“Энергияи сабз” дар ҳошияи паёми Президенти кишвар
Дар шароити муосир рушди иқтисодиёти ҳамаи кишварҳо бевосита аз афзоиши талабот ба энергия вобаста мебошад. Зеро имрӯз фаъолияти ҳамаи бахшҳои иқтисодӣ, бахусус, соҳаҳои гуногуни саноат, яъне истеҳсолоти саноатӣ, кишоварзӣ, коркарди ашёҳо ва соҳаҳои гуногуни хизматрасонӣ аз энергияи истеҳсолшуда вобаста буда, миқдори зиёди нерӯи барқ истифода мешавад. Аз ин рӯ, масъалаи истеҳсоли энергияи сабз, дар шароити кунунӣ яке аз афзалиятҳои муҳими сиёсати пешгирифтаи ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад.
Имрӯз масъалаи муҳиме, ки кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст, истеҳсоли энергия, бахусус, энергияи сабз мебошад. Энергияи сабз – энергияе мебошад, ки аз манбаъҳои барқароршаванда истеҳсол карда мешавад ва аз ҷиҳати тозагии экологӣ дар ҷои аввал меистад. Манбаҳои барқароршавандаи энергия маҷмӯи захираҳои табиие, ки аз онҳо қувваи барқ ва гармӣ истеҳсол карда мешаванд.
Ба манбаҳои барқароршавандаи энергияи сабз нури офтоб, шамол, об, мавҷҳои баҳр, ҷараёнҳои биологӣ ва ғайраҳо дохил мешаванд. Дар шароити муосир аз ҳама маъмултарин манбаҳои барқароршавандаи энергияи сабз офтоб, об ва шамол мебошанд. Имрӯз дар кишвари мо манбаи асосии барқароршавандаи энергияи сабз об ба ҳисоб меравад, ки он ҳам аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ҳам ба истифодабарандагони он хеле дастрас аст.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар шароити муосир яке аз сабабҳои дигаргуншавии иқлим ва ифлос гардидани ҳаво истеҳсоли энергияҳое, ки аз манбаҳои зараровар истеҳсол мегарданд. Албатта ҳамаи ин, пеш аз ҳама, ба сиёсати иҷтимоии кишварҳо, бахусус, дар самти дарозумрӣ ва солимии аҳолӣ таъсири манфии худро мерасонад.
Хушбахтона, Тоҷикистон дар истеҳсоли энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза дар радифи кишварҳои пешсафи ҷаҳон қарор дорад ва истеҳсоли онро танҳо аз захираҳои табиии худ, аз ҷумла оби кӯлу дарёҳо ва офтобу шамоле, ки дар фаслҳои гуногуни сол ба қадри кофӣ истифода кардан мумкин аст, ба роҳ мондааст. Чуноне дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 23.12.2022 ироа гардид, айни замон дар Тоҷикистон 98 фоизи нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне асосан дар нерӯгоҳҳои барқӣ обӣ истеҳсол карда мешаванд ва аз рӯйи ни нишондиҳанда, яъне фоизи истеҳсоли “энергияи сабз” кишвари мо дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд.
Ҳамзамон, кишвари мо аз рӯйи кам будани ҳаҷми партовҳои зараровар, ки хориҷ карда ба солимии аҳолии сайёра таҳдид менамоянд, яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад. Аз ин рӯ,яке аз нишондиҳандаҳои назаррас, ки имрӯз нисбат ба дигар кишварҳои ҷаҳон дар самти солимӣ ва дарозумрии аҳолӣ ба назар мерасанд, ин истифодаи энергияи сабз ба ҳисоб меравад. Соли 2020 дарозумрии аҳолӣ дар мамлкат ба 75,1 сол баробар шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991-ум 5 сол зиёд мебошад. Нишондиҳандаҳои фавти умумӣ 40 фоиз, фавти модарон ҳангоми таваллуд 73 фоиз ва фавти кӯдакони то 5-сола 85 фоиз паст гардидааст.
Дар самти дарозумрӣ, ки яке аз сабабҳои он истеҳсоли энергияи сабз мебошад, кишвари Коста Рикаро мисол овардан мумкин аст. Коста Рика соли 2016 аллакай пурра ба истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия (об, шамол, офтоб ва ғайра) гузашта, аз истифодаи ҳама гуна манбаъҳои истеҳсоли энергия, ки барои муҳити зист зарарноканд, пурра даст кашидааст. Натиҷа ҳамин аст, ки ҳисоби миёнаи давомнокии умр низ дар ин кишвар хеле баланд – 77,5 сол (мардҳо – 74,9 ва занҳо – 80,3 сол)-ро ташкил медиҳад.
Бо мақсади ба тағйирёбии иқлим мутобиқ гардонидани иқтисодиёт, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат аз ҷониби Сарвари кишвар воридоти нақлиётҳои барқӣ ва аз пардохтҳои андоз ва гумрук озод намудани онҳо борҳо садо дода шуда, дар қаламрави кишвар ҷиҳати муҳайё сохтани шароитҳои зарурӣ барои истифодаи чунин воситаҳои нақлиёт ба мақомотҳои дахлдор супоришҳо дода мешаванд.
Вобаста ба ин, Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ чунин таъкид менамоянд: “Дар сурати истифодаи нерӯи барқи «тоза»-и дар кишвар истеҳсолшаванда дар воситаҳои нақлиёти барқӣ метавон талаботи мамлакатро аз маҳсулоти нафтӣ коҳиш дода, ба ин васила ба ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат мусоидат намуд. Дар робита ба ин, ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав ва нақлиёт супориш дода мешавад, ки ҷиҳати дар дохили кишвар ба роҳ мондани истеҳсоли воситаҳои нақлиёти барқӣ тадбирҳои мушаххас андешанд”.
Қайд кардан бамаврид аст, ки рушди соҳаи энергетика дар самти тадбиқи ҳадафи чоруми миллӣ, ки саноатикунонии босуръати кишвар мебошад, нақши муҳим дорад. Чунки бунёд ва ба истифода додани неругоҳҳои хурду бузург корхонаҳои гуногуни саноатӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, ба ин васила аҳолии кишвар бо ҷои кор таъмин мегарданд, ки ин бевосита рушди иқтисоди миллӣ таъсири назаррас хоҳад расонд.
Чуноне дар Паёми Сарвари кишвар ироа гардидааст: “Бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ дар идомаи корҳои дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба анҷомрасида ҳоло татбиқи боз 20 лоиҳа ба маблағи 17 миллиард сомонӣ идома дорад.
Аз ҷумла имсол таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Сарбанд» бо тавоноии 270 мегаватт ба маблағи 1 миллиарду 360 миллион сомонӣ пурра ба охир расида, таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак» ба маблағи 7 миллиард сомонӣ ва «Қайроққум» ба маблағи умумии 2 миллиард сомонӣ, инчунин, сохтмони неругоҳи барқи обии «Себзор» ба маблағи 612 миллион сомонӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва неругоҳҳои бодиву офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб ба маблағи умумии 170 миллион сомонӣ бомаром идома дорад.
Бояд гуфт, ки баъди 50 соли фаъолият агрегати якуми неругоҳи «Норак» пас аз таҷдид бо харҷи беш аз 800 миллион сомонӣ бо тавоноии 375 мегаватт моҳи октябри соли 2022 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.”
Айни замон дар қаламрави ҷумҳурӣ 9 адад НБО-ҳои калон ва зиёда аз 200 адад НБО-ҳои хурду миёна амал карда истодаанд.
Бо мақсади тадбиқи нақшаю барномаҳои дар ин самт ҷойдошта, дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ корҳои хеле назаррас анҷом дода шудааст. Аз ҷумла, “Оғози корҳои барқарорсозӣ ва бунёди неругоҳи барқи обии Роғун, ба кор андохтани агрегати якуми он, ба истифода додани хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ-и “Душанбе – Роғун”, ....мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳҳои барқи обии “Сангтӯда–1”, “Сангтӯда–2”, “Помир–1”, неругоҳи барқи обии “Тоҷикистон” дар баландии 3500 метр аз сатҳи баҳр дар ноҳияи дурдасти Мурғоб,.....” ва дигар неругоҳҳои хурду бузург, мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки ҳамаи ин дастовардҳои бузурги кишвар дар самти истиқлолияти энергетикӣ ва истеҳсоли “энергияи сабз” мебошад.
Ба ғайр аз ин муҳтарам Ҷаноби ҷаноби Олӣ, Пешвои муаззами миллат дар паёми худ супориш доданд, ки “... бо дарназардошти имконияту захираҳои “энергияи сабз” дар кишвар, вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Академияи миллии илмҳо бо таъсиси гурӯҳи кории байниидоравӣ масъалаи имконият ва дурнамои рушди энергетикаи водородӣ, яъне нерӯи гидрогениро ҳамаҷониба омӯхта, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳоди мушаххас манзур намоянд”.
Тибқи ин супориш Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсиси сохтори муайянеро оид ба коркарди нерӯи гидрогениро ба нақша гирифтааст.
Ҳамин тавр, гуфтан мумкин аст, ки истеҳсоли энергияи сабз, ки тавассути манбаъҳои барқароршаванда (аслан об, шамол ва офтоб) ба роҳ монда шудаанд, барои тоза нигоҳ доштани муҳити экологӣ ва таъмини амнияти аҳолӣ аҳамияти калон пайдо мекунад.
Маҷидов О.Ш., и.в. мудири
Шуъбаи география ва
зондкунонии фосилавии АМИТ,
Назирова М., ходими хурди
илмии Шуъбаи география ва
зондкунонии фосилавии АМИТ