22-сентябр таҷлили “Рӯзи Рӯдакӣ”-ст
, ки бар ҳамаи дилбохтагони шеъру адаби башарият хуҷаста бод, зеро шеър ҳунарест, ки бо вуҷуди ба забони модарӣ офарида шуданаш, моли тамоми башарият аст, ҳарчанд башарият бо садҳо забон суҳбат мекунад, аммо шеър, ки бо забони дил эҷод мешавад, бо ҳар роҳу восита – тарҷумаву тафсиру омӯхтани забон ба дилҳои ҷаҳониён роҳ меёбад. Шеъри Устод Рӯдакӣ дар давоми бештар аз ҳазор сол (имсол 1165-солагии мавлудаш аст) ҳамин гуна зиндагӣ кардааст, ки ба ҳамаи ворисон ва дилбастагони ин шеъри оламшумул боиси ифтихор аст.
Ҳоло мехоҳам ба ин муносибат яке аз тақризҳои худро оид ба як нашри осори Рӯдакӣ, ки баъзе масъалаҳои зиндагиву эҷодиёти ӯро дар бар гирифта, қариб чиҳил сол пеш аз навишта шуда бошад ҳам, чанд нуктаи он то ҳоло муҳимм боқӣ мемонад, дар ин ҷо нашр намоям. Пеш аз он хотираеро аз чопи аввали он, ки дар ҳафтавори “Адабиёт ва санъат” воқеъ шуда буд, ба ёд меорам, ки барои дарки амиқтари ҷойгоҳи шеъри Рӯдакӣ дар зиндагии имрӯзаи мо далел шуда метавонад. Моҳи январи соли 1985, вақте ки ин мақола нашр шуд, банда сардабири ҳафтавор будам ва телефони ман дар давоми як ҳафтаи пас аз нашр пайдарҳам занг мезаду хонандагон фикру ақида ва сипоси худро баён мекарданд, ки маро тамом ба ҳайрат гузошта буд, зеро то имрӯз ҳам ҳеҷ як аз навиштаи ман ба ин дараҷа ҳамовозии бешуморе пайдо накардааст. Ин далели он аст, ки шеъри устод Рӯдакӣ то чӣ андоза амиқ дар дили халқ реша давондааст, ки сухан дар бораи ӯ ҳазорону ҳазоронро ба таҳрик меоварад.
Дар зер он мақола дар шакли мухтасар ба дӯстон пешниҳод мешавад, онҳое, ки ба шакли пурраи он таваҷҷуҳ пайдо мекунанд, онро дар сайти банда, дар “Маҷмӯаи осор”- и 7 ҷилда, дар ҷ.4 хонда метавонанд.
«БӮИ ҶӮИ МӮЛИЁН» Ё
«БОДИ ҶӮИ МӮЛИЁН»?
Шоири ҳасуд Абӯзироа дар мазаммати устод Рӯдакӣ чӣ гуфтааст?
Устод Рӯдакӣ кӯри модарзод буд ва ё дар натиҷаи ихтилофҳои дарборӣ ҷабран кӯр карда шуд? Қатраборон чист? Гиёҳ ё қатраборон ?. «Бӯи ҷӯи Мӯлиён…» ё «Боди ҷӯи Мӯлиён…» ? Дар ин бора худи устод Рӯдакӣ ва Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ чӣ гуфтаанд?
Ҳазор сол... Дар абадияти устод Рӯдакӣ ҷои шубҳа нест. ...Аммо дар замони устод Рӯдакӣ ҳам касоне буданд, ки ё аз ҳасад, ё аз нофаҳмӣ ба қадри пояи баланди шеъри ӯ нарасидаанд. Яке аз ин гуна мисолҳо то замони мо ҳам расидааст, ки шеъри шоири ҳамзамон, Абӯзироа, дар мазаммати устод Рӯдакӣ мебошад. Ӯ навишта буд:
Агар ба давлат бо Рӯдакӣ на ҳамсонам,
Аҷаб макун, сухан аз Рӯдакӣ на кам донам.
Агар ба кӯрии чашм ӯ биёфт гетиро,
Зи баҳри гетӣ ман кӯр буд натвонам.
Ҳазор як з-он, к-ӯ ёфт аз атои мулук,
Ба ман диҳӣ, сухан ояд ҳазор чандонам.
Дар масъалаи кӯри модарзод ва ё дар натиҷаи ихтилофҳои дарборӣ минбаъд кӯр карда шудани устод Рӯдакӣ мубоҳисаи дуру дароз ҳаст... ...Аммо, дар айни ҳол, ба назари ман, аз ин шеъри Абӯзироа, ки ҳамзамони устод Рӯдакӣ ва аз ҳоли вай огоҳ будааст, маъхази қадимтаре нест... Аммо ҳамаи онҳое, ки ин шеъри Абӯзироаро барои тасдиқи кӯри модарзод будани Рӯдакӣ овардаанд, аз маънои мисраи чаҳоруми шеър сарфи назар ва ё онро нодурст маънидод кардаанд. Абӯзироа дар байти дуюми ин шеър гуфтааст:
Агар ба кӯрии чашм ӯ биёфт гетиро,
Зи баҳри гетӣ ман кӯр буд натвонам.
Шоири ҳасуд, агар дар мисраи аввали ин байт гетиро ба ду маъно истифода карда, ҳам ба олами маънавӣ ва ҳам ба молу сарват расидани устод Рӯдакиро таъкид карда бошад, дар мисраи дуюм барои он мазаммат мекунад, ки ӯ гӯё барои гетӣ, яъне молу сарват аз чашм ҷудо шудааст. Ин таъна ба он далолат мекунад, ки устод Рӯдакӣ дар натиҷаи ихтилофҳои дарборӣ ҷабран кӯр карда шуда, ҳаргиз кӯри модарзод набудааст, зеро кӯри модарзодро таъна намезананд...
Ин мақола-тақриз пас аз чопи нави ашъори устод Рӯдакӣ, ки дар нашриёти «Ирфон» (соли 1984) бо номи «1000 мисраи Рӯдакӣ» бо саъйи Расул Ҳодизода ва Ансор Афсаҳов ба табъ расид, ба қалам омад ва мақсадаш баён кардани чанд нуктаест, ки баъди мутолиаи он пайдо шуд.
Ҳар нашри осори устод Рӯдакӣ барои мо ҳодисаи фараҳбахш аст, зеро он, аз як ҷиҳат, ташнагони шеъри устодро шодоб кунад, аз ҷиҳати дигар, мекӯшад нуқсҳоеро, ки дар нашрҳои пешина буданд, бартараф созад ва барои дуруст, комил ва нусхаи асл шудани ашъори Рӯдакӣ хидмат кунад. «1000 мисраи Рӯдакӣ» ҳам ба ҳамин мақсад ба ду забон: ба тоҷикӣ ва ба русӣ бо тарҷумаҳои нав таҳия шудааст...
...Маро, ки матншинос, тадқиқотчии осори Рӯдакӣ ва ё адабиёти классик нестам, чӣ водор месозад, ки дар бораи матни ин маҷмӯа изҳори ақида кунам? Пеш аз ҳама худи осори устод Рӯдакӣ. Бисёр халқҳо имрӯз мероси ҳазорсолаи худро (агар дошта бошанд) бе тарҷума, тафсир ва ё луғатҳои махсус ба осонӣ хонда ва ё хуб фаҳмида наметавонанд... Аммо забони тоҷикии имрӯза аз забони тоҷикии асри X дар шеър қариб тафовут надорад ва ин ҳаргиз аломати аз инкишоф мондани забон набуда, далели пештар ба камолот расиданаш мебошад, ки тараққии он минбаъд дар сайқал хӯрдани услуб ва афзудани захираи луғаташ давом мекунад.
Ба ин ҷиҳат, шеъри устод Рӯдакӣ дар давоми ҳазор сол дар маърази забон ва адабиёти тоҷику форс буда, то имрӯз дар ҷараёни шеър зиндагӣ ва таъсири фаъолона дорад. Яке аз сабабҳое, ки маро дар бораи китоби тозаи устод Рӯдакӣ ба сухан гуфтан водор мекунад, ҳамин ҳастии фаъолонаи шеъри ӯ дар ҷараёни адабӣ ва асари он ба шеъри замон аст.
Дар асл, барои ман ибтидои қариб аксари ҷараёнҳои асосии шеъри тоҷику форс, дар давоми ҳазор соли мавҷудияташ, аз осори устод Рӯдакӣ мебошад. Инро ман ҳатто аз ҳамон миқдори ками ашъор, ки дар ҳудуди ҳазор ва ё бештар аз якумин ҳазор мисраъ то мо расидааст, эҳсос мекунам. Масалан, ман дар он ашъори пароканда сарчашмаи фалсафӣ ва ҳаётии рубоиёти Хайём, ҳикмати ашъори Саъдӣ, маънавиёти Ҷалолиддини Балхӣ, ошӯби ирфонии ғазалиёти Ҳофизро сари ҳар байт дармеёбам. Фақат як намуна меорам:
Шод зӣ, бо сиёҳчашмон, шод,
Ки ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод.
З- омада шодмон бибояд буд
В- аз гузашта накард бояд ёд.
Ману он ҷаъдмӯи ғолиябӯй,
Ману он моҳрӯи ҳурнажод.
Некбахт он касе, ки доду бихӯрд,
Шӯрбахт он, ки ӯ нахӯрду надод.
Боду абр аст ин ҷаҳон, афсӯс,
Бода пеш ор, ҳар чӣ бодо бод…
Ҳар байти ин пораи ғазал нуктаҳои болоиро ба хубӣ тасдиқ карда метавонад... Дар асл, вақте ки дар бораи тозикориҳо дар шеър сухан меравад, шеъри куҳанро ҳамеша хуб дар ёд бояд дошт, зеро навовариҳои асил фақат дар ашъори шоироне буд, ки шеъри куҳанро хуб медонистанд... Яъне, дар ҳунари шеър гузашта ҳаргиз гузашта нест, вай дар байни имрӯз ва фардост, вай пулест, ки имрӯзро ба фардо мебарад. Ин яке аз меъёрҳоест, ки барои шинохтани абадияти осори ин ё он шоир пешниҳод карда мешавад. Меъёри дигари муҳим он аст, ки осори шоир ба насл ва замонҳое, ки пас аз ӯ меоянд, чӣ гуна иртибот пайдо мекунад, бо онҳо чӣ гуна сухан мегӯяд ва ба ниёзҳои онҳо чӣ гуна ҷавоб медиҳад...
...Устод Рӯдакӣ бо мо на танҳо сухан мегӯяд, балки ниёзҳои моро хуб медонад ва ба онҳо ҷавоб ҳам медиҳад. Ман бо ҳамин ният китоби тозаи ӯро мутолиа мекунам. Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки таҳиягарони он Расул Ҳодизода ва Аснор Афсаҳов дар таҳсеҳ ва дуруст кардани калимаҳое, ки дар навишти форсӣ якхела ҳастанду чанд тарзи хониш доранд ва дар нашрҳои пешина нодуруст хонда шуда буданд, дар ислоҳи ноҷӯриҳои вазн, мантиқи сухан, имло меҳнати бисёр кардаанд. ... Аммо, мутаассифона, баъзе байтҳои дурустро, баръакс, аз нав ғалат ҳам кардаанд. Бо вуҷуди ин, нашри «1000 мисраи Рӯдакӣ» дар ҳоли ҳозир нисбат ба ҳамаи нашрҳои пешина камнуқс аст...
Ин ҷаҳон пок хобкирдор аст,
Он шиносад, ки дилаш бедор аст. –
Дар «1000 мисраи Рӯдакӣ» (саҳ.47) ҳамин тавр оварда, ки хатост.
Шакли дурусти ин байт чунин аст:
Ин ҷаҳон пок хобкирдор аст,
Он шиносад, ки дил-ш бедор аст.
Афоили вазнаш чунин аст: фоилотун мафоилун фаълон, ки яке аз вазнҳои баҳри хафиф аст...
...Акнун дар бораи як нукта, ки дар тавзеҳ баён шудааст, изҳори ақида карданӣ ҳастам: он ҷо ин мисраи устод Рӯдакӣ аз қасидаи «Шикоят аз пирӣ» бо чунин тавзеҳ оварда шудааст: «Ситораи саҳарӣ буду қатраборон буд. Донишманди тоҷик Р. Мусулмонқулов дар мавриди ин мисраъ мақолаи ҷудогона навиштааст, ки гӯё дар ин ҷо Рӯдакӣ дандонро на ба қатраи борон, балки ба гиёҳе бо номи қатраборон ташбеҳ кардааст». Азбаски аз ин ҷумла то чӣ андоза ҳамфикр будан ва ё набудани муаллифон бо Р. Мусулмонқулов дар масъалаи тафсири мисраи Рӯдакӣ маълум нест, мехостам, андешаи худро дар ин бора бигӯям. Барои ин се байти аввали қасидаро оварда бо диққат хонадани онро хоҳиш мекунам:
Маро бисуду фурӯ рехт, ҳар чӣ дандон буд,
Набуд дандон, ло бал чароғи тобон буд.
Сапеду симрада буд, дурру марҷон буд,
Ситораи саҳарӣ буду қатраборон буд,
Яке намонад кунун з-он ҳама, бисуду бирехт,
Чӣ наҳс буд? – ҳамоно ки наҳси Кайвон буд.
Сабаби қатраборонро чун гиёҳ тафсир кардан аз он сар зада буд, ки агар Рӯдакӣ қатраи боронро дар назар медошт, онро ихтисоран ба чунин шакл – қатраборон намеовард, ки гӯё далели заифии истеъдоди суханварӣ будааст. Аввалан, агар Рӯдакӣ ҳамин тавр меовард ҳам, чунонки овардааст, ба эътибори шоирии ӯ халале намерасид, зеро ин тарзи ихтисорҳо дар шеъри классикӣ фаровонанд. Масалан, зиндаи – зин(а)ди, бандаи – банд(а)и, андозаи – андоз(а) и, хонаи – хон(а) и, шуълаи – шуъл(а) и ва монанди ин ихтисорҳо дар назми классикӣ маъмул мебошанд. Мисоле аз Ҷалолиддини Балхӣ меорам:
Чашмбанд аст, эй аҷаб, ё ҳушбанд,
Чун насӯзонад чунин шуъл (а) и баланд.
Мисоли дигар ба ҳамин тарзи истифодаи қатраборон аз Саъдӣ:
Яке қатра борон зи абре чакид,
Хиҷил шуд, чу паҳнои дарё бидид.
Пас, ин шубҳа аз миён бардошта шуд. ...Дар он се байт, ки оварда шуд, сувари хаёле омадаанд, ки аз як олам ҳастанд, ки ба ҳамдигар таносуб доранд: чароғи тобон, ситораи саҳар ва махсусан дурру марҷон, ки бо қатра ва борон дар шеъри классик робитаи бисёр қавии маънавӣ ва услубӣ доранд. Ба ғайр аз ин, сувари хаёли ин силсила ҳама аз фалак ҳастанд ва ҷавҳари пайдоиш, аз рӯи ақидаи шоирони куҳан, аз он ҷо ибтидо мегирад.
Устод Рӯдакӣ ҳам хушбахтию неъматҳои зиндагии худ, ҷавонӣ ва дандонҳои симрадаи худро бо суратҳои фалакӣ қиёс мекунад ва ҳамчунин фоҷиаи пирии худро аз он ҷо – аз наҳси кайвон ва қазои яздон медонад. Ба замми ин шоир мегӯяд:
Яке намонд кунун з-он ҳама бисуду бирехт… –
ва овардани ин «бирехт»-ро на фақат дандон, балки ташбеҳкунандаи он қатраборон низ талаб кардааст. Бинобар ин, дар байни ин пайванди занҷирии сувари хаёл ва таносуби мантиқию маънавии суханҳо баногоҳ пайдо шудани сурати гиёҳ аз эҳтимол тамоман дур аст...
Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Акнун дар бораи «Бӯи ҷӯи Мӯлиён».
Дар хусуси шаклҳои гуногуни ин байт, ки аз асри Х11 то замони мо дар тазкира, баёту маъхазҳои гуногун омадаанд, мақолаи махсуси Ҷамшед Гиунашвили («Як байти устод Рӯдакӣ», дар журнали «Садои Шарқ», 1983, №9 саҳ. 120-124) ба табъ расида ва ӯ таҳриреро, ки дар нашри тоза овардаанд, чун шакли дурусти ин байт пешниҳод карда буд. Яъне: Боди ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме.
Муаллиф... тасдиқ карданӣ мешавад, ки бӯй бо калимаи ҷӯй наомада ва намеояд ва аз ин рӯ ба ҷои он бод-ро бояд овард. Аммо ман аз тарафи худ мегӯям, ки аз ягон шоири соҳибзавқ шеъре пайдо карда намешавад, ки бод-ро ба ҷӯ оварда, боди ҷӯ гуфта бошад...
Ва ниҳоят, Ҷ. Гиунашвили барои тасдиқи фикраш, ки ҷое ҷӯй ояд, ҳатман бод, насим ва ғайра бояд гуфт, аммо на бӯй, қавли адабиётшиноси эронӣ М. Риёҳиро меорад, ки дар хусуси ин байти устодро тазмин кардани Ҳофиз «ба ҷодуи табъ дар он тасарруф кард», гуфтааст, яъне онро таҳрир ва ба он насимро ворид кард:
Хез, то хотир бад – он турки Самарқандӣ диҳем,
К-аз насимаш бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме.
Бисёр хуб. Агар ин тавр бошад, пас чаро Ҳофиз «Боди ҷӯи Мулиён ояд ҳаме»-ро тазмин накарда, «Бӯи ҷӯи Мулиён ояд ҳаме»-ро тазмин кардааст? Оё қудрати вай барои тасарруф кардани боди ҷӯ намерасид? Не, албатта, мерасид, аммо барои он «бӯи ҷӯ»-ро тазмин кардааст, ки он дуруст аст ва гуфтаи Рӯдакист ва боди ҷӯ саҳеҳ нест...
Агар ба назари касе ҳамаи ин далелҳо нокифоя намояд, пас ба худи устод Рӯдакӣ рӯ меоварам , ки гуфтааст:
Зи оби ҷӯй ҳар соат ҳаме бӯи гулоб ояд,
Дар ӯ шустаст пиндорӣ нигори ман рухи гулгун.
Вақте ки мо дар ин шеър аз оби ҷӯй омадани бӯи гулобро қабул дорем, пас чӣ ҷои баҳсу талош аст, аз бӯи ҷӯ? Ин масъала ба мадади худи устод Рӯдакӣ ҳал шуд.
Бинобар ҳамин ҳам, ба қавли Ҳофиз:
Хез, то хотир бад-он турки самарқандӣ диҳем,
К-аз насимаш бӯи ҷӯи Мулиён ояд ҳаме.
Январи соли 1985.
***
Сомонаи банда:
***
Саҳфаи "Чамани ишқу андеша" ҳам дӯстонро ба ҳамроҳӣ даъват мекунад.
***
Дар шабакаи Телеграмм ҳам канали банда боз аст.