аловгардонии келину домод, оташпариҳо дар шомгоҳи рӯзи чоршанбе бо мақсади аз худ дур кардани қувваҳои бадӣ, аласкунӣ ва ё чароғмониҳо дар мазористону ҳангоми мушкилкушокунӣ ё оши бибиҳо боқӣ мондааст. Дар байни тоҷикон бо номҳои “Чоршанбесурӣ”, “Чоршанбеи охирон”, “Оташафрӯзӣ”, “Аловпарак”, баъзе суннатҳои иди Сада то ҳол машҳур аст. Танҳо оташ ва муносибати пурмеҳри одамон ба он аз ин иди куҳан нишонаанд.

Иди Сада дар байни халқ умри худро пеш мебурд. Ҳаргиз суннатҳои он аз дили мардум зудуда нагашта буд ва онро дар маҳалҳо вобаста ба шароиту вазъи ҳол ҷашн мегирифтанд.Дар кишвари мо ин ид бо шарофати истиқлолият аз нав эҳё гардид. На танҳо иди Садаро зинда карданд, балки дар сатҳи давлатӣ қонунан аз нав эҳё намуданд.

Нақш ва ҷойгоҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи арзишҳои миллӣ ҳам тавассути навиштаҳои илмии ӯ дар лобалои осори мондагори ӯ чун “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Аз Ориён то Сомониён”, “Чеҳраҳои мондагор” ва ниҳоят “Забони миллат – ҳастии миллат” ва ҳам дар суханрониҳои ӯ вобаста ба мавридҳои баргузории чорабиниҳо ва тадбирҳои сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ ироа гардидаанд, баён шудааст. Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои интихоб гардидан ба сарварии давлати тоза ба истиқлолрасидаи Тоҷикистон, дар замона норасоиҳои ҳаёти ҷомеаи кишвар аз эҳё намудани арзишҳои ҳувиятсози миллӣ дар баробари он ҳама масоили муҳими он рӯзҳо чун барқарорсозии сулҳу оромӣ, ташкили низоми давлатдории муосир бар пояи аслҳои демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявии ҷомеаи навтаъсис ба арзишҳо, унсурҳо, анъанаву суннатҳои миллӣ имтиёз ва эътибори ҷиддӣ медод.Самти асосӣ ва барҷастаи фаъолияти миллатсози Пешвои миллат – ин эҳё намудани ҷашну маросимҳои миллӣ, мардумӣ ва бостонии тоҷикон – Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Сада мебошад, ки ҳар кадоме бо шукуҳу шаҳомат ва ҷалоли хос дар тамоми манотиқи Тоҷикистон қайд карда мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон ҷашни Сада расман аз соли 2018 ба ин сӯ таҷлил гардида, дар қонунгузории икшвра рӯзи ҷашни он 30 январ муқаррар шудааст.Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абудқосими Фирдавсӣ дар шаҳри Душанбе ҷашни Сада таҷлил мегардад. "Дар ин рӯз гӯшаи тавсияи олимону мутахассисон оид ба омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, намоиши ҳамагуна олоти кории кишоварзӣ, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ, намоиш ва фурӯши ниҳолҳои мевадиҳанда, тухмиҳои зироатии кишоварзӣ, ки ҷашни Садаро ифода мекунанд.

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан