joomla
free templates joomla

РОҲҲОИ КАМ КАРДАНИ САТҲИ ХУШУНАТИ ОИЛАВӢ

 

 

 

      Дирӯз дар санаи 06.12.2023 дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҷалби бонувону занони дар илм воридгардида Семинари илмӣ-методологии кафедраи фалсафаи Раёсати АМИТ дар мавзуи "Воситаҳои пешгирӣ ва мубориза бо хушунат алайҳи занону бонувон дар оила"баргузор гардид.
      Дар семинар бо маърӯза унвонҷӯйи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш Рухшона Азизхонова суханронӣ намуд. Мавсуф аз нобаробариҳои ҷинсӣ дар оила, ҷои кор ва муҳити иқомат ҳарф зада, оқибат ба хулоса омад, ки омили асли пайдоиши хушунат дар ҷомеаи шаҳрвандӣ алайҳи бонувону занон вижагиҳои мансуб ба онҳо мебошад. Аксар бонувон ба қавли номбурда, худро мазлум пиндошта аз ҷинси муқобил итоат мекунанд ва ҷиҳати пайдо шудани хушунат дар нисбати худ мусоидат карда, шароит фароҳам меоранд, ки мард занро чун воситаи дилхушӣ истифода кунад. Ба ибораи дигар марди худхоҳ фақат дар сурати аксуламали зан метавонад ислоҳ шавад ва диди хешро ба зан ва бонувон тағйир диҳад.
      Мавсуф ҳамчунин, қайд намуд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ навҷавонон бонувонро бо нигоҳи зоҳирбин менигаранд ва онҳо ғолибан, дар бонувону занон танҳо суратро мебинанд ва қонеъ мегарданд. Ба ибораи дигар ақли аксари мардон зимни суҳбат ва наздикӣ бо зан бинобар костагӣ ба сирати ҷинси латиф намерасад.
      Номбурда боз дар идомаи суханронии хеш мутазаккир шуд, ки агар мардон ҷисман аз занон бартарӣ дошта бошанд, аммо маънаван побанди ҷинси латиф ҳастанд ва бояд бонувону занони кишвар аз ин бартарии маънавии хеш суиистифода накарда, дар тарбияи мардон сахткӯш бошанд.
      Бобати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеаи Тоҷикистон номзади илмҳои фалсафа Сафаргул Давлиёрова сухан намуд. Мавсуф ба як хулосаи амиқ омад, ки роҳи ягонаи дифоъ аз хеш барои занон ва мусоидат ба рушди ҳаматарафаи кишвар худогоҳии занону бонувон маҳсуб мешавад. Ба қавли мавсуф, ба ороиши худ машғулшавии бонувон ва ба ҷалби мардон иштиғол гирифтани занон табиати мутеияти онҳоро бартараф намесозад. Бинобар ин, ба қавли файласуф, ягона роҳи халосӣ аз авзои хушунатомези оилавӣ пайдо кардани маълумот ва мутолеаи бештари дастурамалҳои мухталиф ҷиҳати баробарии гендерӣ маҳсуб мебошад.

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан