joomla
free templates joomla

ТАЪРИХИ ТАЪСИСЁБИ BA ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

       Рушду ташаккули Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси як давлати соҳибихтиёр ба замоне рост меомад, ки як қатор омилҳои ба таври тавъам амалкунандаи таърихӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангию суннатӣ ва иҷтимоӣ боиси он гардид, ки ҷомеаро буҳрони азиме фаро гирад. Марҳилаи аввали ин буҳрони азим, ки тамоми соҳаҳои ҷомеаро фаро гирифта буд, боиси ҷанги ҳамватанӣ гардида, халқи тоҷикро ба вартаи ҷанги таҳмилии ҳамватанӣ кашонд. Тоҷикистон дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ ба буҳрони азиме мувоҷеҳ гардида буд. Хушбахтона, бо талошҳои бевоситаи Ҳукумати кишвар, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат пеши роҳи ҷанг гирифта шуд. Дар натиҷаи чунин бесарусомониҳо ва ҷангҳои хунин саҳнаи сиёсии ҷамъият амалан холӣ монда, созмонҳо ва ташкилотҳои оммавии пешазҷангӣ беобрӯ шуданд ва созмонҳои нав, ки битавонанд ба хотири пешрафти ҷомеа ба ҷаҳду талоши воқеии халқ роҳбару раҳнамо шаванд, ҳанӯз ба вуҷуд наомада буданд.

       Ҳизби сиёсӣ категорияю марказии илми сиёсӣ буда, яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳимми илми муосири ҷомеашиносӣ ба ҳисоб меравад. Зуҳуроти ҳизбҳои сиёсӣ, ки мақсади аосиашон ба даст овардани ҳокимият аст, ҳанӯз дар замонҳои қадим мавзӯи пажӯҳиши мутафаккирон қарор гирифта буд. Масъалаи ҳизбҳои сиёсиро дар асарҳои Никколо Макиаввели, Томас Гоббс, Ҷон Локк, Томас Ҷеферсон, Шарл Монтеке, Жан-Жак Руссо вохӯрдан мумкин аст.

       Даҳсолаи охири асри XX барои Тоҷикистони азизи мо давраи хеле печида ва муташанниҷ гардид. Ҳар кас мехост манфиати худро амалӣ намояд. Фазои сиёсӣ созанда набуд. Ҳар кас дар талоши ҷони худ буд ва ояндаи оромро намедид. Баъзеҳо ба тақдир тан дода, намедонистанд, кӣ кай ва бо дасти кӣ кушта мешаванд. Муайян кардан душвор буд, ки кӣ ба кадом қувва ҳамроҳ аст, зеро дар он вақт тасаввур кардани он чӣ ки имрӯз дорем, ба ҳақиқат рост намеомад.

       Аввали солҳои 90 асри XX баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ, ки Тоҷикистон низ яке аз ҷумҳуриҳои иттифоқии он буд, мавҷи ташкилшавии ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ кишварҳои нави мустақилро фаро гирифт ва чун “Саюдис” дар Прибалтика ва “Растохез” дар Тоҷикитон,“Бирлик” дар Узбекистон қариб дар ҳамаи онҳо ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии миллӣ ва маҳаллӣ ба вуҷуд омадан гирифтанд.

       Клуби сиёсии “Рӯ ба рӯ” дар Душанбе, “Созмони ошкоро” дар Кӯлоб, “Лаъли Бадахшон” дар Хоруғ ва ҷамъияти “Носири Хисрав” дар Душанбе дар баробари филиалҳои Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шуравӣ фаъолият карда, фазои сиёсии кишварро гарм нигоҳ медоштанд.

       Албатта, таърих роҳу василаҳои золимона ва маккоронаи ғасби ҳокимиятро низ медонад, аммо ин гуна давлатдориҳо ҳеҷ гоҳе пойдор набуданд. Он шеваҳои одилона, озоду демократии давлатдорист, ки халқу миллатҳо ва кишварҳои ҷаҳонро ба саодату хушбахтӣ расонидааст, амну осоиш ваҳдату якпорчагиро дар ҷомеа таъмин намудааст.

       Дар чунин шароит мардум имконият пайдо менамоянд, ки барномаи беҳтаринро интихоб кунанд. Аз ҳамин заминаи воқеӣ бояд хулоса кард, ки имрӯз танҳо ҳизби неруманд, ҳизбе, ки дар миёни аҳолӣ обрӯву эътибор пайдо мекунад, ҳокимияти сиёсиро ба даст меоварад.

       Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷойи холӣ бунёд гардида, таҷрибаи мусбияти аҳзоби сиёсии дигарро ба кор бурда, аз амалияи сиёсии ҷаҳонӣ истифода бурдааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ташаккулёбӣ тарафдори роҳу равиши пешрафт буд. Ин аст, ки дар байни халқи шарифи кишвар имиҷи баланди сиёсӣ пайдо карда, тарафдораш зиёд гардидааст.

       Дар ин раванд барои ташаккул ва инкишофи ҳизбҳои сиёсӣ қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикитон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихобот» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» заминаи воқеӣ гузоштанд.

       Бояд қайд кард, ки дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон иттиҳодияҳои гуногуни сиёсиву ҷамъиятӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва давлат барои фаъолияти онҳо имкониятҳои баробар фароҳам меорад.

       Аз ин хотир, ҷамъият ба созмон додани чунин ташкилоти усулан нави сиёсӣ ниёз пайдо кард. Ин созмонро лозим буд, ки на танҳо ҷойи холии фазову арсаи сиёсатро пурра кунад, балки муҳимтар аз ҳама, тавонад ҷамъияти аз ҳам ҷудошудаи моро муттаҳид намуда, ба хотири бунёдкорӣ ва азнавсозии ҷомеа ба он рӯҳу илҳом бахшад.

       Кумитаи тадорукотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (дар марҳилаи аввали ташаккулёбӣ бо номи Ҳизби Халқии Тоҷикистон ном бурда мешуд) 6 декабри соли 1993 ба кори худ шуруъ кард ва 10 декабри соли 1994 Анҷумани нахустини ҳизби мазкур баргузор гардид. Дар ин анҷуман вакилон заминаҳои сиёсию иҷтимоии ташаккули ҳизбро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин, дар анҷуман оиннома, барнома ва мақсадҳои тактикӣ ва стратегии ҳизбро муайян намуданд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 декабри соли 1994 ба қайд гирифта шуд.

       Дар ташаккулёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Кумитаи ташкилии ҳизб иборат аз 22 нафар ташаббускор саҳм гузоштаанд, ки дар ин кор А.С. Достиев, Н. Асадуллоев, Қ. Ашуров, И. Давлатов, С. Сафаров, X. Ҳомидов, А. Турсон, М. Шаҳобуддинов, Қ. Расулов, Д. Давлатов ва дигарон саҳм доштанд.

       Чи тавре ки раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Бист қадами созанда»-и худ иброз доштааст, мақсади стратегии ҳизби мазкур сарфи назар аз мансубияти миллӣ, баромади иҷтимоӣ, дину мазҳаб, тамоюлҳо ва одоти фарҳангӣ ҷонибдори муттаҳид намудани ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар атрофи ҳалли масъалаҳои мушаххас ва таърихан ҳалшавандаи умумимиллӣ, пойдор намудани тараққиёти аз ҷиҳати сиёсӣ соҳибихтиёри иқтисодӣ, якпорчагии мамлакат ва давлати ҳуқуқбунёди аз ҷиҳати ахлоқӣ устувор мебошад, ки он ҷузъи таркибии сохтори ҳозиразамони хоҷагидории умумиҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ буда, тавонад бо ҳамаи мамлакатҳои хориҷии ҳам Шарқу ҳам Ғарб дар фазоӣ мусолимат вуҷуд дошта бошад.

       Тибқи моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсие, ки мақсад ё амалашон ба зӯран сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва ташкил намудани гурӯҳҳои мусаллаҳ равона гардидааст ва ё низои нажодӣ, миллӣ, маҳаллӣ, иҷтимоӣ ва диниро тарғибу ташвиқ менамоянд, манъ карда мешавад».

       Асос ва ҷавҳари ин меъёри сиёсиро бояд риояву ҳифз намудани манфиатҳои олии миллӣ ва давлатӣ аз ҷониби ҳар як ҳизби сиёсӣ ва ҳар узви он ташкил диҳад, зеро Ватан, Миллат, Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва оромиву осудагии ҷомеа муқаддастарин арзишҳое мебошанд, ки ягон ҳизб, гурӯҳ ё шахсе ҳаққи халалдор кардани онҳоро надорад. Аз ин рӯ, ҳизбҳои сиёсӣ дар баробари озодона ва мустақилона амалӣ намудани мақсаду мароми худ дар фаъолияти ҳаррӯзаашон бояд ба ин арзишҳои муқаддас содиқ бошанд. Ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳар фарди алоҳида бояд кӯшиш намояд. ки Тоҷикистон кишвари ободу пешрафта, орому босубот ва мояи ифтихори мардуми ин сарзамини бостонй бошад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша кӯшиш менамояд ва талош дорад, ки татбиқи онҳоро таъмин намояд.

       Аксарияти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки мусулмонон ташкил медиҳанд, суннатҳои дини мубини ислом дар Ҳизби Халқии Демократӣ азизу муқаддас дониста мешавад. Мутобиқи Конститутсия ва дигар қонунҳои мавҷуда озодии виҷдону эътиқод, озодиҳои инсонро эҳтиром менамояд ва инкишоф медиҳад. Ҳамзамон бо ин кӯшиш мекунад, ки маърифати исломӣ, пеш аз ҳама, барои тарбияи инсони пешрафта ва узви сазовори ҷомеа, таҳкими ватандӯстӣ, ҳисси худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ равона карда шавад.

       Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баҳри расидан ба ин ҳадафҳои муҳим аз қувваи бузурги ақлонии халқ, аз ҷумла зиёиёни эҷодкор, адибон, симоҳои барҷастаи илмиву адабӣ, ки бо ин ҳизб ҳамкорӣ мекунанд, васеъ истифода бурдааст. Ҳадафи ягона аз ташкили Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муттаҳид намудани неруҳои пешбарандаву босалоҳият, вахдатсозу сулҳовар ва дорои масъулияти баланди давлатсозиву давлатдорӣ ва бо ҳамин роҳ гузоштани саҳми арзанда дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ буд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 декабри соли 1994 ба қайд гирифта шуда буд.

       Масъалаи қабули Конститутсияи мамлакат барои давлату миллати тоҷик аз ҷумлаи масъалаҳои ҳаётан муҳим ба шумор мерафт. Бинобар ин таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба давраи қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол рост омад. Беҳуда нест, ки меъёрҳои демократиро ҳамчун асолати конститутсионӣ нахустин шуда Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешниҳод намуд ва барои қабул гаштани онҳо талоши зиёде кард. Яке аз ҳадафҳои дигари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ин ҳамеша ҷонибдории системаи бисёрҳизбӣ ва густариши гуногунандешӣ дар ҷомеа аст. Ҳоло дар кишвар ҳафт ҳизби сиёсӣ ва садҳо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд. Онҳо имконият доранд, ки ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хешро дар байни мардум озодона ва дар асоси қонун тарғиб намуда, ҷонибдорону ҳамфикрони худро пайдо кунанд ва барои ободии ояндаи халқу кишварамон фаъолият намоянд. Муносибати байни ҳизбҳои сиёсӣ низ яке аз масъалаҳои асосӣ ба шумор меравад. Дар ҷомеаи мо, ки маданияти сиёсӣ ва худшиносии миллӣ ҳанӯз ба қадри кофӣ инкишоф наёфтааст, аъзову тарафдорони баъзе ҳизбҳои сиёсии дигар бештар намояндагони як маҳал мебошанд.

       Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон раванди мутобиқгардониро пешаи худ намуда, тавонист ҳамчун ташкилоти сиёсӣ барои мақоми муайян пайдо намудан дар ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани ғояҳояш мубориза барад. Зеро бунёди давлати соҳибистиқлоли демократӣ бе қабули қонунҳои ҳимоякунандаи манфиати умум ва иҷрои саривақтиву бечунучарои онҳо вуҷуд дошта наметавонад. Созмондиҳандагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон медонистанд, ки барои миллати тоҷик, ки борҳо бар асари ихтилофоти гуногун пароканда шуда, давлатдории хешро аз даст дода буд, ин ғоя аз ҳама муҳимтар мебошад. Аз ин лиҳоз он дар Конститутсияи ҷумҳурӣ инъикос ёфтааст. Яъне, мақсади ҳизб ва мардуми шарифи тоҷик бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Аз он сарбаландем, ки бо кӯшишҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олитарин ҳадафи ҲХДТ - дарёфти сулҳу салоҳ ва оромию осоиштагӣ, пойдор намудани иқтисодиёти устувор, расидан ба вахдати умумимиллӣ ва қадамҳои устувор гузоштан дар самти бунёдкориву созандагӣ дар асри нав, эътимоди халқро ба ояндаи ҲХДТ қавитар гардонид.

       Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар он солҳои ноорому мухолифатомез худро чун ҷонибдори равандҳои демократикунонии ҷомеа, сохтори бисёрҳизбӣ, озодии сухан, бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳукуқбунёд муаррифӣ намуд. Он ҳамчун неруи тозаву бунёдгару созанда ва навовар дар умқи ҷомеа реша давонда, нафарони хирадманд, сиёсатмадорон ва халқи меҳнаткашу ватандӯстро ба ҳам оварда, сарҷамъ намуд. Ҳар як аъзои ҳизб аз оғози фаъолияти худ аз сиёсати пешгирифтаи Хукумати кишвар содиқона пайравӣ менамуд. Барои ҳарчи зудтар хотима бахшидан ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарор кардани рӯзгори осоишта, аз байн бурдани парокандагӣ ва ба даст овардани ваҳдату якпорчагии миллӣ кӯшиш менамуданд. Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали бунёдаш амалҳои террористии нангинро маҳкум намуда, роҳи пешгирифтаи Сарвари давлатро, ки ба таъмини сулҳу ваҳдат ва оромии сиёсӣ дар ҷомеа равона шудааст, дастгирӣ мекунад. Ҳизб мавқеи бетарафиро низ дар ягон ҳолат ишғол накардааст, баръакс дар ҳаёти сиёсии кишвар фаъолона иштирок намуда, ба воқеаҳои сиёсии баамаломадаи кишвар саривақт баҳои сиёсӣ дода, барои амалӣ шудани дигаргунсозиҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дастгирии худро баён намудааст. Неруи асосии ҳар як ҳизби сиёсиро мақсад ва вазифаҳои он ташкил медиҳад, зеро ин ҳолат ба зиёд гардонидани таъсири ҳизб дар ҷомеа ва баҳри ба даст овардани ҳокимият хизмат мерасонад. Ҳадафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз он манфиатҳои халқ, ки дар Конститутсия омадааст, тафовуте надорад. Зеро қариб тамоми роҳбарияти Ҳизб дар қатори дигар элитаи сиёсии кишвар дар таҳия ва қабули ин Конститутсия ва ҳатто ба он ворид кардани тағйироту иловаҳо фаъолона иштирок намудаанд.

       Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон воқеан ҳизби халқӣ ва демократӣ мебошад ва маҳсули тафаккуру эҷоди халқи фарҳангофар ва созандаи мост. Идеологияи ҳизби мазкур ба хотири мардуми азияткашидаамон созмон дода шудааст. Дар сафҳои он аз рӯзҳои аввал мардуми шарифамон ҷамъ омадаанд. Ваҳдати миллӣ, ки яке аз рукнҳои идеологии ин ҳизб аст, вобаста ба ин дар атрофи ин ҳизб ҳам коммунистон, ҳам демократҳо, ҳам аъзои Растохезу ҳам диндорон, ҳам фронтҳои халқиву ҳам намояндагони аҳзоби мухолиф гирд омадаанд. Зеро ғояи аслии ҳизб, ки дар давраи ҷангу ҷидол ҳамчун як қувваи сиёсии муътадил ба вуҷуд омада буд, ин, пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ буд. Ҳизб бо халқ буд ва халқ, бо ҳизб аз ин хотир номаш ҳам халқӣ шуд.

      Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он роҳи ояндаи Тоҷикистон чун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва иҷтимоӣ мушаххас гардидааст, созмон дода шудааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ифодакунандаи иродаи маҳз он мардумест, ки ба ин Конститутсия овоз дода буданд ва роҳи ояндаи Тоҷикистонро дар сулҳу субот, оромӣ, ваҳдати миллӣ, гулгулшукуфӣ, некуаҳволии халқ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ташаккули давлати миллӣ дида истодаанд. Сабаби дар атрофи ин ҳизб ҷамъ омадани мардум низ маҳз ҳамин ғояҳои худи халқ аст, ки он ба сиёсати воқеӣ табдил ёфтааст.

       ҲXДТ ҳамчун ҳизбе мебошад, ки ба ҷомеаи феълии Тоҷикистон такя дорад ва ҷонибдори давлати иҷтимоист. Амалӣ шудани ин ҳадафи ҳизбро дар фаъолияти ҳамарӯзаи давлат ва ҳукумати Тоҷикистон, дар мисоли сохтмони мактабҳо, шифохонаҳо ва дигар иншоотҳои инфрасохтор, роҳсозию бунёди неругоҳҳо, дастгирии ҳамарӯзаи табақаҳои камбизоати аҳолӣ - ятимон, пирону барҷомондагон ва ғайра мебинем. Ҳамчунин ХХДТ ҳадафи барномавии худро ба эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қарор додааст.

       ҲXДТ дар бахши иқтисодӣ бошад, шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, озодии фаъолият ва дигар арзишҳоро, ки заминаи пешрафти ҷомеаи имрӯзаи мо гардидаанд, ҷонибдорӣ намудааст ва дастгирии соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории хурду миёнаро ҳадафи муҳимми хеш қарор додааст. Ҳамовозӣ ва дастгирии ҳизб аз ҷониби мардуми шарифи кишвар ин аз ормонҳои наҷибе мебошанд, ки ба пешрафти Тоҷикистони азизи мо хизмат менамоянд ва ҳамчун ҳадафи стратегии ҳизби мазкур ба ҳисоб мераванд.

       Аз таърихи халқи тоҷик ба мо маълум аст, ки чеҳраҳои намоён ба монанди Нӯшервон, Исмоили Сомонӣ, Низомулмулк барин сиёсатмадорони мо барои татбиқи ҷомеаи адолатпарвар хидматҳои шоиста кардаанд, аммо татбиқ нашуда, ҳамчун орзу боқӣ монд. Аз ин рӯ, давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон онро нияти ниҳоии худ эълон кард. ҲХДТ яке аз қувваҳои асосии пешбарандаи ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон буда, татбиқи ҳадафҳои конститутсиониро вазифаи ҷонии худ медонад. Ин ормонро шиор эълон кардани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон беасос нест, зеро онҳое, ки ин ҳизбро таъсис додаанд, маҳз он неруе мебошанд, ки давлати моро аз ҳалокату парокандагӣ наҷот дода, халқи тоҷикро аз тоталитаризм, сепаратизм, маҳалгароӣ, экстремизм ва мазҳабталошӣ наҷот доданд ва ҳизби созанда, бунёдкор ва навовар ном гирифт.

       Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масъалаҳоеро фаро мегирад, ки ифодакунандаи дарди ҷомеа мебошанд, яъне барномаи ҳизб ба ҳаёти иҷтимоии ҷомеа мувофиқ аст. Масъалаҳои мазкур дар Анҷумани ҳафтуми ҳизб баррасӣ гардида, вакилон дар бораи онҳо фикру мулоҳизаҳои худро баён намудаанд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша ислоҳоти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлатро баҳри фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда пайгирона дастгирӣ намуда, дар амалӣ шудани он саҳмгузор мебошад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон принсипҳои демократӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявӣ доштани давлатро асоси амали худ қарор дода, ба муқобили ҳар гуна зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизми сиёсӣ, сепаратизм, ҷинояткории муташаккилона, нашъамандӣ, маҳалгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мубориза мебарад ва бояд ин кор вазифаи ҷонии ҳар як аъзои ҳизб дониста шавад.

        Дар барномаи ҲХДТ омадааст, ки таъмини амнияти озуқаворӣ ва истиқлолияти энергетики, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат, таҳия ва татбиқ намудани барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини афзоиши мунтазам ва устувори маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва афзоиши иқтидори содиротии мамлакат, такмили низоми андозбандӣ ва муҳимтар аз ҳама, густариши ҳамаҷонибаи ислоҳоти иқтисодӣ, тезонидани дигаргунсозиҳои сохторӣ дар низоми идоракунии давлатӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна ҳамчун омили муҳимтарини пешрафти иқтисодӣ самтҳои асосии стратегияи иқтисодиву иҷтимоии ҳизб дар ояндаи наздик мебошанд.

        Ҳанӯз дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсаду мароми халқӣ шарифи кишвари азизамон бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ буд. Ин ҳадаф дар Конститутсияи мамлакат бо майлу иродаи аксарияти мардум ҳукми қонунӣ пайдо карда, низоми муосири демократиро поягузорӣ намудааст. Яке аз принсипҳои муҳимми чунин ҷомеа ва давлатро гуногунандешии мафкуравӣ ва сиёсӣ ташкил медиҳад, ки маҳз дар заминаи ин асл имрӯз дар кишвари мо низоми бисёрҳизбӣ ба вуҷуд омадааст ва ҲХДТ рукни таркибии ин низом мебошад.

       Ба ҳамагон маълум аст, ки дар таърихи башар илм ҳамеша омили пешбарандаи рушду такомули ҷомеа ба шумор меравад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани меҳнати зеҳнӣ яке аз ҳадафҳои асосии ҲХДТ мебошад. Аз ин ҷост, ки сол ба сол зиёд кардани маблағгузории муассисаҳои фарҳангӣ аз буҷети давлатӣ ва маблағгузории ғайридавлатии онҳо, пайваста баланд бардоштани музди меҳнати ҳамаи бахшҳои фарҳанг, тақвияти нақш ва мавқеи телевизиони миллӣ, мусоидат ба рушди шабакаҳои давлатии радио ва телевизион, марказҳои фарҳангӣ ва китобхонаҳои оммавӣ мувофиқи мақсад мебошанд.

       Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, эҳтиром ва риояи қонунро вазифаи муқимми фаъолияти худ медонад. Риоя накардани қонун ва беэътиноӣ нисбат ба талаботи он боиси фалаҷ гардидани мақомоти давлатӣ, ба миён омадани бенизомӣ ва поймол шудани ҳуқуқи инсон мегардад. ҲХДТ ба меъёри Конститутсияи кишвар оид ба арзиши олӣ эълон шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ содиқ буда, барои амалӣ шудани онҳо пайваста мекӯшад. Барои ин бояд сатҳи маърифатию ҳуқуқии ҷомеа баланд бардошта шуда, эҳтиром ба қонун дар ҳар як оила аз кӯдакӣ тарбия карда шавад, зеро маърифати ҳуқуқӣ аз муҳимтарин шартҳои бунёдии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд мебошад.

       Интихобот, ки яке аз маъракаҳои муҳимми сиёсӣ мебошад ва дар рафти он андешаву иродаи интихобкунандагон доир ба сиёсати пешгирифтаи давлат ифода мегардад, кафили амалӣ гаштани ҳадафҳои ҷомеа ва ояндаи дурахшони миллат мебошад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори интихоботе мебошад, ки ба таври демократӣ, озоду шаффоф ва бо иштироки кулли интихобкунандагон баргузор мегардад.

 

Ширин Қурбонова, Муовини Раиси КИИ

“Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ, доктори илмҳои таърих

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан