joomla
free templates joomla

НАЗРИ ЯЗДОНӢ Намунаи таффакур ва таҳқиқи академӣ (Хотираи Соҳиб Табаров)

  Зарурати навиштани ин гузориш аз он ҷост, ки таффакури миллӣ дар ҳоли содда, хеле ва хеле дур аз таффакури аср ба сар мебарад. Ин вазъияти таффакури миллӣ сабаби бисёр мушкилоти рузгор аст. Бадтарин сабабу натиҷааш ҳам ҷанги шаҳрвандист. Дар ҳар сурат вақтҳои охир ҷо-ҷо дар адабиёти илмӣ адабиёти оммавӣ, маводи журналистӣ, маводи интернетӣ суҳбатҳо, мубоҳисаҳо тадбирҷуйиҳо ба назар мерасанд, ки албатта нишонаи қадам ба шоҳроҳи таффакури асрӣ гузоштан аст. Дар баробари ин дар ҷаҳони муосир хусусан дар майдони фарҳанги оммавӣ равандҳое ҷараён доранд, ки ба истилоҳи фарҳангшиносону сиёсатшиносон то ҳади “шайтонпарастӣ” – “Сатанизм” расидааст. Формулае ки рӯзе аз чандин тариқ ( гуфторӣ, дидорӣ, навишторӣ) ба чандин забонҳо талқин карда мешавад! Ман худамро дуст медорам, “бояд худатро дуст дорӣ” мушаххасан ақидаеро тарғиб мекунад, ки комиллан зидди таълимоти ҳамдардӣ, ҳамбастагии маънавиёти миллист.
“Ту-каз меҳнати дигарон беғамӣ,
Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ”.
Яъне комилан тазоди таълимоти башардустӣ – гуманистӣ ҳастанд. Ин аст яке аз нишонаҳои дегуманизатсия яъне берун рафтан аз шоҳроҳи одамият... Дақиқан ҳоло сухан дар бораи таффакури академӣ сабки таҳқиқии академӣ меравад. Нишонаи аввали таффакури академӣ дар таҳқиқ дар маърӯза бояд ақидаву мавзуъе, ки пешниҳод мешавад, бо бурҳону далелҳои мустаҳкам ироа шавад. Нишонаи дигари муҳими таффакури академӣ, ки хоси танҳо илму академия нест, бояд дар мафкурраи миллӣ ба ҳайси як равиши урфиу табиӣ варзида шавад, оддӣ ва ҳамарўза шавад, ин омухта кардани таффакур бо мақулаҳои илмӣ аст, ки “таффакури мақулавӣ”- “категоралное мыщление” ном ин гунаи таффакур он аст , ки ҷараёни фикр таҳлил на ба воситаи калимаҳои оддӣ, урфи сурат мегирад, балки ба воситаи мақуллаҳо ҷараён меёбад. Инро дар таффакури миллӣ татбиқ кардан бешубҳа мушкили мушкил аст, заҳматҳои зиёд мехоҳад, аммо зарур аст, зеро дар ҷаҳони имрӯза агар таффакури миллӣ дар ин сатҳ бошад, миллат на танҳо қафо мемонад балки пайваста ба доми найрангу фиребҳои пай дар пайи ҷаҳондорони муосир меафтад.
Устод Соҳиб Табаров мутахассиси тасаввуф набуданд. Мавсуф зарур донистаанд барои равшан кардани саргузашти Садриддин Айнӣ риштаи мафкураи авлодашонро пайдо кунанд. Ин зарурат бо сабаби дар ному насаби устод Айнӣ мавҷуд будани унвони Хоҷа ба миён меояд. Дар ин чанд саҳифаи мухтасар, ки унвонаш “ Интишори тариқати кубравия” мебошад, Соҳиб Табаров як шиносномаи бисёр муъҷас, саропо ҳуҷҷат ва далел, хронологияи дақиқ, маълумоти равшан ( боз ҳам мухтасар) додааст. Боз ҳам қайд шавад, ки Соҳиб Табаров на мутахассиси фалсафа ва на тасаффуф аст. Мавзуи тадқиқоташ ҳам на ин асту на он. Мавзуъ дақиқ кардани саргузашти Садриддин Айнӣ аст. Он чи ки дар бораи кубравияву тассавуф дар байни аҳли Бухоро аз қадим то ҳануз маълуму машҳур аст, ин аст ки бухориён ( ба маънии ҳама тоҷикзабонони Аморати Бухоро) пайравони Имом Абў Ҳанифа ҳастанд, дар тариқат, дар маслаки Баҳоввадини нақшбанд мебошанд. Ҳамин ҳаҷми шиносоиву донишро дар бораи аҳли Бухоро ҳоло ҳам чӣ дар таффакури мардум, чӣ дар адабиёти тарғибиву оммавӣ ( хусусан адабиёте ки дар Бухоро, Самарқанд, Тошканд нашр мешавад) мушоҳида мекунем.
Таффакури академӣ, сабки таҳқиқи академӣ тақозо кардааст, ки Соҳиб Табаров дар нуҳ саҳифаи фишурда оғоз аз Абулҳасан Алӣ- Ал Харақонӣ (954-1034) то Саид Баҳоввадини ан- Нақшбанд ( 717-791 ҳиҷрӣ – 1318 -1389 мелодӣ) маълумот меорад. Ҳамин нуқта ҳам қайд карданист, ки дар аксари тадқиқоти мавзуъҳои таърихӣ хоҳ адабиёт, хоҳ фалсафа ва хоҳ таърих мушоҳида мекунем, ки хронологияи ҳиҷрӣ оварда мешавад, ки барои оммаи васеъ мушкил эҷод мекунад, чунки тасаввури рушан дар ҷараёни омўзиш хираву сактадор мешавад. Дар ҳамин таҳқиқот Соҳиб Табаров қариб ҳама ҷо агар зарурати овардани таърих бошад ҳам, гунаи ҳиҷрӣ ҳам мусовии мелодиро меорад. Аз ҳамин пора овардани ин қисматҳоро зарур донистем, ки барои оммаи васеъ шояд даркор шавад.
(Ҳангоме ки Наҷмиддини Кубро (540-618 ҳиҷрӣ – 1145 -3 июли 1221) дар Миср таълим гирифта, ба ватани худ- ба Хоразм бармегардад ва дар он ҷо баҳри ташвиқи ғояҳои хеш хонакоҳ месозад, ба воситаи таълимот ва асарҳои худ, аз ҷумла “Сифат-ул- адаб”-и форсиаш, ба тариқати кубравия асос мегузорад. Наҷмиддини Кубро яке аз аввалинҳо шуда сўфиҳои машҳур Маҷдудин ал-Бағдодӣ ( қатлаш соли 1219), падари Ҷалолиддини Румӣ- Султон Валад, шайх Фариддадини Аттор ( вафоташ соли 1225), бисёр дигаронро таълим медиҳад ва тадриҷан тариқати худро ба рушду камолот мерасонад).
“Аз шохаи ҳуросонии фирқаи ҳамадония боз равияи нурбахшия, ки тамоил ба мазҳаби шиа дошт, ба вуҷуд омад. Асоси равияи нурбахшияиро Муҳаммадд бини Абдуллоҳ, ки Нурбахш лақаб дошт ва дар соли 869 ҳиҷрӣ (1464 мелодӣ) вафот намуда буд, гузошт.
Дар Мовароунаҳр тариқияти нақшбандия аз асри 12 сар карда мақоми калонро пайдо мекунад. Роҳбари маънавӣ ва сарвари асосии тариқати нақшбандия Абдухолиқ бини Абдуҷаллил- Ал Ғиждувонӣ (вафоташ соли 575 ҳиҷрӣ – 1179 - 80 мелодӣ буд) ба шумор рафта, чун яке аз асосгузорону назариячиёни тариқати дарвешияи хоҷагон, ки хоҷагони Соктаре ба он муталлеъ буданд, дар сарзамини Бухоро ном бароварда буд. Дар зери таъсири ақидаҳои Абдухолиқ Ал- Ғиждувонӣ Орифи Ривгарӣ ( вафоташ 677 ҳиҷрӣ- 1259 мелодӣ), Маҳмуд Анҷири Фағнавӣ (вафоташ соли 705 ё 721 ҳиҷрӣ- 1306 ё 1321 мелодӣ), Муҳаммад Бобо ас- Саммосӣ ( вафоташ 740 ё 755 ҳиҷрӣ -1340ё1354 мелодӣ, Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд (1318-1389), Хоҷа Муҳаммади Порсо (вафоташ 822 ҳиҷрӣ 1419 мелодӣ), ва дигарон ғояву ақидаҳои тасаввуфиву дарвешии хоҷгонро ба шакл дароварда буданд.
Саҳифаҳои 142. 162, ки бо унвони “ Вабо дар Аморати Бухоро” омадааст, дар асл як асари фоҷиавор номидан мумкин аст. Дар ин боб устоди бузургвор ба қавли худашон 12 сола ҳастанд, аммо Соҳиб Табаров бо ҳуҷатҳо, дақиқ исбот кардааст, ки ҳақиқатан 14- сола будаанд. Ин соли 1889 аст. Солест, ки шаҳри Бухоро ва умуман аморату атрофу акнофи онро вабо фаро гирифта буд. Дар ин сол бародари калонаш Саид Муродхоҷа вафот мекунад. Ба қавли Устод Садриддин Айнӣ “Мо аз падар 4 нафар мондем! Акаам Муҳиддинхоҷа ном дошта аз ман 8 сол калон буд. Ман 11-12 сола будам ( Соҳиб Табаров исбот кардааст, ки на 12 сола, балки 14 сола будааст, додари калонам Сироҷиддин ном дошта, 9 сола буд. Додари хурдиам Киромиддин ном дошта, 4- сола буд.
Тасаввур кардан сахт вазнин ва дарднок аст, ки устоди бузургвор болои сари 3 бародар ва модар ки мубталои вабо буданд, нигоҳубини онҳоро анҷом медод.Тафсилоти мурғҳои хонаашонро кушта, ба беморон шурбо пухтану дигар давутозҳои устод Садриддин Айнӣ воқеан ҳар инсонро ба риққат меорад. Ин соли 1889 -1890 солест, ки устод натавонист дар мадраса таҳсили худро идома бидиҳад.
Дар ҳар сурат 3 бародарро ба по хезонд, ҷуворизори падараш кишткардаро нигоҳубин мекард, ҷувориҳоро дона мекард, дигар шикасту рехти рузгорро анҷом медод ва ҳамин сол буд, ки модараш ҳам вафот кард. Ҳамин соли 1889 якбора аз падару модар маҳрум мешавад ва ин байте ки аз падараш дар ёд дошт, ҳамеша такрор мекард!
Эй фаромушӣ куҷоӣ то ба фарёдам расӣ?
Боз андўҳи дили ғампарварам омад ба ёд.
Хондани тафсилоте, ки як кӯдаки 14- сола ҳосили ҷувориашро, ки 15 ман шудааст ва ба 150 танга мефурушад ва 125 тангаро дар баҳои қарзи гуру кафани падараш ба Юлдошбой мепардозад, вижагиҳои иқомати нависанда дар Аморати Бухоро маҳсуб мешавад.
Ин боби китоб тафсилотеро, ки Соҳиб Табаров ҳам аз осори худи устод Садриддин Айни ва ҳам аз манобеи дигар таҳия кардааст, нуқта ба нуқта ҷо ба ҷо мегузорад. Дар баробари мусаннаду дақиқ таҳия шудани рузгори устоди бузургвор дар солҳои 1889-1890 муҳитеро на ба сабки бадеӣ, балки ба сабки академӣ тасвир мекунад, ки комилан муҳити берабти низоми сиёсӣ бешафқатӣ, бераҳмӣ, мавҷуд набудани камтарин нишонаҳои инсониятро, хоҳ ноҳоҳ равшану сареҳ мебинем. Ин як ҳақиқати талхи таърихи миллати тоҷик аст, лавҳаи равшан, мусаннад инкорнашудани ин боби китоб сахт бераҳмона руйирост ба хонанда ҳушдор медиҳад, ки вақте дар бораи инсондўстиву муъмин бародари муъмин сухан мегўем, бояд оҳиста бошем.
Чанд нуктае ки хоси таффакуру таҳқиқи академӣ аст ва ин сифатҳоро танҳо дар фаъолияти шодравон Соҳиб Табаров мушоҳида кардем, барои олимони ҷавон зарурати омухтан ва пайравӣ кардан дорад.
Яке ин аст, ки устод одате доштад, ба падидаҳои чашмрас, арзандаи адабиёти бадеи филфавр арзи ақида мекард. То ин ки ин асарҳоро дар мақолаҳояш ба таҳқиқ бигирад, ба номи ин нависандагону шоирон мактуб менавишт. Гумон мекунам дар ҳаёти адабии тоҷикон (ба истиснои мактуби устод Садриддин ба Пулод Толис) ва хусусан дар ин шакли систематикӣ, ки хоси Соҳиб Табаров буд, ин падидаи нотакрор аст. Ман шояд синфҳои 7-8 мехондам ва китобе мутолиа мекардам, ки ба гумонам муқоваи сахти зард дошт. Унвонаш дақиқ дар ёдам нест. Ҳаҷмаш аз чорсад саҳифа шояд зиёд буд ва номаш чизе ба мисли Адабиёти саветии тоҷик “.....?” бошад. Афсус ин китоб аз китобхонаи падарам гум шуд ва чанд дафъа суроғ кардаму наёфтам. Сухан дар бораи сабки таҳқиқи устод Табаров аст, - дар ин китоб хусусан мақолаҳои Соҳиб Табаров ва Ғаффор Мирзо хотирмон буданд. Он чи ки дақиқан гуфта метавонам, ин аст, ки Соҳиб Табаров дар ин мақолаҳо вақте дар бораи шоирону нависандагони номдори он рўзгор изҳори андеша мекунад, сахт беҳрамона ва руйи рост аст. Агар тассавуроти он давраамро таҳрир ҳам кунам, дар ҳар сурат ин ҳақиқатро ҳама медонанд, ки таҳлилу танқиди Соҳиб Табаров бе руву риё буд ва то охири умраш ҳамин гуна монд. Инро ҳам қайд кардан шояд як манфиате дошта бошад, ки аз адибони насли мо ва насли пештар аз мо чандин бор шунидем, ки аз танқидҳои Табаров гила мекарданд ва боз ҳам шунидем, ки аз ин танқидҳо фоида карданд.
Таҳқиқи илмӣ аслан бештар ба кори занбури асал шабоҳат дорад. Дар муқоиса ба эҷоди бадеӣ, ки бештар ба ҷушидани чашма, як тулуи ғайри интизор, пайдо кардани як хирвори кучак ё бузургтар монанд аст, заҳмати эҷодӣ гунаи дигар аст. Заҳмати таҳқиқ ба монанди заҳмати занбури асал, ки занбуршиносон ҳануз аҷоиботу муъҷизаи кори ин махлуқи шарифро то охир нашинохтаанд, резакорӣ аст .Чи резакорие, як машақати бе танаффус реза-реза пора-пора, ранг-ранг, ки ҳамаи ин агар муҳаққиқ таффакури таҳлилии паурқудрат надошта бошад, ба як низоми арзанда оварданаш мушкил аст. Намунаи натиҷаи бомувафақияти чунин фаъолият ҳамин зиндагиномаи “Садриддин Айнӣ (1875-1899)” аст.
Мукотибаи устод Соҳиб Табаров бо адибони муосираш ҳатман имруз ва дар оянда як ҳуҷҷати дақиқи илмӣ барои шинохтани вазъи тафаккури миллӣ, таҳаввули таффакури миллӣ аст.
Ҳарчи аз китобхонаву дастнависҳои Соҳиб Табаров боқи мондааст хушбахтона ба Муъминобод бурда ,як чизе ма монанди осорхона ташкил кардаанд ки иқдоми таҳсин гуфтанист. Дар ин осорхона нусхаи шахсии “ Фарҳангӣ забони тоҷикӣ” –и устод нигаҳдорӣ мешавад.Дар ҳошияи ин фарҳанг ба дасти устод Соҳиб Табаров садҳо шояд ҳазорҳо калимае илова шудааст, ки дар ин фарҳанг наомадаанд.Академи албатта ба умеди ин ки дар нашрҳои минбаъда ин фаъолияти луғатшиносиаш ба кор хоҳад омад онҳоро нигоштааст. Маълум аст, ки ҳар як вожа муҳақиқро ба суроғи чандин фарҳангҳову луғтномаҳо бурдааст.
Ман шахсан бо устод Табаров шинос набудам, аммо дар байни насли мо Соҳиб Табаров ҳамеша мисоли як шахсияти ривоятӣ буд. Дар тассавури мо як олиме буд ки ҳамеша дар гирдбоду ҷинбодҳои моҷароҳои хурду бузург, аз он ёдоштҳое ки акнун мешунавем ва пораҳое ки худи устод навиштаанд натиҷа мегирем, ки ҳамеша дар мавқеи муқовимат будааст. Як ятими парвардаи ятимхонаҳои шуравӣ ва он ҳам ятими маъюб дар вуҷуди хештан дар таффакури хештан бо муҳаббатте ба Ватанаш, адабиёташ, миллаташ зистааст, заҳмат кашидааст,ки мондагор аст намунаи пайравӣ ҳаст. Ҳақиқатан ҳам “Сахт мегирад ҷаҳон бар мардумони сахткуш”. Як ҷавоне, ки ба майдони адабиёт бо шуру шавқи бе мисл ворид мешавад ва аз шунидам бо дастгирии устоди бузургвор аломаи азизи миллат Садриддин Айнӣ бо унвони номзади илм дар сисолагӣ ба дараҷаи Аъзои корреспанденти Академияи илмҳои Тоҷикистон мерасад, тули умраш ҳамеша мавриди ҳуҷуму моҷароҳои зиёд ба сар мебарад.
 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан